fbpx

“Барқи тоҷик” мавҷудияти лимитро дар Тоҷикистон рад кард

Мо дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Лимит бозгашт

Маоши низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 январ дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия фармон ба имзо расонид.

Мувофиқи фармон, аз 1 январ “бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, маоши вазифавии (меъёрҳои тарифи) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  зиёд карда шуд. Музди меҳнати онҳо ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 830 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 745 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Гуфта мешавад, аз 1 июли соли 2022 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин аз тобистон маоши вазифавии кормандони ақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Ҳамчунин нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки аз саробон маҳрум шудаанд,ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Аз 1 июл стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити заминияшонро пурра барқарор мекунанд

 Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баргузор карданд.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ин мулоқот рӯзи 12-уми январ дар Тошканд баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ кардаанд.

Ҳайатҳои ду тараф рафти иҷрои созишномаҳои имзошуда дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид кард, ки мавзуи аз нав барқарор кардани хатсайри автобусҳо миёни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, низ баррасӣ шудааст.

“Дурнамои рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин низ баррасӣ шуд”,- омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 1992 ба далели ҷанги дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд. Пас аз танаффуси 26-солаи ҳаракати автобусҳо дар миёни ин ду кишвар, 15 майи соли 2018 он аз сар гирифта шуд.

“Барқи тоҷик” мавҷудияти лимитро дар Тоҷикистон рад кард

ШСХК “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи интиқоли маҳдуди барқ ба деҳоти ҷумҳурӣ рад мекунад. “Ин маълумот асос надорад”, – гуфтанд  дар ширкати мазкур.

Дар сурати қатъи интиқоли барқ, “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагон даъват мекунад, ки ба шабакаҳои маҳаллии барқ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди содироти барқ дар ширкат зикр мекунанд, ки танҳо баҳри нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқол ва таҷҳизот миқдори начандон зиёди он ба Афғонистон интиқол меёбад.

Дар ҳамин ҳол, “Барқи тоҷик” маълумоти Агентии оморро дар бораи содироти барқ дар соли 2021 низ рад мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи қариб 93,6 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.

Аммо дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, соли 2021 ба сурати умум, ба маблағи 14,3 млн доллар камтар дар муқоиса бо рақамҳои аз ҷониби Агентии омор ишорашуда барқ содир шудааст.

Дар ширкат  иттилоъ доданд, ки соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) неруи барқ содир шудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз ширкатҳои мобилӣ

Дар бисёри ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар рӯнамоиҳо (реклама)-и хидматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест, изҳор доштааст раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдории пойтахт.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо, ба соҳаи алоқаҳои мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, сатҳи хизматрасонии онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмилталаб арзёбӣ намуд.

“Бо вуҷуди пешравиҳои соҳаи алоқа, сифати он ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурият ба таҷдиду навсозӣ доранд”, – иброз доштааст Рустами Эмомалӣ.

Гуфта мешавад, ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хидматрасонии алоқа ва интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон  ширкатҳои хориҷиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд.

Сарвари давлат он замон зикр кард, ки “тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест, – гуфт ӯ. – Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”.

Ӯ таъкид дошт, ки шумори корбарони аоқаи мобилӣ дар кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 30 баробар афзудааст. “Агар соли 1991 шумори муштариёни алоқаи телефон ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил медод, пас соли 2021 шумори онҳо ба беш аз 8 млн нафар расид”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend