fbpx

Барқияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба боздошту латукӯби тоҷикон дар Русия

Дар сомонаи прокуратура омадааст, ки генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф ин барқияро ирсол кардааст.


0
Прокуратураи генералии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Прокурори генералии Тоҷикистон бо нашри як барқия аз мақомоти Русия тақозо кардааст, ки боздошти оммавии муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик ва латукӯб ва муносибати бераҳмонаро нисбати онҳо мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар сомонаи прокуратура омадааст, ки генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф ин барқияро ирсол кардааст.

“Вобаста ба боздошти оммавии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, лату кӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барқияи фаврӣ ирсол намуда, тақозо намуд, ки ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”,- омадааст дар матни барқия.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои охир дар қаламрави Русия ҳолатҳои зиёди боздошт ва муносибати бераҳмонаи мақомоти ин кишвар бо муҳоҷирони тоҷик боиси нигарониҳои зиёд гаштааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия рӯзи 20-уми май дар минтақаи Котелникии вилояти Москва даҳҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро боздошт карда буданд, ки баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои озод кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот навишта буд, ки сафорат аз ҳолати баргузории амалиёти боздошти муҳоҷирони тоҷик дар ҷараён аст ва ҳоидсаи мазкур зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад.

Инчунин, полиси Русия шаби 23-24-уми май қариб 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда буданд.

Рӯзи 19-уми май беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомоти Тоҷикистон вокуниш карданд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми май Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват ва изҳори нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Русия расонида шуд.

ВКХ гуфт, “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Ҳамчунин, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова бо ирсоли нома хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар пайи ин, рӯзи 26-уми май ВКД хабар дод, ки Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба рейдҳои мақомоти Русия дар дар шаҳраки Котелники ва дигар шаҳрҳои Русия, ҳамчунин латукӯб ва шиканҷа беш аз сад донишҷӯи тоҷик ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳодисаҳои мазкур холисона баррасӣ гардида, “таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend