Аз зардӯзӣ ба заргарӣ. Чӣ тавр зани тоҷик ороишоти заргарӣ омода месозад

Заргарӣ яке аз касбҳои маъмул байни мардон аст, аммо ба таърих назар кунем, бештари заргарон занҳо будаанд. Бо гузашти айём ин ҳунар пурра ба дасти мардҳо гузаштааст. Ҳоло бошад сафи занҳои заргар аз нав афзоиш ёфта истодааст. Матлуба Ниёзова дар баробари тарроҳӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ боз ба мӯҳрабофию заргарӣ машғул аст.

Матлуба Ниёзова сокини шаҳри Хуҷанд мебошад ва ӯро маҳз шавқу завқи кӯдакона ба дунёи ҳунар овардааст. Маҳз бо ҳунару ҳунармандиаш Матлуба се фарзандашро ба воя расонида истодааст.

Ӯ дар хурдсоли пораҳои матоъро гирифта барои лухтакҳояш курта медӯхтаасту, рӯи матоъи сафед бо дугонаҳояш гулдӯзӣ мекардаанд. Матлуба бештар кашидани эскизи куртаҳо ва гулҳои рангоранг барои гулдӯзиро меписандид. Аз ин рӯ пас аз хатми мактаб ба Коллеҷи рассомии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад, то ки дар ҷодаи эҷодкорӣ худашро сайқал диҳад.

“Завқи баландамро ба ҳунар волидонам диданду, маслиҳат доданд, ки ба колеҷи рассомӣ дохил шавам. Дар коллеҷ мувофиқати рангҳо ва дурусту бехато кашидани эскизҳоро хубтар аз худ кардам. Дигар тамоми ҳунарҳоро худомӯзи намудаам, ғайр аз попуридӯзӣ”, – мегӯяд Матлуба.

Бо худомӯзӣ ҳам ҳунарманд шудан мумкин

Матлубахон Ниёзова алакай аз синни 15 солагӣ барои наздикону ҳамсояҳо курта медӯхт, барои наварӯсон болиштҳои гулдӯзиву тоқиҳои зардӯзӣ омода мекард. Аз ҳамон замон ӯ алакай ёрдамчии волидон буд.

Қаҳрамони мо сол то сол ҳунарашро сайқал додаву ҳунарҳои нав ба нав омӯхтааст.

“Ман доим ба мӯдҳои замонавӣ аҳамият медиҳам. Дидам, ки попурзанӣ ба мӯд даромад, дар ҳол аз пайи омӯхтанаш шудам. Саноат-хола ном зани ҳунармандро пайдо намуда, ба наздаш барои омӯзиши попуризанӣ рафтам. Дар муддати кутоҳ ҳамаи нозукиҳои попурзаниро ёд гирифтаму барои худам мошинаи попуридӯзи харида муштарӣ пайдо намудам. Дарҳол овозаи попурдӯзиҳои ман паҳн шуду, муштариён бе танаффус ба наздам либос меоварданд. Баъзан ҳатто шабамро сари мошина рӯз мекардам”, – нақл мекунад Матлуба.

“Филмҳои ҳинду маро ба заргарӣ бурд”

Матлуба ҳоло ҳам курта медӯзад ҳам мувофиқи он ҷавоҳирот омода месозад. Ӯ услуби хоси худро дорад, ҷавоҳироти омодасохтаашро бештар бо мӯҳра оро медиҳад, ки хеле зебо ба чашм мерасад. Ба ин кор ӯро ҷавоҳироти ҳунармандони ҳиндӣ илҳом бахшидаанд.

“Аз хурдиам тамошои филмҳои ҳиндиро меписандидам. Маро бештар ҷавоҳироте, ки ҳунармандон дар гӯшу гарданашон овехта буданд, ҷалб менамуд. Рӯзе ба худ гуфтам, ки бояд заргариро омӯзаму ҳамингуна ҷавоҳиротҳо барои муштариёнам омода созам. Метавон гуфт, ки филмҳои ҳинду маро ба олами заргарӣ кашид. Алакай, ки мӯҳрабофиро метавонистам, заргарӣ бароям он қадар мушкил набуд. Бо мудатти вақт тахайюлотам ба кор даромаду маҳсули эҷоди худамро омода кардам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Матлубахон эҷодкори ҷӯё асту, доим дар талоши омӯзиш аст, кӯшиш мекунад, ки аз мӯд қафо намонаду, талаботи муштариёнашро ба ҷо орад. Барои боз ҳам сайқал додани донишу ҳунараш ба ДДХ бо ихтисоси санъати тасвирӣ ва технология дохил шуда ин даргоҳро бо мувафақият хатм менамояд.

Ҳоло қаҳрамони мо мувофиқи куртаҳои духтааш ҷавоҳирот омода месозад.

“Бештар барои арӯсон курта ва ҷавоҳироти ба якдигар мувофиқро омода месозам. Барои омода намудани як комплект ҷавоҳирот 2–3 ҳафта вақт сарф мекунам. Эскизи ҷавоҳиротро аввал рӯи коғаз кашида, сангу мӯҳраҳоро мешуморам, баъдан ба сохтан оғоз мекунам”, – мегӯяд Матлубахон.

Ба як зан ҳам 40 ҳунар кам аст”

Ба гуфти худи қаҳрамон ӯ хушбахт аст, ки соҳибҳунар асту аз ҳамин ҳисоб нони ҳалол мехӯрад. Фарзандони Матлуба алакай дастёр шудаанду ба вай дар корҳояш ёрӣ мерасонанд.

“Ҳунар ба ҳаёти ман зебоӣ ва хушбахтӣ овард. Беҳуда намегуфтаанд, “беҳунар мурдаҷону зиндабадан аст”. Маънои ҳаёти ман дар ҳунарам ва 3 фарзанди гулам аст. Ду духтаракам – Меҳронахон ва Фазилатхон, аллакай, дар корҳои ман ёрӣ мерасонанд. Ҳарду моделҳои кӯдаконаи маро ба бар карда, дар намоишҳои сатҳи баланд баромад мекунанд. Ҳангоми кор ба ман саволҳо медиҳанд, ба ин васила ҳунарамро аз худ мекунанд”, – бо табассум мегӯяд Матлубахон.

Маҳсули дастранҷи Матлубахонро ба ғайр аз мизоҷони бешумораш, боз дар чорабиниву намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода мебаранд. Ӯ дар озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Матлубахон маҳсули дастонашро дар Фейсбук, Инстаграм ва Телеграм ба намоиш мегузорад, одамон аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон ва хориҷ тариқи ин шабакаҳо ба ӯ фармоиш медиҳанд.

Матлубахон Ниёзова дар зиндагӣ ва ҳунаромӯзӣ чунин шиор дорад: “Ба як зан ҳам 40 ҳунар кам аст”. Ӯ бо дарки масъулият ҳунарҳои худро ба духтарони Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд омӯзонида истодааст.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar