logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

“Барқи тоҷик”: То кай давом ёфтани “лимит” дақиқ нест

Ин дар ҳолест, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.

Your tj

12:5713.02.2023

“Барқи тоҷик”: То кай давом ёфтани “лимит” дақиқ нест

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 13 – уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дақиқ намедонад, ки маҳдудият барқ ба сокинони минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад.

Ин дар ҳолест, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.

"Ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад", шарҳ дод раис. Ба таъкиди ӯ "Барқи тоҷик", бо назардошти ин ҳолат, ҳоло дақиқан гуфта наметавонад, ки “лимит” – и барқ кай аз байн бардошта мешавад.

Моҳи январи имсол давоми чанд рӯз фармони аз байн бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ амал кард. Сабаби дубора ҷорӣ шудани “лимит” – ро раиси “Барқи тоҷик” чунин шарҳ дод:

"Дар январи соли ҷорӣ, ки сардиҳои зиёд шуд, дастур шуда буд мардумро ба таври шабонарӯзӣ пурра бо барқ таъмин кунем. Аммо вобаста ба он, ки ҳаво сард буд, истифодаи барқ бениҳоят зиёд шуд... Бо беҳтар шудани ҳаҷми резиши об, барқ ба пуррагӣ таъмин мегардад".

Изҳороти раиси "Барқи тоҷик" дар ҳолест, ки ин шабу рӯз шикоятҳо аз маҳдудияти барқ бештар шуда, сокинон мепурсанд, ки ин вазъ то кай давом мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

2 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

2 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

5 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

5 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