Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Азиза Давлатова ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар марги Мадина Мамадҷонова гунаҳгор дониста шуд
Дата публикации: 12:3529.12.2021
Азиза Давлатова, муттаҳам дар шиканҷа ва марги Мадина Мамадҷонова ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вале бар асоси қонуни авф 1 соли он кам карда шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Ҳукмро Додгоҳи олӣ рӯзи 28-уми декабр дар СИЗО-и Душанбе содир кардааст.
Як манбаи Your.tj хабар дод, ки Азиза Давлатова тибқи моддаи 104 КҶ “одамкушӣ” ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Вале тибқи қонуни авф як соли онро кам карданд. Азиза Давлатова муддати 10 сол дар зиндон мемонад.
Ёдовар мешавем, ки Азиза ва Парвиз рӯзи 31 октябр боздошт шуда буданд. Азиза Давлатова тибқи моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 1 (суиқасд ба куштор) гунаҳкор дониста мешавад.
Парвиз Давлатов аз рӯи се модаи КҶ ҶТ – 117 қисми 2, банди “в” (азобу уқубати шахси дар ҳолати нотавонӣ қарор дошта), 109 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ) маҳкум шуд. Парвизро аз рӯи ду модда бар асоси шаҳодати ҳамсараш Азиза Давлатова гунаҳкор донистанд. Сухан дар бораи фишори маънавӣ ва озори ҷинсии ҳамсари якум Азиза меравад.
Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки Давлатов чанд сол инҷониб зани якумашро мавриди озори маънавӣ ва ҷисмонӣ карор додааст. Бар асари фишори доимии равонӣ Азиза Давлатова ду маротиба қасди худкушӣ кардааст.
Азиза Давлатова дар суиқасд ба ҷони ҳамсари дуюми Парвиз Мадина Мамадҷонова муттаҳам мешавад. Мадина Мамадҷонова пас аз буғии Азиза Давлатова ба далели халалдор шудани фаъолияти ҳарду нимкураи мағзи сар зиёда аз се моҳ дар ҳолати вегетативӣ, яъне беҳушӣ қарор дошт ва ниҳоят рӯзи 15 декабр аз дунё гузашт.
Парвиз ва Мадина пас аз паҳн шудани вазъи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуданд. Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани Азиза Давлятова сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Фаъолони ҷомеа ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости таъсир расонидан ба ин қазияи ҷиноӣ муроҷиат карданд.
Ба далели ин ҳодиса муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода, ки фармони афви гумонбарро имзо карда буд ва сардори ОМВД Сино-2 Зафар Исмоилзода аз вазифа озод карда шуданд.
1880 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
22 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад