fbpx

“Ба куҷо партоем?” Дар Хуҷанд партовҳои сохтмониро чӣ тавр безарар мекунанд

Сокинони биноҳои навсохти истиқоматӣ низ мегӯянд, дар бораи роҳи дурусти хориҷ кардани партовҳои сохтмонӣ маълумот надоранд.


0

Дар канори соҳили Сирдарё ҷо-ҷо партовҳои сохтмонӣ мушоҳида мешаванд. Онҳоро асосан сокиноне мепартоянд, ки ба хизматрасонии кашонидани ин гуна партовҳо ба ҷойҳои муқарраршуда пардохт кардан намехоҳанд ё аз мавҷудияти ин гуна хизматрасонӣ огаҳ нестанд.

Дар натиҷа, берун аз маркази шаҳр ва дар лаби дарё ғарами партовҳо пайдо мешавад, ки боиси вайрон шудани таркиби об ва ҳаво хоҳад шуд. Ризокорон ҳар сол аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида, беш аз 100 халта партов ҷамъоварӣ мекунанд

Муаллифи Your.tj кӯшиш намуд муайян кунад, ки чӣ гуна аз партови сохтмонӣ бидуни зарар ба муҳити зист бояд халос шуд, зеро дар ниҳодҳои дахлдор гуфтанд, соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои кашонидани партовҳои сохтмонӣ муроҷиат нашудааст.

Авҷ ёфтани сохтмон боиси афзоиши партовҳои сохтмонӣ

Дар Хуҷанд сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдо бо суръати баланд ҷараён дорад. Дар баробари ин, масъалаи партовҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад.

Ба ҷойҳои таъйиншуда напартофтани партовҳои сохтмонӣ боиси эрозияи хок, ифлосшавии ҳаво, об ва партовҳои газҳои гулхонаӣ мешавад.

Дар минтақаҳои биноҳои навсохт ё ҷойҳое, ки корҳои сохтмонӣ идома доранд, пораҳои бетон, хишту кошин (кафел), металл, пластмасса, халтаҳои пур аз пасмондаҳои масолеҳи бинокориро дидан мумкин аст, ки болои ҳам рехта тӯб шудааст.

Аҷиб аст, ки ғарами чунин партовҳо на дуртар аз хонаҳои қадди роҳ ҷамъ шудааст. Шояд худи соҳибхонаҳо баъд аз сохтмону таъмир партовҳоро ба ду тарафи роҳи мошингард партофтаанд. Айни чунин манзараро ҳангоми равон шудан ба ягона партовгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки дуртар аз маҳаллаи Чашмаи арзана воқеъ аст, мушоҳида кардем. То ба он ҷо расидан дар чанд нуқта ғарами партовҳои сохтмонӣ ва маиширо дидем.

Дар даромадгоҳи партовгоҳ се ҷавонро, ки бо либосҳои корӣ аз анбӯҳи партовҳо зарфҳои пластикӣ, картон ва пластмасса ҷудо мекарданд, вохӯрдем. Онҳо гуфтанд, ки чанд километр поёнтар аз партовгоҳ нақлиёти боркаш партовҳои сохтмониро аз шаҳр оварда, холӣ мекунанд.

Мо ба нуқтаҳои поёнтари партовгоҳ, ки дар маҷмӯъ 40 гектар масоҳат дорад, ворид шудем. Дар ин ҷо партовҳои гуногунро метавон дид, халтаҳои полиэтиленӣ бештар ба чашм мерасанд.

Дар дарунтари партовгоҳ бо Шариф Турсунов ронандаи нақлиёти партовкашони Корхонаи воҳиди давлатии комуналии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрдем. Ӯ мошини пурро ба партовгоҳ оварда, холӣ мекард. Вай гуфт, ки бо фармоиши сокинони шаҳр низ партовҳои сохтмониро ба ин партовгоҳ мекашонад.

“Баъзан худи сокинон бо мо дар тамос шуда, фармоиш медиҳанд, ки пасмондаҳои сохтмониро аз хонаашон то партовгоҳ баред, ё ба ягон нуқтае, ки он барои пур карданӣ чуқурӣ (засыпка) лозим аст, кашонед. Агар фармоишро мустақилона аз шаҳр ба партовгоҳ биёрем, нархи кашонидани 1 мошини Hyundai Porter партов 200 сомонӣ мебошад”,- гуфт Шариф Турсунов.

