Имрӯз, 15-уми июл, яке аз номвартарин нависандагони муосири тоҷик Баҳманёр, агар зинда мебуд, 70-сола мешуд. Ӯ муаллифи романи “Сармаддеҳ” – “сарзамини ормонӣ”-е дар адабиёти муосири тоҷик аст ва бо ин шоҳкораш номи худро ҷовидона кардааст.
Ба ин муносибат муаллифи “Your.tj” назари адабиётшиносону мунаққидонро перомуни осори Баҳманёр гирд овард.
Баҳманёр ва ҳамнаслонаш насри тоҷикиро аз “реализми сотсиалистӣ” ба реализми ҳақиқӣ наздик карданд
Абдунабӣ Сатторзода, профессор ва мунаққиди адабиёт
Вақте Баҳманёр дар нимаи дувуми солҳои 70 ва 80 асри гузашта ба кори нависандагӣ оғоз кард ва аввалин ҳикояҳояш (“Оҳубарра”, “Зови Карафса” ва ғ.) ба табъ расиданд, насри тоҷикӣ, сарфи назар аз кӯшишҳои бобарори Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Сорбон, Ҷумъа Одина ва дигарон, дар маҷмӯъ аз доираи адабиёти қолабии шӯравӣ ё ба истилоҳ “реализми сотсиалистӣ” берун нарафта буд.
“Хишти насри то соли ҳаштоди мо, – гуфта буд Баҳманёр чанд сол пештар аз ин, – аз рӯйи қолаби ҳизби ҳукмрон сохта рехта мешуд. Яъне қаҳрамон бояд кӣ бошад, чӣ гӯяд ва чӣ гуна рафтор кунад. Ва аз ҳама бадтараш талаб мекарданд, ки асар бо забону бо баён чунон навишта шавад, ки мардум дар фаҳмиши он – мурод худи ҳизбиён майна об накунанд, луғат накобанд. Гузашта аз ин, пайравӣ ба ҳар гуна мактабҳои адабии хориҷӣ хиёнат ба ватану адабиёти шӯравӣ қаламдод мегашт”.
Хонандаи тоҷик, бино ба таъбири шоиронаи нависанда ва муҳаққиқи номии тоҷик Қодири Рустам, аз он “реализми роиҷ” сер шуда буд ва мунтазири насри наве буд. Анҷоми ин рисолати адабиро Баҳманёр ва ҳамнаслонаш Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Муҳаммадраҳими Сайдар, Қодири Рустам ва дигарон ба ӯҳда гирифтанд. Онҳо кореро анҷом доданӣ шуданд, ки дар солҳои 60-70-уми асри гузашта Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва дигарон дар шеъри тоҷикӣ барои нав кардани тору пуди он оғоз намуда буданд.
Баҳманёр ва ҳамнаслонаш насри тоҷикиро, ки асосан насри ривоятӣ ё нақлӣ дар чорчӯби равиши маълуми “реализми сотсиалистӣ” буд, ба насри ҳунарӣ ё тасвирӣ ва асли реализми ҳақиқӣ наздик гардониданд ва бо ҳамин онро ба равандҳои адабии умумиҷаҳонӣ ҳамроҳ ва ба ҷустуҷӯйҳои адабии нависандагони маъруфе, монанди Габриэл Гарсиа Маркес, Борхес, Уилям Фолкнер, Чингиз Айтматов, Валентин Распутин, Виктор Астафев, Грант Матевосиян, Нодар Дунбадзе, Фозил Искандар, Содиқ Ҳидоят, Содиқи Чӯбак, Маҳмуди Давлатободӣ ва дигарон шарик сохтанд.
Шояд нависанда мехост дар рустоҳо ва образҳои офаридаи худ бизияд
Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:
Баҳманёр ҳамроҳи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муҳаммадраҳими Сайдар, Муаззама ва чанд нафари дигар дар оғози солҳои ҳаштодум бо диду нафаси гарм вориди майдони адабиёт шуд.
Услуб, тарзи баён ва забони асарҳояш мунфарид буд. Ӯ дар ҳикояҳояш як русто (кишваре) барои худу хонандагонаш эҷод кард бо кӯҳу дашту кӯчаву раставу хонаву… ва сокинони ростгӯву ростраву ростнишин ва баъзан ҳиллагару авбошу ҳоказо. Аммо онҳо содаянд, самимианд, дилсофанд ва дар маҷмуъ содалавҳу содадиланд.
