Ворух

Баҳси роҳи Ворух, боздошти бародари Алимардонов ва фасодкорӣ дар Роғун. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Раиси Суғд: на як ваҷаб заминро медиҳем ва на як ваҷаб замини Қирғизистонро мегирем

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарияш гуфтааст, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари таъин ва аломатгузории дубора оғоз мешаванд ва Тоҷикистон мисли пештара бар ин аст, ки “на як ваҷаб заминашро медиҳаду на як ваҷаб замини бегонаро мегирад”.

Аҳмадзода мегӯяд, ки баъди тасдиқ шудани кобинаи нави ҳукумати Қирғизистон, дигарбора комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марз қарор аст аз моҳи март кори худро оғоз кунад.

“Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо даркор нест. Баҳсҳое, ки байни сокинони деҳаи Оқсой ё Воруху Чоркӯҳ ҳастанд, инҳо баҳсҳои хоҷагӣ аст. Мумкин роҳи обро дигар мекунанд ё ягон дарахтро ноҷо мешинонанд, ин дар салоҳияти ду раиси ҷамоат, ду нозири минтақавӣ ва раисони шаҳрҳо аст ва имрӯз ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар Ворух 40 ҳазор аҳолӣ зиндаги мекунад, асрҳои аср роҳ барои мардум буд, роҳ роҳи Тоҷикистон аст, роҳи мадуми Ворух аст. Ворух анкалав нест. Мо ҳаминро ба ҳамсоя фаҳмонида дода истодаем, ки намехоҳем имрӯз ноҳақ ба сокинони мо халал расонанд. Мо албатта амнияти осудагии мардумамонро таъмин мекунем”.

Ӯ таъкид кард, ки  имрӯз он ҷойҳои баҳсие, ки ҳаст, аз ҷониби сарҳадбонҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, мақомоти иҷроияи Исфара бо роҳбари шаҳри Бодканд ва ҳам роҳбарони ҷамоатҳои кишвари ҳамсоя тариқи гуфтушунид ҳал шуда истодааст.

Дар сохтмони Роғун наздики 125 млн сомонӣ ғайриқонунӣ тасарруф шудааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар соли 2020 дар сохтмони НОБ-и Роғун 124,5 млн сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор кард, хабар дод имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Агентии мазкур Сулаймон Султонзода.

Инчунин у қайд кардааст, ки қариб ҳамаи маблағи ғайриқонунӣ азхудгардида баргардонида шудааст. «Нисбати роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз паймонкорони бунёди неругоҳи Роғун аст, аз рӯйи далели тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,8 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – хабар дод роҳбари ин ниҳод.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод дуздии ҳудуди 818 ҳазор сомониро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи COVID-19 ҷудо карда буд, низ ошкор кардааст.

Аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ содир шудаанд

Шумораи аз ҳама зиёди ҷиноятҳои коррупсионӣ соли гузашта аз ҷониби шахсони мансабдори ҳукуматҳои маҳаллӣ содир шудааст – пас аз он дар бонкҳо ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ хабар дод. Дар соли 2020, ҳангоми санҷишҳо хисороти молиявӣ ба маблағи умумии 349 миллион сомонӣ ва зиёда аз 2 ҳазор ҷиноятҳои андозиву иқтисодӣ ошкор карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар як соли охир 705 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд

Фахриддин Акрамзода, муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни як нишасти хабарӣ гуфт, Парда Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардонов бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Номбурда гуфт, Парда Алимардон ба тасарруфи 90,1 миллион сомонӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташ тафтишот ҳоло идома дорад.

Парда Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон роҳбари Корпоратсияи “Баракат”, буд, ки аксар маблағҳои “Агроинвестбонк” тариқи он ҳайфу майл мешуд.

Соли 2020 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон 53% кам шуд

Ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2019 47% коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, соли 2020 428 миллион доллар ба даст омадааст, гуфт Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сармоягузорӣ асосан аз Чин, Арабистони Саудӣ ва Филиппин ворид шудааст. Дар кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 3,5 миллиард доллар амалӣ карда мешавад.

Тақрибан 50%-и сохтори ин лоиҳаҳоро қарзҳо, зиёда аз 45%-ашро грантҳо ва боқимондаро саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медихад.

Дар се соли оянда, Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар қарзҳои беруна ҷалб кунад.

БҶ барои ваксиназании аҳолии Тоҷикистон беш аз 8 млн доллар ҷудо мекунад

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои ваксиназанӣ (эмкунӣ)-и гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ дар Тоҷикистон беш аз 8,7 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад. Маблағгузории иловагӣ аз рӯйи лоиҳаи вокуниши таъҷилӣ ба хатари пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 11 феврали соли равон тасдиқ шуд.

Корҳо дар самти харидорӣ ва интиқоли ваксинаҳо аз ҷониби созмони ЮНИСЕФ анҷом дода мешавад.

Каблан дар Вазорати тандурустии кишвар  гуфта буданд, ки дар мархилаи аввал кормандони тибби ва бахшҳои иҷтимоӣ, аҳолии аз 50-сола боло, шахсони дорои бемориҳои вобаста ва ҳамроҳ ба он, инчунин муаллимону кормандони муассисаҳои таълимӣ эм карда мешаванд.

Skip to toolbar