Сокинон: Намедонем, ки партовҳои сохтмониро куҷо бояд бурд!

Пас аз дидани партовгоҳ ба чанд нуқтаҳои партовпартоӣ низ рафтем. Дар яке аз кӯчаҳои микроноҳияи 18-уми шаҳри Хуҷанд 6 қуттии партов мавҷуд аст. Дар назди қуттиҳо бо як шахси калонсол вохӯрдем. Ӯ ҳар рӯз қуттиҳои ин нуқтаро аз назар гузаронида, пӯчоқ ва пасмондаҳои маҳсулоти хӯроквориро барои чорво ҷамъ меоварад.

“Бештар дар назди қуттии нуқтаҳое, ки биноҳои баландошёна сохта истодаанд, партовҳои сохтмонӣ зиёдтар ҷамъ шуда меистад. Ин хел ҳолатро ҳар рӯз дидан мумкин аст”,- гуфт шахси солхӯрда.

Сокинони биноҳои навсохти истиқоматӣ низ мегӯянд, дар бораи роҳи дурусти хориҷ кардани партовҳои сохтмонӣ маълумот надоранд.

Зарина, як сокини шаҳри Хуҷанд чанде пеш бо оилааш дар хонаи нави яке аз биноҳои баландошёна ҷойгир шуд. Вай гуфт, огоҳӣ надошт, ки баъд аз таъмир боқимондаҳои маҳсулоти сохтмониро ба қуттиҳои партов партофтан мумкин нест.

“Хонаи мо нав аст. Аз ду сар дигар соҳибхонаҳои бинои мо хонаашонро таъмир мекунанд. Агар дар маҳалҳо лавҳаҳо дар бораи он, ки пасмондаҳои сохтмониро куҷо партофтан мумкин аст, мегузоштанд, хуб мешуд. Мо аввалин бор дар хонаи навамон сохтмон дорем. Намедонистам, ки бо партови пайдошуда чӣ кор кунам”,- гуфт Зарина.

Бино ба нақли ӯ, вақте партовро ба нуқтаи партовҷой бурданӣ шуд, масъулони идораи партовкашонӣ фаҳмониданд, ки ба қуттиҳо гузоштани партови сохтмонӣ мумкин нест.

“Мо оилаи ҷавонем. Он рӯз ҳамроҳи ҳамсарам дар ин бора нав фаҳмидем, лекин то ҳол аниқ намедонем, ки роҳи дурусти халос шудан аз ин партов кадом аст”,- мегӯяд зани ҷавон.

Фарзона, сокини дигари шаҳр низ гуфт, суроғаи партовгоҳи партовҳои сохтмониро пайдо карда натавонист.

“Хостем, ки бо мошини шавҳарам дар ҷойи мумкинбуда партовро партоем. Аз ҳамсояҳо пурсидем, онҳо ҳам ҷойи лозимиро намедонистаанд. Маҷбур пасмондаҳои сохтмониро ба партовгоҳи муқаррарӣ партофтем”,- гуфт Фарзона.

Назари шахсони масъул

Пас, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ партовҳои сохтмониро чӣ гуна ва дар куҷо бояд ҷойгир кунанд? Ба ин савол Азимҷон Саидов сардори шуъбаи кор бо аҳолии Корхонаи воҳиди давлатии комуналии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд посух дод.

Азимҷон Саидов

“Партофтани пасмондаҳои сохтмонӣ дар қуттиҳои партовҳои маишӣ қатъиян манъ аст. Шаҳрвандон ва ё ширкату муассисаҳо барои кашонидани чунин партовҳо ба мо бояд муроҷиат кунанд. Шахсони ҳуқуқӣ дар навбати аввал бояд бо мо шартнома банданд. Корхона партовҳои сохтмониро бо нақлиёти махсус ба партовгоҳ кашонида, дар ҷойи муқарраршуда мепартояд.

Мутассифона, дар давоми соли ҷорӣ ягон ташкилот, муассиса, ширкатҳои сохтмонӣ ва ё шахсони алоҳида барои кашонидани партовҳои сохтмонӣ муроҷиат накардаанд”,- илова кард Азимҷон Саидов.

Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, моҳи гузашта ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мактуби расмӣ ирсол кард, ки пеш аз додани иҷозатнома ба ширкатҳои сохтмонӣ масъалаи бастани шартнома барои партофтани партовҳои бинокорӣ низ ба назар гирифта шавад.

Зимнан, кӯшиш кардем, то бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ дар хусуси бо партовҳои сохтмонӣ чӣ гуна муомилот доштанашон ҳамсуҳбат шавем. Аммо он бенатиҷа анҷомид.

Нархи хизматрасонии ронандаҳо дар кашонидани партовҳои сохтмонӣ

Иқболхӯҷа Султонов сармуҳандиси КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд гуфт, ки нархи хизматрасонии кашонидани 1 метри мукааб партови сохтмонӣ барои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар сурати бастани шартнома 65 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамзамон, дар гурӯҳи фейсбукии “”Хуҷандро дӯст медорам” бо саволи “Оё дар Хуҷанд хизматрасонии кашонидани партовҳои сохтмонӣ мавҷуд аст?” пурсиш гузаронидем. Маълум шуд, ки аксарият баъд аз таъмиру корҳои сохтмонӣ нақлиёти боркашонро фармоиш дода, партовҳои пайдошударо мекашонанд. Корбарон рақами телефони қариб 10 ронандаи нақлиёти Hyundai Porter-ро дар шарҳ навиштанд. Мо бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.

Ронандае бо номи Шавкат гуфт, ки аз даруни шаҳр ва нуқтаҳои наздик ба он ба маблағи 150 сомонӣ як мошин партовро мекашонад. Ронандаи дигар Ғуломҷон афзуд, ки вобаста ба намуди партов ва масофае, ки онро мебарад, нарх мегузорад. Маслан, як мошин партовро аз 120-200 сомонӣ мекашонад.

Як роҳи муроҷиат ба идораи партовкашонӣ

Дар назди КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд телефони боварӣ ва барои арзу шикоят фаъол аст. Ҳамчунин, сокинон тариқи паёмрасонии WhatsApp бо рақами 927722303 дар тамос бошанд ва ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳм гузоранд. Он зери назорати доимии роҳбарияти Идораи партовкашонӣ қарор гирифта, дар муддати кӯтоҳ мушкилоти тавассути зангу паёмҳо ирсол шуда, бартараф карда мешавад.

Сокинони шаҳру навоҳии зерин имкон доранд, ки аз хизматрасонии нақлиёти партовкашон истифода бурда, партовҳои сохтмониашонро дар партовгоҳҳои расмӣ ҷойгир кунанд.

Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3, Ҷаббор Расулов 2 ва шаҳри Бӯстон 1 партовгоҳ мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо бештар аз 300 гектар мебошад.

Ҷарима ҳангоми муомилоти нодуруст бо партовҳо то чӣ қадар аст?

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, Носирҷон Яқубов зимни суҳбат гуфт, ки барои дар ҷойҳои пешбининашуда партофтани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ чӣ миқдор ҷарима ситонида мешавад.

Ба иттилои ин мутахассис, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1331 ҳолати ҷаримабандӣ дар самти муомилот бо партовҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар вилояти Суғд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки партовҳоро дар ҷойҳои пешбининашуда бе иҷозат партофтаанд, дар маҷмӯъ 254 ҳазору 756 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз он 215 ҳазору 524 сомонӣ маблағи ҷаримаи татбиқшуда (85٪) ситонида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҷойгир кардани партовҳо дар ҷойҳои пешбининашуда барои шахсони воқеӣ аз 1 то 3 нишондиҳанда (72-216 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 10 то 15 нишондиҳанда (720-1080 сомонӣ), барои шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда (7 ҳазору 200 – 14 ҳазору 400 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2024 – 72 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Тавре пай бурдем, масъулони идораи партовкашонии шаҳр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи расмӣ боз кардаанд. Дар он эълону хабарҳои нав оид ба реҷаи партовкашонӣ, навору аксҳои таъсирноки тарбиявӣ нашр мешавад. Тариқи он аз корбарон хоҳиш мешавад, ки дар тоза нигоҳ дотани муҳити зист якҷоя кор кунанд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend