fbpx

Ба сафари Ҳаҷ чиро бо худ бурдан ва чӣ овардан мумкин

Бархе аз зоирон намедонанд, ки ба ин сафар бо худ чӣ чизҳоро ҳамроҳ гирифтан ва инчунин чӣ чизҳоро аз он ҷо овардан мумкин аст.


3
3 points
Мусалмонон ба зиёрати хонаи Худо мераванд.
Дар соли 2024 барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо шудааст

Нахустин гурӯҳи зоирон иборат аз 165 нафар шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 25-уми май барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ рафтанд.

Дар ду соли охир сафи зиёраткунандагони шаҳрҳои муқаддас аз Тоҷикистон афзудааст. Тибқи иттилои Кумитаи дин дар соли 2024 Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Вале бархе аз зоирон намедонанд, ки ба ин сафар бо худ чӣ чизҳоро ҳамроҳ гирифтан ва инчунин чӣ чизҳоро аз он ҷо овардан мумкин аст. Муаллифи Your.tj чанд тавсия ва маълумоти муфидро дар ин бора гирд овард.

Болопӯши ғафс дар Арабистон, покет дар масҷид…

Болопӯш. Бо худ гирифтани болопӯшҳои сабуку шамолногузар аз фоида холӣ нест. Шояд аксарият фикр мекунанд, ки дар ин мамлакати гарм болопӯш чӣ зарурат дорад. Лекин генераторҳои шамолдиҳандаи баландқувваи кӯҳҳои Сафою Марва, дохили ду Масҷид-ул-Ҳаром, меҳмонхона ва автобусҳо ба саломатии мардуми ба хунукӣ одатнакардаи Осиёи Марказӣ бетаъсир буда наметавонад.

Покет. Агар намозгузор барои ҳар дафъаи вуруд ба масҷидҳо бо худ покети якмасрафа бигирад, маҷбур намешавад, ки дубора пойпӯш харид намояд. Яъне имконияти назди худ нигоҳ доштани пойафзолро дорад, то дар байни садҳо пойпӯшҳои даромадгоҳ гум накунад.

Эҳром ҳатмист

Ҳар як зоир огоҳ аст, ки танҳо барои адои Ҳаҷу Умра пӯшидани эҳром шарт аст. Вале имрӯз барои мардон ба бар доштани ин либос дар майдони марказӣ ба ҳадди маҷбурӣ расидааст. Ин қарори расмӣ баъди ба сари қудрат омадани хонадони Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз ҷорӣ шуд. Гумон меравад, ки ҳукумати Оли Сауд фақат барои умрагузоронро вориди майдони марказӣ кардан ва содатар намудани ҷараёни тавоф чунин назоратро ба роҳ мондааст.

Собир Ҳалимзода соли 1997 ба сафари Ҳаҷ рафта буд. Ӯ соли 2023 барои иҷрои амали Умра дубора ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Фардои амали Умра бо либоси маҳаллӣ барои адои намоз роҳ ба ҷониби Хонаи Худо гирифта аз даромадгоҳи асосии бино ворид шудааст, лекин нозирон нагузоштаанд, ки назди Каъба равад.

“Мехостам аз ошёнаи дуюм тариқи экскалатор фаромада, вориди майдони марказии Каъба шавам, аммо кормандони полис роҳамро гирифтанд. Гуфтанд, танҳо эҳромпӯшон метавонанд дароянд”,- дигар зоиронро аз ин ҳол бохабар мекунад ӯ.

Виза ҳамеша ҳамроҳ!

Полиси саудӣ дар дилхоҳ нуқтаи Мадина, Макка ва Ҷидда мумкин аст барои боздид визаи зоирро пурсад. Дар ҳолати ба таври чопӣ ё электронӣ пешниҳод накардани виза, дар як лаҳза худро дар қароргоҳи полис дидан аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рӯ тавсия, дода мешавад, ки аз рӯзи нахустини ворид шудан ба меҳмонхона, шиносномаи хориҷиро ба киссаи дарунии ҷомадон ҷо карда, визаро дар ҷувздони ҳамроҳ гузоранд. Яъне нисбат ба шиноснома, визаро бештар мепурсанд.

Намунаи виза

Барои гирифтани виза ширкати сайёҳӣ масъул мегардад, ё худи зоир метавонад аз сомонаи visa.visitsaudi.com визаи электронӣ гирифта, дар фурудгоҳ ё сарҳади ин мамлакат ба таври расмӣ аз қайд гузаронад. Хотиррасон мекунем, ки визаи Умра ҳуқуқи иҷрои Ҳаҷ, зиндагӣ ва кор дар Шоҳигарии Арабистони Саудиро намедиҳад.

Чаро Қуръон бурдан лозим нест?

Қуръон. Дар ин сафар бо худ бурдани Қуръони Карим шарт нест. Чунки дар ҳамаи масҷидҳо, махсусан дар дар дохили масҷиди гирди Каъба ва Масҷиди Набавӣ ҳазорон адад нусхаи ин китоби муқаддас, барои қироат дар ихтиёри намозгузорон аст.

Барои маълумот, бояд қайд намуд, ки дар ду шаҳри муқаддас нафароне ҳастанд, ки китобҳои диниро ройгон тақсим мекунанд, ки ҳамчун ҳадя қабул намудани онҳо тавсия дода намешавад.

