Ба ҳар як ҷоизадори Чемпионати Осиё 100 ҳазор сомонӣ тақдим шуд

Ба ҳар як ҷоизадори Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 16–18 апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор гардид, 100 ҳазор сомонӣ тақдим шудааст.

Ҷудокорони тоҷик 20 апрел ба ватан баргашта, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки намояндагони соҳаи варзиш, ҳаводорон ва наздиконашон истиқбол гирифта шуданд.

Ба иттилои телевизиони “Варзиш”, маблағҳои мукофотиро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба панҷ варзишгари ҷоизадор супоридааст.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо, Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (то 73 кг) соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Обид Ҷебов (то 66 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) медали нуқра гирифтанд.

Мадина Қурбонзода (то 52 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.

Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон бо 5 медал дар ҳисоби дастаӣ ҷойи дуюмро ишғол кард

Дар Чемпионати Осиё дар Чин 197 варзишгар аз 19 кишвар иштирок доштанд ва Тоҷикистон дар ин мусобиқа назар ба солҳои гузашта натиҷаи беҳтар нишон дод.

Skip to toolbar