logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Ба як зан сад ҳунар кам". Чӣ тавр духтарон дар ҷануби Тоҷикистон ҳунари кафшергарӣ меомӯзанд

Дар Литсейи касбии саноати кимиёвии Левакант 40 нафар духтарон таҳсил мекунанд.

Your tj

15:5920.02.2025

"Ба як зан сад ҳунар кам". Чӣ тавр духтарон дар ҷануби Тоҷикистон ҳунари кафшергарӣ меомӯзанд

Моҳихуросон Назарова дар Литсейи касбии саноати кимиёвии шаҳри Левакант кафшергарӣ меомӯзад.

Духтарак бовар дорад, ки бо азхуд кардани ин касб, метавонад дар оянда даромади хуб ба даст орад, зеро имрӯз талабот ба чунин мутахассисон ҳамеша зиёд аст.

Дар оилаи Назаровҳо кафшергарони касбӣ нестанд, аммо волидони Моҳихуросон хоҳиши духтарашонро барои муваффақ шудан дар ин соҳа дастгирӣ мекунанд. Қаҳрамони мо дар бахши системаҳои компютерӣ ва технологияҳои интернетӣ таҳсил мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди мушоҳидаи омӯзиши кафшергарӣ аз ҷониби ҷавонписарон, ба ин касб таваҷҷӯҳ зоҳир кард ва ҳоло онро бо шавқу завқи зиёд азхуд мекунад.

Моҳихуросон касбҳоро ба занона ва мардона тақсим намекунад. Вай чунин мешуморад, ки ҳунар тақсимбандии гендерӣ надорад ва занон низ бояд малакаҳои гуногун дошта бошанд, то зиндагии худро пеш бурда тавонанд.

Сафаралӣ Шеров зиёда аз 17 сол боз дар Литсейи касбии Левакант дарс мегӯяд. Ба гуфтаи ӯ, дар се соли охир таваҷҷуҳи духтарон ба омӯзиши касби кафшергарӣ афзоиш ёфтааст. Ин ихтисосро интихоб кардани духтарон омӯзгоронро хеле шод мекунад, зеро онҳо боварӣ доранд, ки дар оянда духтарон дар зиндагӣ муваффақ хоҳанд шуд.

Дар Литсейи касбии саноати кимиёвии Левакант 263 нафар таҳсил мекунанд, ки 40 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

18 часов назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

4 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

7 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

7 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