Дастгоҳи навору сабт иҷозат металабад

Бояд гуфт, ки сайёҳон ва зоирон дар Арабистони Саудӣ аз камераи телефонҳои мобилӣ васеъ истифода мебаранд, аммо барои акс ва наворбардорӣ бо дастгоҳҳои ҳирфаӣ на ба ҳама иҷозат дода мешавад.

Ба гуфтаи Моҳира Юнусова, ки моҳи ноябри соли 2023 бо ҳамсараш аз сафари Умра баргашт, дастгоҳи аккосии тамғаи Nikon-ро аз назорати хадамоти гумруки фурудгоҳи Мадина бемуаммо ворид намуд. Аммо дар дохили шаҳр натавонист аз он истифода барад.

“Одатан назди даромадгоҳи асосии Байтуллоҳ, ҷузвдонҳоро тафтиш мекунанд. Гурӯҳи назорати занон нагузоштанд, ки фотоаппаратро ворид кунам. Маҷбур шудам, ки ҷузвдонамро дар ҷевони пойпӯшҳо, ки пойафзоли даҳҳо ҳазор одамон истодааст, бо дили нопур гузошта, барои тавоф равам. Вақте баргаштам ҷузвдон ҳамон тавре ки монда рафтам, истода буд”,- гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Вазорати медиаи Арабистони Саудӣ дар дохили масҷидҳо, ҳамаи биноҳои маъмурии шоҳигарӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода аз камераҳои ҳирфаӣ қатъиян манъ карда шудааст. Барои истифода аз камераи ҳирфаӣ ва дрон бояд аз вазорати мазкур иҷозатнома гирифт.

Донаи хурморо мефурӯшанд?

Аҷва. Шаҳри Мадина бо хурмозорони худ машҳур аст. Дар ин миён беҳтарин навъи хурмо “аҷва” аст. Хариди ҳарчи бештари миқдори навъи олии хурмои аҷва ба ҳар як зоир тавсия дода мешавад. Истеъмоли ин навъи хурмо пеш аз ҳама суннати Паёмбари Ислом буда, тибқи ривояти Омир ибн Саъд (р): “ Расулуллоҳ фармудаанд, ки: “Ҳар касе пеш аз субҳона 7 дона аҷва бихӯрад, тамоми рӯз ба ӯ заҳру сеҳр таъсир намекунад”.

Инчунин истеъмоли он барои бартараф кардани кирми меъда муфид аст.

Диққат кунед, сухан танҳо дар бораи хурмои навъи аҷва меравад. Набояд аҷваро ба хурмои эронӣ монанд кард. Аҷва аз дигар хурмоҳо бо шакли хурдтару сиёҳгуна, пургӯштӣ ва нархи гарони худ, фарқ мекунад. Аҷваи тару тозаро бо нархи нисбатан арзон аз хурмозорони Мадина харид намудан мумкин аст.

Тасбеҳ аз донаи хурмо

На танҳо худи хурмо, балки донаи он дар шакли донаҳои тасбеҳ дар мулки араб маъруф аст.

Ба гуфтаи Саидиброҳим, як ҳамсуҳбати мо, ки моҳи Рамазонро дар шаҳрҳои Маккаю Мадина сипарӣ кард, бархе аз зоирон барои истифода дар хона ҷойнамозу тасбеҳҳои пурҷило харид карданд, ки асосан истеҳсоли Туркия ва Хитой мебошанд. Беҳтар аст ҷойи онҳо тасбеҳи дастсохт аз донаи хурморо харид намоянд. Зеро ин намуди тасбеҳҳо арзон (ҳамагӣ аз 3 то 10 риёл), сабук ва барои саломатӣ безарар аст.

Тасбеҳ аз донаи хурмо

Манораи “Соат”

Манораи соати шоҳигарӣ дар Макка (Fairmont Makkah Clock Royal Tower) хотирмонтарин ёдовард барои худ хоҳад буд. Албатта на худи манора, балки макети онро харид кардан мумкин аст. Макетро дар дохили ин маҷмаа бо нархи гарон, яъне ҳудуди 300 риёл ба фурӯш гузоштаанд. Беҳтар аст онро аз мағозаҳои 4-5 км масофа дуртар аз ҳудуди Каъба, бо нархи 150 риёл харид намуд.

Замзам

Боз як чизи хеле муҳиме, ки ҳар як зоир аз ин макон бо худ мебарад, оби муқаддаси Замзам аст. Дар беруни бинои Масҷид-ул-Ҳаром, махсус барои бо худ бурдани Замзам хатти интиқоли об сохта шудааст, ки ҳамарӯза ҳазорон нафар борҷомаҳои обнӯшии худро аз Замзам пур мекунанд. Инчунин аз назди хатти интиқол метавон борҷомаҳои эластикии обнӯшии ғунҷоиши 5 л.-ро бо арзиши 3 риёл харид намуд.

Уд

Хариди уд, яъне мушки анбар дар байни зоирон аз қадим одат аст. Албатта мушки арабиро аз дӯконҳои Тоҷикистон бо нархи арзон ёфтан мушкил нест. Лекин дар Арабистони Саудӣ удҳои гуногуни истеҳсоли ширкати Абдулсамад Ал-Қурашӣ бо тамғаи “ASQ” дар фурӯш ва дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Нархи ин қабил уд аз 15 риёл шуруъ мешавад.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend