fbpx

“Коронавируси дайду нест мешавад”: Бар зидди коронавирус бо ҳавопаймо дорӯ пошед – сокини 78-солаи Тоҷикистон

Дар ҳар як гузаргоҳи сарҳадӣ бояд як хоначаи махсус барои дуд кардани ҳазориспанд сохта шавад. Шаҳравандоне, ки аз сарҳади давлатӣ гузаштанӣ мешаванд, аз дохили ҳамон дудхона гузаронида шаванд.


0
Аск аз сомонаи fermerss.ru

Сокини 78-солаи ноҳияи Деваштич барои пешгирӣ ва нест кардани коронавирус пешниҳод кардааст, ки тамоми сарҳади кишвар ба воситаи ҳавопаймо аз баландии 20 метр бо хлор, хлорофос, дихлофас, акрекс, келтин ва ғайраҳо дорупошӣ карда, дар даромадгоҳҳои сарҳадӣ дудхонаҳо ташкил шаванд.

Иттилои мазкур чанде қабл аз ҷониби рӯзноманигори ҷавони маҳаллии ноҳияи Деваштич ба фейсбук роҳ ёфт ва миёни корбарони иҷтимоии тоҷикзабон паҳн гардид.

Your.tj бо Нарзулло Юсуфзода тамос гирифт, то бифаҳмад, ки тавсияи ӯ то куҷо дуруст аст, оё худи ӯ тавсияи мазкурро таҷриба кардааст ё на.

Нарзулло Юсуфзода. Акс аз гуруҳи фейсбукии Коронавирус Тоҷикистон

“Ин коронавируси дайду тамоман несту нобуд мешаванд

Нарзулло Юсуфзода, 25-уми июни соли 1943 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1974 то 1982 ҳамчун инженери шӯъбаи №2 совхози ба номи Садриддин Айнии ноҳия фаъолият кардааст. Дар ин солҳо ӯ ба ҳайси нишонадорак (указатель)-и ҳавопаймоҳои дорупошӣ фаъолият кардааст. Ӯ аз коронавирус ва оқибатҳои он ба шубҳа афтода хост, ки аз таҷриба ва ёддоштҳои куҳани худ барои пешгирии роҳи паҳншавии он тавсияҳо дода, ҳиссаи худро гузорад.

“Аввал пеш аз ҳама ба воситаи ҳавопаймоҳои дорупошак тамоми сарҳади ватанамонро аз баландии 20 метр ва бараш 50 м доруҳои кимиёвӣ ба монанди хлор, хлорофос, дихлофас, акрекс, келтин ва ғ. пошидан лозим аст, – мегӯяд Юсуфзода. – Дар ҳама беморхонаҳои хурду калон, шоҳроҳҳои дохилии кишвар, корхонаҳои хурду бузург, марказҳои савдо, бозорҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки дар он ҷо коронавирус вуҷуд дорад аз ин доруҳо васеъ истифода кардан, лозим аст”.

Барои ин кор бояд пеш аз ҳама, дар ҳар вилоят ва минтақаҳои кишвар фурудгоҳҳои махсус ташкил карда шуда, ҳавопаймо ва чархболҳои махсус бо таҷҳизоти дорупошӣ ҷиҳозонида шуда лозим аст.

Ӯ барои он истифодаи ин доруҳои кимиёвиро тавсия медиҳад, ки замони кӯдакиаш, яъне аз соли 1952 инҷониб ба воситаи ҳавопаймоҳои хоҷагии қишлоқ (ОТН, ОШЦ ва ОВХ) ва аппаратҳои дастӣ ба пахтазорҳо, дарахтзорҳо ва тамоми киштзорҳою дигар майдонҳои хоҷагии қишлоқ чунин доруҳо мепошиданд. “Дар мавсими дорупошӣ нашунидам, ки ягон кас бемор шудааст ё мурдааст. Шахсан ман борҳо замони дорӯпошии ин самолётҳо зери он монда шип-шилта (тар шудам,- аз идора) шуда будам ва ба ягон беморӣ гирифтор нашудам. Аз ин рӯ бояд аз ҳамин тавсияҳои ман истифода барем, Худо хоҳад ин коронавируси дайду нест мешавад”,- бо боварии комил мегӯяд Юсуфзода.