Шояд нависанда мехост дар чунин русто ва бо чунин одамон бизияд. Ба андешаи ман дар мағзи бисёр ҳикояҳои Баҳманёр масъалаи инсону табиат дар мадди аввал аст. Ӯ мегӯяд, ки агар инсон бо табиат дар ҳамоҳангӣ ба сар набараду бар он таҷовуз кунад, ҳатман ба ҳалокат дучор мешавад. Дигар масъалаҳо некию бадӣ, ҳарому ҳалол, ҷавонмардию номардӣ ва ҳоказо масоил дар атрофи он мечарханд.
Баҳманёр насри мусаҷҷаъро, ки дар адабиёти мо собиқа дошт, дубора зинда кард. Баъдан нависандагони дигар ба ӯ пайравӣ карданд.
Баҳманёр сабки аз дигарон ба куллӣ фарқкунандааш шинохта шудааст
Матлубаи Мирзоюнус, профессор ва адабиётшинос
Баҳманёр аз нависандагони пурмутолиаи тоҷик аст, ки аз оғози роҳи эҷодӣ дар тарбияву такмили завқу салиқа ва дониши худ саъй намуда, аз баракати зеҳни халлоқ ва баҳраварӣ аз осори нависандагон ва мутафаккирони Шарқу Ғарб, асрори нависандагиро фаро мегирад ва дар натиҷаи талошҳои огоҳона дорои сабки ноби хеш мегардад, ки мутафовит аз дигарон аст ва ба иртиқои зебоишиносиву ҳунар роҳ мепаймояд.
Дар насри муосири тоҷик аз баракати ҳунармандоне мисли Баҳманёр андешамандӣ ва нерӯи тахайюли шоирона дар ҳоли қавӣ шудан аст, ки дар ин миён Баҳманёр аз нависандагони истисноӣ мебошад.
Нигоҳи Баҳманёр ба воқеият, ашё ва инсон бисёр густарда ва жарф ва ҳамзамон бисёр зариф аст. Тарзи тасвири ӯ маъмулан шоирона вале реша дар фалсафаи жарфи зиндагӣ дорад ва гоҳо бо танз омезиш ёфтааст.
Ағлаби ҳикоёти ӯ бо тасвирҳои шоирона, такрори вожаҳо, калимоти ҳамоҳанг шурӯъ мешаванд ва бо диди номуқаррарии гӯянда таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мекашанд ва ба андеша водор мекунанд.
Масалан, ҳикояи “Чашмаи ният” чунин оғоз меёбад: “Рахши вақт чоргома метохт. Табиат нобуд мекарду месохт. Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кӯраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳо мебохт”.
Ҷолиб он аст, ки ин оғоз дар ҳар фасли нави ҳикоя такрор мешавад ва як навъ хушоҳангии тамоми матнро таъмин намуда, боиси нерӯмандии ҷанбаи фалсафӣ, отифӣ ва шоиронаи он мегардад.
Азбаски чунин тарзи сухан дар адабиёти муосири мо бесобиқа буд, нигоҳи мутафовити шоирона, танзҳои намакин, қиссапардозиҳои афсонамонанд, тасвири деҳаи ормониву хаёлии нависанда – Сармаддеҳ бо сокинони аҷоибхулқу ғароиблақабаш мисли Туфанги Думила, Шошои Девона, Холдори Чилдуруғ, Холи Девзӯр, ҳайвоноту паррандаҳое, ки дар ҳикоёти тамсилии ӯ бо номҳои Хурӯсаки Парпо пӯпак, Рӯбоҳи зирак, Хари Ҳафтафаҳм, ва ғайра ҳама гувоҳи тавоноии нависанда дар тасвири шоиронаю орифона ва намое аз вижагиҳои хоси каломи нотакрори ӯ мебошанд.
Чунин тарзи тасвир, ки қариб дар ҳамаи ҳикоёти Баҳманёр ба мушоҳида меояд, ба унвони унсури вижаи сабки инфиродии ӯ шинохта шудааст.
М. Раҳмат