Бар асари сӯхтор дар Мастчоҳ чаҳор нафар захмӣ шуданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Сӯхтор

Акс: Pixabay

Бар асари сӯхтор дар Мастчоҳ чаҳор нафар захмӣ шуданд

Бар пайи таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чаҳор нафар осеб  бардошта чанд тан аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Манобеъ мегӯянд, миёни маҷруҳшудагон як нафар нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ низ буд, вале ӯ ҷароҳати сабук бардоштааст, ки бистарӣ нашудаст.

Бегоҳии 10-уми май, тамин соати 20:00 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар даромадгоҳи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ оташ гирифт. Тавре “Азия-Плюс” менависад, ин нуқтаи сӯзишворӣ ба соҳибкоре бо номи Ҷамшед мутаъаллиқ аст. Ҳодиса ҳангоми холӣ кардани маводи сӯзишворӣ аз мошине ба зарфҳои нигаҳдории маводи сӯхт сар задааст.

Як манбаъ аз Идораи оташнишонӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки ҳоло сабаби таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ маълум нест. Вале ӯ гуфт, дар натиҷаи таркиш чаҳор нафар аз ҷумла се корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як корманди ниҳоди оташнишонӣ захм бардоштаанд.

“Фавт нест, вале чанд нафар 5-25%-и осори сӯхта бардоштанд. Бо ин захм чаҳор нафар ба беморхона бурда шудаанд. Се нафарашон корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як нафар корманди нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ аст, ки захми сабук бардоштааст ва бистарӣ нест. Ҳангоми хомӯш кардани оташ таркиш мешавад ва онҳо осеб мебинанд”,-гуфт манбаъ аз идораи оташнишонӣ дар Суғд.

Мақомот расман то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Акбар Почозода, раиси ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳодисаро тасдиқ кард, вале дар мавриди захмиён чизе нагуфт. Ӯ гуфт, ҳоло гуруҳи корӣ таҳқиқро шуруъ кардаанд ва баъдтар ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Ба иттилои манобеи мо аз Идораи оташнишонӣ алангаи оташ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тахмин ба 60 метри мураббаъ доман паҳн карда зиён расонидааст. Ҳоло хисороти молӣ ва сабабҳои оташсӯзӣ пурра дақиқ нашудааст. Аммо манобеъ мегӯянд, бино ба фарзияи пешакӣ эҳтимол нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар натиҷаи “вайрон намудани қоидаи сӯхтор” оташ гирифтааст.

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, чархболҳоро ба “Толибон” намедиҳанд

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сарнавишти чархболҳоеро баррасӣ доранд, ки моҳи августи соли гузашта аз хоки Афғонистон ба кишвар омадаанд.

Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кишвараш ният надорад, онҳоро ба Толибон бисупорад. “Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд,” – илова кард сафир.

Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо ошкор накард.

Толибон иддао доранд, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон даҳҳо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистону Узбекистон рафтаанд ва бояд баргардонда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ карда, аммо дар бораи миқдори чархболу ҳавопаймоҳои монда иттилои пурра надодаанд.

Беш аз 140 халабон ё пилотҳои афғонистониро моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

Як сокини Файзобод дар ҷанги Украина кушта шудааст

Мақомоти рус хабари марги як сарбози тоҷики артиши Русия дар Украинаро ба пайвандонаш дар ноҳияи Файзобод расондаанд.

Наздикони Алиҷон Сафарови 25-сола, сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод, гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд.

Бар асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ рӯзи 8-уми май кушта шудааст. Дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, номаълум аст. Ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон меоранд ё на.

Аз ин пеш, рӯзи 23-уми апрел, ҷасади як низомии дигари тоҷиктабори артиши Русияро ба ватан наоварданд ва дар шаҳри Барнаули ин кишвар ба хок супурданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Абубакр Нозимови 24-сола, рӯзи 12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.

Аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.

Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон рафт

Растами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод шаҳрдори Душанберо муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтанд.

– Зимни сафари расмӣ дар Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, -навиштааст шаҳрдории Душанбе.

Бояд гуфт, ки давоми ду соли охир Рустамӣ Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ва шарҳдори Душанбе ба як қатор кишварҳои дигар низ сафари корӣ анҷом дода буд.  Аз ҷумла моҳи марти соли равон, Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ Озарбойҷон рафта буд.

Ёдовар мешвем, ки нимаи дуввуми моҳи марти соли равон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури пешини ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар бо касби 72,97 дарсади овозҳо раисҷумҳури ин кишвар эълон шуд.

Сардор дар Осиёи Марказӣ нахустин нафаре шуд, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос бурд.