Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:1404.04.2023
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3 – 7 апрели соли 2023 дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел дар назар аст.
Рӯзҳои 4 – 6 апрели соли ҷорӣ дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи боришоти зиёд афзоиши садамаҳо, дар сурати вайрон шудани системаи заҳбурҳо ва омадани сел зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин эҳтимол дорад.
Инчунин, КҲФ аз эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо, зери об мондани хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва биноҳои ёрирасон, хабар медиҳад.
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми заҳбуру ҷӯйборҳои назди маҳалли зисташонро тоза кунанд.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекламаҳо гардад.
Дар робита ба ин, кумита ҳушдор медиҳад, ки зери симҳои барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ, иншооти камэътимод наистед.
Ҳамчунин, дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъоварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор худдорӣ намоед, ҳушдор медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
3 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
10 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
10 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
11 дня назад