Баҳриддин Камолиддинов: Забони мо тоҷикист! Чаро ман онро форсӣ гӯям?

Суҳбат ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ва 85 солагии Устоди равоншод Баҳриддин Камолиддинов бахшида шудааст.


Олими забоншиноси тоҷик

Баҳриддин Камолиддинов

«…Мо шукр мекунем, ки баъд аз 1000 сол расман соҳиби як порча замин, мамлакат, давлат, миллат ва забон шудем. Акнун чаро ман забонамро форсӣ гӯям? Мо як дарахти азимем, ки се тана дорад. Як танааш Эрон, дигараш Афғонистон ва якеи дигараш Варорӯд, яъне Тоҷикистон аст…».

Дар Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз суҳбатеро бо забонишиноси маъруфи тоҷик, яке аз донишмандони фарҳехта, профессор шодравон Баҳриддин Камолиддинов пешкаши хонандагон мегардонем.

Суҳбат соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анҷом шудааст ва ҳоло дубора бознашр мешавад. Инчунин шумо метавонед шакли аудиои суҳбатро низ бишнавед.

Суҳбат ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ва 85 солагии Устоди равоншод Баҳриддин Камолиддинов бахшида шудааст.

– Шумо пайваста аз хатоҳои забони ВАО изҳори нигаронӣ мекунед. Алҳол вазъи забони расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Сухан дар бораи нуқсони забони матбуот аз солҳои 50-ум оғоз шуда буд. Аввалин мақоларо дар ин бора академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар газета навишта будаанд, ки Устод Айнӣ аз он огоҳӣ доштаанд. Дар як нишаст Устод Айнӣ хостаанд, ки бо Муҳаммадҷон Шакурии ҷавон суҳбат кунанд. Шакурӣ нақл карданд, ки ба назди Устод рафтам ва он кас ба ман гуфтанд: «Мақолаатонро хондам, хурсанд шудам, ки Шумо барои покизагии забон кӯшиш мекунед. Ин рӯзномаҳои мо бисёр вайронкоранд, пеши ин вайронкориҳоро гирифтан лозим. Шумо ин ташаббусатонро давом диҳед».

Вазъи имрӯзаи забони матбуоти мо баъд аз қабули «Қонуни забон» каме беҳтар шуд. Андаке масъулият ҳис карданд, лекин дар баробари ин теъдоди рӯзномаву ҳафтаномаҳо низ зиёд шуд. Дар рӯзномаҳои давлатӣ талабот ба забон бештар аст. Чун ҳайати зиёди кормандонро дар бар мегирад. Аммо ҳафтаномаҳоро се чор кас тайёр мекунанд, ки суханҳояшон чандон пухта намебароянд. Бинобар ин диққати ман бештар ба ҳамин рӯзномаҳои хусусӣ – ғайридавлатист. Ман аксарияти мисолҳоямро аз инҳо гирд меоварам.

Боз як ҷиҳати фаъолияти ман чунин аст, ки гоҳ-гоҳ маро ба телевизион даъват мекунанд, то бо ходимони телевизион дар бораи покизагӣ ва нуқсонҳои забон суҳбат кунам. Чанд маротиба маро ба радио даъват карданд, ки дар он ҷо ҳам кормандони радио ва телевизион иштирок мекарданд.

Боре дар суҳбат аз як мақолае бо номи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» як порча мисол овардам. Муаллифи он дар он суҳбат ҳузур дошт ва бо ман хеле баҳсу мунозира кард. Ҳатто гуфт, ки «Устод он талаботе, ки Шумо дар ҳаққи забон дар пеши мо журналистон мегузоред, аллакай дигар шудааст». Ман ба вай ҷавоб додам:

«Дар давоми ҳазор сол, чандон таъғир наёфту дар як муддати кутоҳ баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон забони мо дигар шуд? Эроди ман ба ту фақат як чиз буд, такаллуф, суханпардозиро публитсистика намепарварад. Чун ки теъдоди шунавандагон хеле зиёд аст, синну сол, дараҷаи саводнокӣ ва завқу машғулияташон гуногун мебошад. Дар рӯзнома бояд забон фаҳмо, сода ва дастрас бошад».

– Бархе аз волидон фарзандони худро ба мактабҳое медиҳанд, ки дар онҳо таҳсил ба забонҳои хориҷист. Дар натиҷа кӯдакон аз забони модарии худ дур мемонанд. Ин ҳолат ба ояндаи миллат чӣ таъсир мегузорад?

