Як сарбози ҷавон дар яке аз воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон ҷони худро аз даст додааст. Муҳаммадсаид Саидови 20-сола, сокини ноҳияи Ёвон, рӯзи 21 январ дар яке аз воҳидҳои марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ ба пешонии худ тир задааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомии вилоят, рӯзи 26 январ гуфтаанд, ки сарбоз бо сабабҳои номаълум бо силоҳи хидматиаш ба ҷони худ сӯиқасд кардааст. Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, ӯ тақрибан як солу чаҳор моҳ дар сафи нерӯҳои марзбонӣ хидмат мекардааст.
“Дар робита ба ин ҳодиса додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Айни ҳол тафтиши ҳамаҷонибаи сабабу омилҳои марги сарбоз идома дорад”, – гуфтааст манбаъ ба Радиои Озодӣ.
Муҳаммадсаид Саидов сокини деҳаи Қурбонбеки ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфии ноҳияи Ёвон будааст. Ба иттилои мусоҳибон, баъд аз анҷоми муоинаи зарурӣ ҷасади ӯ ба пайвандонаш супурда шудааст.
Ин дуввумин ҳолати чунин марг дар миёни сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ду моҳи охир арзёбӣ мешавад. Қаблан мақомоти интизомӣ хабар дода буданд, ки Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола, сарбозе, ки моҳи декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуда буд, худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯ баъдан дар қаламрави Афғонистон, дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ пайдо шуд.








