Лимит бозгашт

“Барқи тоҷик”: Рӯзҳои наздик лимити барқ пурра аз байн меравад

Кумитаи забон тарҳи тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тарҳи  тоҷикии рутбаҳои низомиро ба Ҳукумат Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи маъулони Кумитаи забон то кунун мавқеи ҳукумат дар баробари ин пешниҳоди онҳо маълум нест, аммо раиси Кумита мегӯяд, ки ин тарҳ аз сӯйи як коргуруҳи босалоҳияте, ки ду сол пеш ташкил шуда буд, омода шудааст.

“Дар ин гуруҳи корӣ ғайр аз забоншиносон ҳамчунин коршиносони ҳамаи сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла қувваҳои мусаллаҳ, додситонӣ, корҳои дохил ва ғайра шомил буданд”,-сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён.

Дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд:  «Ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапорщик – силаҳбон,  лейтенант –  таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд,  подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».

Соли 2020 тоҷикон ба Русия чор баробар камтар сафар кардаанд

Хадамоти марзбонии ФСБ мегӯяд, соли гузашта шумораи умумии хориҷиёни воридшуда ба Русия наздики 68 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст. Ба қавли манбаъ, соли 2020 ба Русия 9 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд, ки бештарашон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Аксари сафари шаҳрвандони хориҷӣ дар семоҳи аввал сурат гирифтааст.

Аз Тоҷикистон дар ин давра ба Русия 401 ҳазору 800 нафар сафар намудаанд. Бар пояи маълумоти Вазорати меҳнати Русия, аз ин миён ҳудуди 130 ҳазор нафарашон бо ҳадафи кор озими он кишвар шудаанд. Омори Хадамоти марзбонии ФСБ нишон медиҳад, ки соли 2019 ба Русия 1 миллиону 570 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба ҳамин тартиб, дар замони пандемияи коронавирус сафари тоҷикон ба Русия тақрибан 4 маротиба кам шудааст.

“Барқи тоҷик” гуфт, рӯзҳои наздик лимити барқ пурра хотима меёбад

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки аз рӯзи душанбеи 15-уми феврал ба сокинони деҳот як соат бештар барқ дода мешавад. Мирзо Исмоилзода, раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзҳои наздик дар бораи пурра бартараф шудани лимити барқрасонӣ хабар медиҳанд.

Дар Тоҷикистон сар аз 5-уми январи имсол расман лимити барқ ҷорӣ карданд. Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар муроҷиати расмии худ гуфтанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад. Интиқоли барқро дар деҳот аз соати 23 то 6-и субҳ қатъ мекунанд.

Дар Душанбе таксиронро бо зарбаи 42 корд ба қатл расониданд

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба гумони даст доштан дар куштори таксирон боздошт шудааст. Боздоштшуда шаби 15 феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҳангоми дар дохили автомашинаи “Хундай-Солярис” қарор доштан ба ронандаи он бо корд ҳамла мекунад.

Ӯ бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ронандаи 41-сола, қисми гардан, қафаси сина аз пешу қафо бо корд зиёда аз 42-маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

ВКД Тоҷикистон фарзияи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки гӯё ин ҳодиса бар сари роҳкирои таксӣ рух додааст, ки гумонбар аз пардохти 20 сомонӣ ҳаққи роҳкиро саркашӣ кардаастро рад карданд.

Ба кормандони милитсия муяссар шудааст, ки гумонбар дар қатлро боздошткарда, ба ҳабс гиранд.

ТАЛКО аз “Барқи тоҷик” 390 миллион сомонӣ қарздор аст

Раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО соли гузашта 2,131 миллиард киловат соат нерӯи барқ истифода кардааст. Ӯ афзуд, ин нишондод соли 2019 ба 2,450 миллиард киловат соат баробар буд ва соли гузашта истифодаи барқ аз ҷониби ТАЛКО ҳудуди 318 миллион киловат соат коҳиш ёфт.

Ба иттилои Исмоилзода, Корхонаи алюминийи тоҷик, аз ширкати “Барқи тоҷик” қарзи ҷорӣ надорад, яъне ҳаққи барқи соли гузашта истифодакардаашро пардохт кардааст. Аммо аз солҳои пешин  390 миллиолн сомонӣ қарзаш аз “Барқи тоҷик” боқӣ мондааст.

Дар Тоҷикистон ба қоидаи имло тағйирот ворид мекунанд

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи ӯ, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд, ки баъди тасдиқ тафсилоташон ироаи омма мегарданд.

“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем.  Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, – изҳор дошт раиси Кумитаи забон.

Ба иттилои ӯ, аз мушкилоти дигар ин навиштани калимаю ҳарфҳои иқтибосие мебошанд, ки дар қоидаҳои ҷадид тарзи дурусти навишти онҳо пешниҳод гардид.

Аз ҷумла калимаҳои иқтибосие, ки ҳарфҳои ы, ц, ь, щ – ро доранд. Ин ҳарфҳо қаблан дар алифбои тоҷикӣ буданд, аммо соли 1998 гирифта шуданд.

Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо нишон дода шудааст, аммо онҳо баргардонда намешаванд.

Skip to toolbar