Хоначаи махсуси “испандӯд” дар сарҳадҳо

Нарзулло ҳамчунин тавсияи дуюм низ дорад, ки ба шаҳрвандон ва меҳмони кишвар, ки аз хориҷ ба ватан ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Юсуфзода пешниҳод мекунад, ки дар ҳар як гузаргоҳи сарҳадӣ бояд як хоначаи махсус барои дуд кардани ҳазориспанд сохта шавад. Шаҳравандоне, ки аз сарҳади давлатӣ гузаштанӣ мешаванд, аз дохили ҳамон дудхона гузаронида шаванд. “Онҳо бо борхалтаву дастовезашон ба дудхона даромада дар он ҷо аз 2 то 5 дақиқа сабр карда истанд ва баъд аз он ҷо бароянд. Дар даромадгоҳи корхонаҳо, бозору фурушгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзалҳо, варзишгоҳҳо, маҷлисгоҳҳо, донишгоҳу мактабҳо, масҷидҳо ин усул амалӣ карда шавад”,- мегӯяд пирамард.

Ӯ инчунин мегӯяд, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомотҳои марбута ба воситаи интернет, радиову телевизион ва нашрияҳо расонида шавад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати пешгирии ин беморӣ огоҳӣ дошта бошад ва оилаи худро бо усулҳои тавсияшуда муолиҷа карда тавонад.

“Ҳар рӯз ё дар ду рӯз як маротиба ҳазориспандро дуд кунонида аввал бо даҳон баъд бо бинӣ чуқур нафас кашед ва сипас ба кор ё донишгоҳ равед. Ба шумо ягон дард сироят намекунад. Нӯшобае, ки аз ҳазориспанд омода мешавад барои пешгирӣ ва нест кардани бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ба коронавирус бисёр муфид аст”,- мегӯяд бо боварӣ Юсуфзода.

Дорӯ чӣ хел омода мешавад?

Тарзи тайёр кардани ин дору аз ҳазориспанд чунин аст: 1 кг ҳазориспандро гирифта, бо меваву баргу пояҳояш якҷоя майда карда бо 4 литр об ҳамроҳ карда, дар зарфи сарпӯшдор андохта, дар оташи паст биҷӯшонед, то аз 4 литр об 0,5 литр об боқӣ монад. Баъдан обро хунук карда, аз 3 қабат дока гузаронида, ба он 100 г равғани сиёҳдона ва 25г равғани ҳулба омехта намуда, ин нушобаро 10 рӯз бо вақти наҳорӣ ба миқдори як қошуқи чой бояд нӯшид.

Ба суоли мо, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ истифодаи испандуд ва дигар табобатҳои халқиро барои шифоёбии бемории коронавирус нодуруст хондааст, чунин ҷавоб дод: “Ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам, ки аз тавсияҳои ман истифода барад, танҳо тавсия медиҳам. Агар хоҳанд истифода кунанд, нахоҳанд не. Лекин ман аз китобҳои тиббии худамон хондам, ки дуди ҳазориспанд чӣ гуна ба инсон фоида дорад ва ӯро аз бемориҳои гуногун наҷот мебахшад”.

“Тавсияҳои маро ба Вазорати тандурустӣ расонед”

“Ман мехоҳам бо тавсияи худ каме ҳам бошад, саҳмамро барои беҳбудии саломатии халқам расонам. Умедворам, ки бо хондани тавсияи мазкур кормандони Вазорати танудрустии кишвар бо ман тамос мегиранд. Ман худ роҳ гашта наметавонам, пир шудаам, вагарна худам ба вазорат мерафтам ва пешниҳодҳоямро асоснок мекардам. Муроҷиати маро ба вазорати тандурустӣ расонед”,- мегӯяд Юсуфзода.

Пас аз нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Нарзулло зиёда аз 200 нафар занг зада изҳорӣ миннатдорӣ кардаанд. “Баъзе нафарон занг зада табрик менамоянд, баъзеи дигар раҳмат мегӯянд. Баъзе нафарон занг зада ҷойҳои нофаҳмои муроҷиатномаи маро мепурсанд”,- мегӯяд Юсуфзода.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend