Ба Тоҷикистон зиёда аз 450 ҳазор ваксинаи зидди коронавирус омадааст

Аз 18 феврали соли гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор нашудааст.


Ваксинаи коронавирус ба Тоҷикистон

Акс аз Вазорати тандурустӣ

Дирӯз, 16 март Тоҷикистон дар доираи механизми байналмилалии тақсими одилонаи ваксинаи COVAX бо дастгирии Британияи Кабир 451 200 ваксинаи амрикоии зидди COVID-19 – “Janseen” – ро қабул кард. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар фурудгоҳи пойтахт борро намояндагони вазорати тандурустӣ ва сафорати Бритония дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

То имрӯз шумораи умумии шаҳрвандони моякӯбӣ дар кишвар 5 миллиону 96 ҳазору 217 нафарро ташкил медиҳад. Ба ин шумора ҳама: онҳое, ки як, ду, се ё чаҳор бор ваксина гирифтаанд, дохил мешаванд. Дар ин бора сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир 97,8 дарсади шаҳрвандон бо як воя, 97,8 дарсад ду, 97,3 дарсад се воя ва 82,7 дарсад чаҳор воксин моякӯбӣ шудаанд.

Вай ёдовар шуд, ки эмгузаронии шаҳрвандони болиғ дар Тоҷикистон аз 23 марти соли 2021 оғоз шуда, тибқи қарори ситоди мубориза бо коронавирус ҳатмӣ ва ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти сомонаи covid.tj, аз 18 феврали соли гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор нашудааст.

Аз оғози пандемия, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то 17 феврали соли гузашта дар Тоҷикистон шумори гирифторон ба ин беморӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва шумораи умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 264 нафарро ташкил додааст.

Теъдоди расмии фавтидагон аз нимаи дуюми соли 2021 бетағйир монд – 124 нафар.