Ин падида дар замони шӯравӣ оғоз ёфта буд. Таваҷҷуҳ ба донистани забони русӣ зиёд шуд, чун ин як равзанае буд, барои огоҳӣ пайдо намудан аз илму маданияти аврупо. Баъдан нафароне, ки бо забони русӣ гап зада метавонистанд, соҳиби мансаб мешуданд.

Бинобар ин волидайн хулоса мебароварданд, ки фарзандонашон барои соҳиби мансаб ва зиндагии шоиста шудан аз забони тоҷикӣ дида, забони русиро омӯзанд беҳтар аст. Ҳатто одамони хеле маъруф фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ доданд.

Дар марказҳои бузурги собиқ шуравӣ онҳо таҳсил диданд. Дар натиҷа аз забони модарии худ дур монданд. Ба дараҷае, ки ҳатто бо забони модарии худ як ҷумлаи солим гуфта наметавонистанд. Лекин ин тақозои замони шуравӣ буд. Яке аз мақсадҳои замони шӯравӣ ин буд, ки мо бояд як миллат шавем, як урфу одат дошта бошем ва забонамон низ як шавад.

Дар замони имрӯзаи мо ба дараҷаи замони шӯравӣ нест. Лекин мактабҳои русӣ ҳаст, вале русзабонҳо хеле каманд. Қисми зиёди хонандагони мактабҳои русӣ аҳолии маҳаллӣ аст. Яъне, бештар ӯзбекҳо, барои чӣ ӯзбекҳо? Сабабаш маълум аст, агар онҳо мактабро бо русӣ хатм кунанд, ба факултаҳои русии донишгоҳҳо дохил шуданашон осон мегардад.

Боз як ҷиҳати дигар ин аст, ки дар мактабҳои русӣ назар ба мактабҳои тоҷикӣ сифати таълим беҳтар аст. Фарзандон зуд саводнок мешаванд. Чун онҳо аз рӯйи усули таълим, китобҳои таълимӣ ва талаботи мактабҳои Русия дарс мегузаранд. Чанде пеш як зумра муаллимон аз Русия омаданд, ки мактабҳои русӣ бо онҳо қувваи тоза гирифт. Инчунин дар мактабҳои тоҷикӣ низ таълими забони русӣ андаке ҷон гирифт. Ин омилҳо баъзе волидонро маҷбур мекунанд, то фарзандонашонро аввал ба синфҳои ибтидоии мактабҳои русӣ ва баъд ба забони тоҷикӣ гузаронанд.

Забони русӣ барои мо ҳамчун равзанаи маърифат боқӣ мемонад. Агар мо як ду забони илмиро надонем пешрафти илмӣ техникӣ дар кишвар намешавад. Феълан як қисм аз ҷавонони тоҷик дар Русия ва дар мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд, ки як қисмашон ҳамонҷо мемонанд. Бинобар ин мо танҳо бо забони тоҷикӣ аз илми ҷаҳонӣ баҳравар шуда наметавонем. Барои мо як-ду забони техникии ҷаҳонро донистан лозим аст.

– Агар ба муоширати ҷавонон таваҷҷуҳ кунем, дар гуфтугӯйи аксари онҳо меъёрҳои забони тоҷикӣ риоя намешаванд. Барои тарғиби забони адабӣ дар байни мардум чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

– Дар байни забони гуфторӣ ва забони хаттӣ фарқият ҳаст. Забони гуфторӣ бояд сабук ва осонгӯй бошад. Баъзе ҷумлаҳоеро, ки Устод Айнӣ дар асарҳои бадеӣ ба кор мебаранд ва он аз 6-7 ҷумлаи сода иборат аст, дар забони гуфтугӯ ба кор бурда намешавад. Лекин унсурҳои забони дигарро омехта карда гап задан нуқсонҳои хеле бузурганд.

Мардуми мо як хислати аҷиб дорад, агар як калимаи русиро ёд гирад, аз вай дил кандан наметавонад. Онро кор фармудан мегирад. Ҳатто пиразанҳои деҳа мегӯянд, ки «Ин совсем девона шудааст». Ба гӯши ӯ ин калима аз куҷое расидааст, ки акнун инро дар мавридаш кор мефармояд.

Акнун ба мардуми шаҳр нигаред: ҳамин қадар истгоҳҳои аҷоибро номашро навиштаанд, давраҳои пеш номаш навишта набуд, ба мардум калимаи истгоҳ гуфтан малол меафтад. Пешхизматҳои ронанда, бачаҳои мактабдидаву мактабнадида онҳо низ бо шева гап мезананд. Онҳо баъзан гапҳои аҷиб мегӯянд, «Голубой, ки мефарояд?».

Ман дар баъзе суханрониҳоям мегӯям, ки одамоне, ки хизматрасонии мардумро мекунанд, бояд забони давлатиро донанд. Дар хатти сайри шаҳрчаи донишҷуён то маҳаллаи Яккачинор танҳо ман мегӯям, «мошинро ҳаминҷо боз доред», дигарҳо мегӯянд, «манъ кн». Ин ба забон нишаст, инро ислоҳ карда намешавад. Аслан ин ғалат аст, «манъ кардан» дар забони русӣ «запретит» ва ӯ гуфтан мехоҳад, ки «остановите»(«нигаҳ доштан, боз доштан»).

Барои тарғиби ин бояд Кумитаи забон ва истилоҳот даст ба кор шавад ва муассисаҳоро ҷарима бандад. Баъдан мумкин аст, ки забони адабӣ дар ҷомеа каме ҷон пайдо кунад. Баъдан ронандагон ва шогирдонашон, ки ба мусофирон хизмат мерасонанд бо забони адабӣ ҳарф зананд.

Ман ба шогирдонам доимо таъкид мекунам, ки Шумо бояд дар нутқ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъитӣ аз одамони оддӣ фарқ кунед. Бояд аз забони Шумо калимаҳои «остановка», «подземка» ва «пешеход» набарояд. Шумо барои таблиғи забони адабӣ ба ман кӯмак кунед. Умри лаҳҷаю шеваҳо кутоҳ аст. Баъзеҳо бо ифтихор бо лаҳҷа гап мезананд. Ман мегӯям мояи ифтихори ману ту забони давлатӣ аст.

– Солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси “забони мо тоҷикист ё порсӣ?” ҷараён дорад. Шумо ҳамчун забоншинос роҷеъ ба ин масъала чӣ андеша доред?

Решаи забони мо якест – дарахти бузурги забони қадимаи Санскрит. Тамоми забонҳои Аврупо решаашон омада ба ин забон пайваст мешавад. Лекин забони мо аз оилаи забонҳои эронист. Забонҳои курдӣ, осетинӣ аз оилаи забонҳои эронӣ ҳастанд ва ҳатто арманӣ низ омада ба он наздик мешавад. Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» дар бораи Русия ним саҳифа маълумот медиҳаду менависад: «Яке аз шаҳрҳои азимтарини Русия шаҳри Киев мебошад». Акнун Украина ҳамзабони Русия мобайнашон ҷанг, роҳи оштиро меҷӯянд. Ҳамин украин забони ман русӣ мегӯяд? Ё белорус забони ман русӣ мегӯяд? Ё булғор забони ман Русӣ мегӯяд? Ё чех аз ҳаминҷо баромадаасту ҷудо шудааст, забони ман русӣ мегӯяд? Намегӯяд!!!

Лекин далели ман дигар аст, мегӯям, ки аввалин бор соли 1924 дар ҳайати Ӯзбекистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор мо расман соҳиби забони тоҷикӣ, соҳиби мамлакати Тоҷикистон, соҳиби миллати тоҷик шудем. Устод Айнӣ низ то соли 1924 дар мақолаҳояшон мо тоҷикистонӣ нагуфтаанд, мо туркистониҳо мегуфтанд. Чун Осиёи Миёна то ҳамон вақт Туркистон шуда буд. Пас аз соли 1924 баъдан Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғайраҳо пайдо шуд.

Мо шукри ҳамин мекунем, ки баъд аз 1000 сол расман соҳиби гӯё як порча замин, мамлакат, давлат, миллат ва забон шудем. Акнун чаро ман забонамро форсӣ гӯям? Мо як дарахти азимем, ки он се тана дорад. Як танааш Эрон, дигараш Афғонистон ва якеи дигараш Варорӯд, яъне Тоҷикистон аст. Ақидаи ман ҳамин аст.

Баҳриддин Камолиддинов: Забони мо тоҷикист! Чаро ман онро форсӣ гӯям? by Малика Сафарзода

Маълумотнома:

Баҳриддин Камолиддинов доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ соли 8-уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. . Номбурда аз зумраи олимонест, ки дар таълифи асару мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва дар тарбияи мутахассисони соҳаи суханшиносию рӯзноманигорӣ ва олимони ҷавони забоншинос саҳми арзанда дорад.

Ӯ муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 180 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.

Барои меҳнати пурсамараш бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1956, 1958), бо унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои Комёбиҳои беназир дар таълими мактабҳои олии СССР ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Баҳриддин Камолиддинов 13-уми майи соли ҷорӣ бар асари бемории коронавирус аз олам даргузашт.