logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ба модари Қобилҷон Алиев хона тақдим кардаанд

Пайвандони наврас таъкид кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир ба ҷамъоварии маблағ ниёз надоранд ва ҳеҷ гуна суратҳисоби бонкӣ барои кумак боз нест.

Your tj

10:4923.12.2025

Ба модари Қобилҷон Алиев хона тақдим кардаанд

Ба модари Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки чанде пеш дар як мактаб дар канораи Маскав кушта шуд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон манзили зист тақдим гардидааст.

Дар ин бора «Азия-Плюс» бо такя ба иттилои Шерзод Алиев, яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев навиштааст. Ба гуфтаи ӯ, хона «аз номи ҳукумати кишвар» дода шудааст, аммо ҷузъиёти бештар ироа нашудааст. Манобеи дигар ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Пайвандони наврас таъкид кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир ба ҷамъоварии маблағ ниёз надоранд ва ҳеҷ гуна суратҳисоби бонкӣ барои кумак боз нест. Онҳо аз шаҳрвандон хостаанд, ки ба ҳеҷ ҳисоб пул нафиристанд.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав бар пояи «нафрати миллӣ» аз сӯйи як навраси 15-солаи шаҳрвандии Русия кушта шуд. Ҷасади ӯ 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати гумонбар бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум намуда, аз ҷониби Русия таҳқиқи ҳамаҷонибаву беғаразонаро талаб карданд.

Ахиран дирӯз, 22 декабр Владимир Путин президенти Русия зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар робита ба ин куштор изҳори ҳамдардӣ кард.

Ӯ гуфт, ҳодисаи куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.

"Ба шумо ва оилаи писарбача аз Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ҳалок шуд ҳамдардии самимонаи худро мерасонам.

Амалҳои террористӣ нисбати кӯдакон ин ҷинояти махсусан нафратовар аст. Бидуни ягон шубҳа таҳқиқот то охир расонида мешавад ва гунаҳкорон ҷазо дода мешаванд",- қайд намуд ӯ зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