Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:1603.04.2025
Тоҷикистон ҳамасола бо мушкили норасоии нерӯи барқ дучор мешавад. Махсусан, дар минтақаҳои дурдаст ва деҳаҳои кишвар камбуди барқ зиндагии мардумро душвор мекунад. Бо вуҷуди он ки дар кишвар нерӯгоҳҳои барқии азим кор мекунанд, нуқтаҳои аҳолинишине ҳастанд, ки ҳатто ба шабакаи ягонаи тақсимоти барқ пайваст нестанд.
Аммо кишвари мо дар як сол беш аз 300 рӯзи офтобӣ дорад, ки метавонад алтернативаи хубе бошад. Технологияҳои офтобӣ метавонанд бисёре аз мушкилоти аҳолиро ҳал кунанд.
Дар бораи таҷҳизоти офтобие, ки ҳоло дар Тоҷикистон дастрасанд, хизматрасонии техникӣ, тарзи фармоиши қисмҳои эҳтиётӣ ва кафолати онҳо дар силсилаи подкастҳои нави “Включи солнце!” бо Баҳрулло Абдуллоев, директори ширкати “Green Technologies – Технологияҳои сабз” суҳбат кардем.
Ин ширкат бо таъмин кардани таҷҳизоте машғул аст, ки бо энергияи офтоб кор мекунад.
Он барои ҳалли мушкилиҳое, ба монанди норасоии барқ ва дастрасӣ ба барқ дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон, ки аз хати барқ ҷудоянд, аз қатъи мавсимии барқ ё ҳангоми садама маҳдуд шудани интиқоли барқ азият мекашанд, кӯмак мерасонад.
Директори ширкат мегӯяд, дар баробари аҳолии деҳот тиҷоратҳо ва корхонаҳои хурду бузург низ ба нерӯи барқ талаботи зиёд доранд, ки дар давраи маҳдудияти мавсимӣ танқисӣ мекашанд.
Ҳамчунин, ҳоло дар шаҳрҳо низ мардум ба технологияҳои офтобӣ таваҷҷуҳ доранд.
Дар Тоҷикистон системаҳои барқии офтобӣ аз ҳама бештар талабот дорад, ки 60-70 фоизро ташкил медиҳад. Баъдан ба обгармкунакҳои офтобӣ ва насосҳои офтобӣ низ таваҷҷуҳ хеле зиёд аст, афзуд Баҳрулло Абдуллоев.
Дар нашри навбатии подкаст мо дар бораи фоидаҳое мегӯем, ки хонаводаҳо бо насби таҷҳизоти офтобӣ ба даст меоранд.
Шакси садоии подкастро метавонед дар ин ҷо гӯш кунед:
215 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
22 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад