Байни нотаҳо ва ихтироъҳо. Чӣ тавр сарояндаи тоҷик технологияҳои ояндаро месозад

Комил Нурматов ҳамагӣ ҳафт сол дошт, ки модараш дунёро тарк кард ва кам монда буд, ки дар таҳсил ақиб монад. Имрӯз ӯ соҳиби дипломи сурх ва беш аз 50 ҷоиза барои кашфиёт ва сурудҳояш аст, ки ҳазорон нафар гӯш мекунанд.

Комил ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ гуна мусиқӣ ва илм кӯмак кард, то таслим нашавад.

Кӯдакӣ бе модар

6-уми ноябри соли 2002 дар Бошқирдистон писараке ба дунё омад, ки баъди беш аз 20 сол яке аз ҷавонони муваффақи ихтироъкори Тоҷикистон шуд. Аммо роҳ ба сӯйи муваффақият аз бохтҳои бузург оғоз ёфт.

Дар чорсолагии Комил оилаи онҳо ба Ватан баргашт. Пас аз се сол ҳодисае рух дод, ки тамоми зиндагии Комили хурдакакро зеру рӯ кард – модари ӯ аз дунё даргузашт. Кӯдаки ҳафтсола бо падараш монд, ки баъди чанде дубора зан гирифт. Комил боз худро танҳо эҳсос кард.

“Аз даст додани модар ба ман зарбаи сахте буд. Аммо ман маҳз аз ҳамон лаҳзаҳо ботинан рушд карда ва ба ҷамъ кардани нерӯ оғоз намудам”,- ёд меорад ӯ.

Дар мактаб бисёр азоб мекашид. То синфи чорум Комил умуман намехонд, духон буд. Танҳо дар синфи ҳафтум ӯро гӯё чизе такон дод. Аз рӯи ақл кор гирифт, дарсҳои гузаштаро ҳам аз худ кард ва мактабро бо баҳои хуб хатм намуд.

Литсейи техникии ба номи Осимӣ барои ӯ ҷойе буд, ки ахиран ӯ майлу рағбати худро дарк намуд. Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бо дипломи сурх хатм кард.

Лампаи аввалин барои модар

Шавқ ба ихтироъкорӣ дар Комил хеле пештар аз интихоби огоҳонаи касб пайдо шуд. Дар панҷсолагӣ, вақте дар хонаи онҳо ҳамеша барқро хомӯш мекарданд, Комили хурдсол лампаи одиеро ҷамъоварӣ мекунад, то барои модараш шабҳо равшанӣ диҳад.

“Модарам маро таъриф кард. Маҳз барои ҳамин ихтироъкориро дӯст медорам”,- мегӯяд Комил. Ӯ иқрор мешавад, ки чеҳраи модарашро қариб ки дар ёд надорад, аммо аниқ медонад ки ӯ хеле зани меҳрубон буд.

Он лампаи аввалин ба як рамзе табдил ёфт. Имрӯз Комил дастгоҳҳое месозад, ки мушкилҳои воқеии инсонҳоро ҳал мекунад.

Кашфиёти ҳаётан муҳим

Eco Plus — машҳуртарин ихтироъи ӯст. Он табдилдиҳанда ва нигоҳдорандаи мустақили энергия мебошад, ки мисли филтри экологӣ амал карда, бензинро ба неруи барқ табдил медиҳад ва бо истифода аз батареяҳои офтобӣ қувваи барқро зиёд мекунад. Аз нигоҳи зоҳирӣ дастгоҳ ба плитаи газ монанд аст, аммо бо бензин кор мекунад ва батареяи офтобиро гарм месозад. Ба он ҳамзамон чандин таҷҳизотро пайваст кардан мумкин аст. Наҷоти воқеӣ барои минтақаҳое, ки бо қатъшавии барқ рӯ ба рӯянд.

Eco-ob — ҷавоб ба буҳрони об. Дастгоҳ барои сарфаи об аст, ки махсусан барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, зеро мушкили захираҳои об сол то сол шадидтар мешавад.

Multi aux BM-200 — дастгоҳи махсус барои овозхонҳо, ки раванди баромадро осон мекунад. Комил онро бо дарки шахсии ниёзҳои мусиқинавозон офаридааст.

“Ҳадафи ман сохтани технологияҳои мураккаб нест, балки фоидаи воқеӣ барои мардум аст”, – таъкид мекунад ихтироъкор.

Зиёда аз 50 ҷоиза ва муносибати ором ба шуҳрат

Соли 2022 Комил дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз номи Президенти Тоҷикистон диплом гирифт. Ӯ ғолиби форуми байналмилалии ихтироъкорон дар Великий Новгород низ шудааст. Солҳои 2021-2023 се маротиба беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон эътироф гардид.

Дар маҷмуъ, дар ҳисоби ӯ зиёда аз 50 ҷоиза дар соҳаи ихтироъкорӣ ва эҷодкорӣ ҳаст. Аммо худи Комил ба онҳо назари фалсафӣ дорад, ҳамчун натиҷаи меҳнати пайваста, на бештар аз он.

Мусиқӣ ҳамчун роҳи наҷот

Ӯ сурудхониро на барои саҳна оғоз кард. Мусиқӣ барои ӯ роҳе шуд, то дардро паси сар кунад, бо изтиробҳои дарунӣ мубориза барад ва зери вазни хотираҳо нашиканад.

Аз поп-мусиқии муосир то реггетон, Комил жанрҳои гуногунро меозмояд. Сурудҳои муаллифии ӯ “Сенёрита”, “Як табассум”, “Хотираҳо”, “Ҷавонӣ” ва “Фирорӣ” дар дилу эҳсоси шунавандагон ҷой мегиранд.

Барои ӯ махсусан суруди “Фирорӣ” аҳамияти калон дорад, зеро ин суруд дар давраи ҷудоӣ аз дӯстдоштааш эҷод шудааст.

“Вақте онро месароям, гӯё боз ҳамон эҳсосотро аз нав паси сар мекунам. “Фирорӣ” ба ман ойинаи мусиқии эҳсосҳоям шуд”, – иқрор мешавад Камил.

Барои ӯ мусиқӣ ва илм зидди ҳам нестанд, балки дар ҳамоҳангӣ вуҷуд доранд. Вақте мушкил аст, месарояд. Вақте тамаркуз лозим мешавад, хомӯширо интихоб мекунад.

“Дар хомӯшӣ ман метавонам тавозуни дарунии худро барқарор кунам ва фикру эҳсосотамро мутамарказ созам”,- мегӯяд Комил.

Дар роҳи мусиқии Комил композитор Аҳмад Аҳмадов, маъруф бо тахаллуси Royce нақши бузург бозидааст. Ӯ сарояндаи ҷавонро дастгирӣ кард ва ба ӯ кӯмак намуд, то бовар кунад, ки мусиқӣ метавонад на танҳо ҳавас, балки бахши муҳими зиндагӣ бошад.

Шикаст, таваққуф ва нақшаҳои нав

Ба наздикӣ Комил бо зарбаи ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Саҳифаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки солҳои зиёд заҳмат кашида буд, шикаста шуданд. Қисмеро барқарор кард, аммо бисёр чизро лозим омад аз нав оғоз намояд. Ӯ мехост танаффус гирад, аз ҳама чиз каме дур шавад.

Аммо дар як ҷой наистод.

Имрӯз Комил ҳамзамон ба илм, мусиқӣ ва варзиш машғул аст ва дар ДДМ ба номи Ломоносов (МГУ) ва мактаби “Навовар” фанни физикаро дарс медиҳад. Дар бораи лоиҳаҳои оянда боэҳтиёт сухан мегӯяд. Идеяҳо ва орзуҳо бисёранд, вале ӯ кор карданро аз ваъда додан авло медонад.

“Ҳоло барои ман рушд кардан муҳимтар аст аз он ки пешакӣ дар бораи оянда ҳарф занам”, – мегӯяд Комил.

Қувва дар ҳаракат аст

Қиссаи Комил Нурматов афсона дар бораи табдили муъҷизавӣ нест. Ин воқеияти инсоне аст, ки ҳар рӯз аз болои худ кор мекунад, аз иштибоҳ наметарсад ва ба нерӯи худ бовар дорад. Ин қиссаи касест, ки дар ҳафтсолагӣ модарашро аз даст дод, таҳсили ғайриқаноатбахш дошт, аммо тавонист дардро ба қувва табдил диҳад.

Зиндагии ӯ далели як ҳақиқати одӣ аст: қувваи воқеии характер на аз пирӯзиҳо, балки аз қобилияти пас аз афтодан боз хестан ба вуҷуд меояд. Қадам ба қадам. Ихтироъ паси ихтироъ. Нота паси нота.

Озода Наҷмиддинзода

Тарҷума аз русӣ, манти аслӣ дар ин ҷо

Skip to toolbar