fbpx

Ба Моҳрухсор Сафизода Ҳаётой Муминова ва Хурсандмурод Зарипов унвони илмӣ надоданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


2
2 points
Коллажи Азия плюс

Нерӯҳои СПАД аз Қазоқистон мебароянд

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин кишвар пас аз ду рӯз оғоз ёфта, муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад.

“Иҷрои вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД муваффақона анҷом ёфта, пас аз ду рӯз хуруҷи марҳила ба марҳилаи онҳо шурӯъ мешавад. Ҷараёни хуруҷи неруҳо муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад”, – иброз доштааст ӯ зимни суханронӣ назди вакилони парлумон.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки марҳилаи шадиди амалиёти махсуси зиддитеррористӣ гузашт.

Қаблан сарвари давлати Қазоқистон изҳор дошта буд, ки вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД посбониву таъмини амният дар иншооти стратегии Алмато ва пойтахти кишвар аст ва он ба сохторҳои қудратии Қазоқистон имкон фароҳам овард, ки барои муқовимат бо террористон неруи бештар сафарбар созанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои узви СПАД 200 нафар хизматчиёни ҳарбии худро ба Қазоқистон фиристод. Онҳо бо ҳавопаймоҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ба Алмато интиқол дода шуданд.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистонро посбонӣ мекунанд.

“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус – фурудгоҳ, қирғизҳо – Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон – фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Вокуниши Толибон ба суханҳои Эмомалӣ Раҳмон

Масъулини ҳукумати Толибон ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди вуҷуди паноҳгоҳҳои ҷангиён дар шимоли Афғонистон, вокуниш нишон доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ зимни суханронӣ нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба масъалаи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дахл кард ва гуфт, ки бо омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон ин хатар дар кишварҳои минтақа зиёдтар шудааст.

Ӯ аз ҷумла, бо ибрози нигаронӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ, ба вижа шохаи Вилояти Хуросони он дар қаламрави Афғонистон таъкид кард, ки тибқи иттилои ниҳодҳои кашфии Тоҷикистон, теъдоди марказу урдугоҳҳои омодасозии террористон дар манотиқи ҳаммарз бо қаламравҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бештар аз 40 адад ва теъдоди ҷангҷӯён аз 6 ҳазор зиёдтар аст.

Оқои Раҳмон ҳамчунин даъват кард, ки барномаи тақвияти марз иҷро шавад, чун вазъ дар марз ҳар рӯз нооромтар мешавад ва Толибон дар онҷо худашон бо худашон ҳам меҷанганд.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 11-уми январ дар вокуниш ба ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сафҳаи “Твиттер”-аш навишт, “иддаои раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эҷоди теъдоде аз паноҳгоҳҳо дар Афғонистон барои фаъолиятҳои вайронкорона дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон сиҳат надорда ва мо ба шиддат онро рад мекунем”.

“Иморати исломӣ ба ҳама кишварҳои ҳамсоя итминон медиҳад, ки марзҳои мо амн аст”,-омадааст дар вокуниши муовини сухангӯи ҳукумати Толибон.

Нишасти изтирории ҳавопаймои S7 барои як тоҷикистонӣ

Ба далели бад шудани вазъи саломатии як шаҳрванди Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар масири Маскав-Қаршӣ парвоз мекард, дар фурудгоҳи Урганҷи Ӯзбекистон нишасти изтирорӣ кардааст.

Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ такя ба маълумоти Uzbekistan Airports, ки дар саҳифаи телеграми он нашр шудааст, хабар медиҳанд.

Манбаъ гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати бемории кӯрруда (аппендицит) шубҳа дошт ва ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар хатсайри Маскав-Қаршӣ парвоз мекард фавран дар фурудгоҳи Урганҷ соати 01:42 шаби 11-уми январ нишаст изтирорӣ анҷом додааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон як мард ном бурда мешавад, ки дар фазо ниёз ба ёрии таъҷилии тиббӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ бар пайи тасмими ҳайати сарнишинон ҳавопаймо дар наздиктарин фурудгоҳ нишати изтирорӣ анҷом додааст.

Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ мусофирро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта, барои кумак дар муассисаи тиббии шаҳри Урганч бистарӣ карданд.

Ҳавопаймои S7 Airlines соати 02:31 ба вақти маҳаллӣ ба самти Қаршӣ парвоз кардааст.

Лукашенко: Агар ба Тоҷикистон кумак накунем мисли Қазоқистон мешавад

Дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 10-уми январ баргузор шуд, сарони кишварҳои узв вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карданду аз он гуфтанд, ки чӣ гуна неруҳои ин созмон зуд ба Қазоқистон расиданду барои рафъи ҳамлаҳои террористон ёрӣ расонданд.

Дар нишаст таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳам зиёд буд ва аз ҷумла ҳушдор аз хатари террористону эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон.

Александр Лукашенко, раҳбари Белорус, иддао кард, ки омилҳои хориҷӣ дар ҳодисаҳои Қазоқистон даст доранд ва мехоҳанд, Осиёи Марказиро ноором созанд ва барои ҳамин зарур аст, Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тақвият дода шавад. Ӯ далел барои собит кардани гуфтаҳояш наовард, вале афзуд, бояд ба Тоҷикистон ҳам кумак кунанд, то мисли Қазоқистон нашавад.

“Мо бояд ин корро кунем, то ки баъдан барои мо гаронтар наафтад. Мисли онки бо Қазоқистон шуд. Ба мо зарур шуд, бо 200 ҳавопаймо, таҷҳизоти зиёдеро бифристем. Хуб шуд, ки Русия ба ин ризоият дод. Намехоҳем, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин шавад. Бояд ҳоло ба он кумак кунем, ки худаш аз уҳдааш барояд. Ин ба дигар кишварҳо низ дахл дорад.”,-гуфт Лукашенко.

Ба Моҳрухсор Сафизода Ҳаётой Муминова ва Хурсандмурод Зарипов унвони илмӣ надоданд


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend