Қадамзании низомӣ

“Ба артиш неву ба Русия рафтааст”. Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як ҷавони 22-сола

Дар ноҳияи Зафаробод нисбати як ҷавонписар барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парванда ҷиноятӣ кушода шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми ноябр дар як хабар навишт, ки ҷавони 22-сола ба ҷои ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ ба Русия рафтааст.

“Гумонбар бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Федератсияи Россия рафта, аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст”,- менависад ин ниҳод.

Дар ин бора назари худи ҷавон маълум нест.

Мақомот мегӯянд нисбати ӯ бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Skip to toolbar