Аз воксиназании Эмомалӣ Раҳмон то боздошти корманди “қалбакии” Агентии зиддифасод

Вазорати молия: Ба суратҳисоби махсуси зарардидагони муноқишаҳои марзӣ тоҷикон 206 ҳазор сомонӣ гузаронидаанд

Вазорати молияи Тоҷикистон ба танқидҳои корбарони “Фейсбук” дар бораи кумак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ вокуниш кард. Рӯзи 2-юми август Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, зимни нишасти хабарӣ гуфа буд, ки ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ “маблағ ворид нашудааст”.

Вале рӯзноманигор Раҷаби Мирзо расид ё чекеро нашр кард ва гуфт, аз ҳисоби хайрияи мардум ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия 10 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Раҷаби Мирзо ва даҳҳо корбари дигар пурсиданд, ки 10 ҳазор сомонӣ куҷо шуд, вақте муовини аввали вазир мегӯяд, ба суратҳисоб пуле ворид нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати молия шоми 2-юми август бо нашри баёнияе гуфт, манзури муовини якуми вазир “ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст”.

Тибқи иттилои вазорат аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб беш аз 206 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки “аз рӯи таъинот истифода карда мешавад”.

Ин суратҳисобро се моҳ пеш, замоне кушоданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона ба ҷамъоварии ёрӣ дасту остин барзада буд. Мақомот аз сокинон хостанд, хайрияи худро на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба суратҳисоби махсус гузаронанд

Эмомалӣ Раҳмон воксина задааст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус воксин задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар додааст.

“Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд, рӯзҳои 28-30 июли соли 2021, дар яке аз баромадҳояшон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Айнии вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон аз мардум даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз бемории СOVID-19 ва нигоҳдории саломатӣ аз сирояти навъ (штам)-ҳои нави он ҳатман ваксина гиранд… Ва илова намуданд: Ман шахсан ваксина гирифтам. Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред”,- гуфт, Шарифзода.

Аммо аз кадом навъи воксина задани Эмомалӣ Раҳмон маълум нест. Шарифзода гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксина “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст. Ҳамчунинм мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин воксина задаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ намояндаашро дар Тоҷикистон иваз кард

Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимлиро намояндаи нави доимии худ дар Тоҷикистон таъйин кард.

Севимли мегӯяд, ки дар вазифаи наваш ҳамкориро бо ҳукумат, шарикони рушд ва шаҳрвандони Тоҷикистон идома хоҳад дод.

“Вазифаи аввалиндараҷаи ман дар моҳҳои оянда таъмини дастгирии БҶ ба Тоҷикистон дар раҳоӣ аз пандемия, аз ҷумла иқтисод, ҳифзи ҳаёти одамон ва таҳкими системаи тандурустӣ хоҳад буд”, – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин БҶ-ро дар Туркманистон низ намояндагӣ хоҳад кард. Тибқи иттилоъ дар Тоҷикистон, ӯро 2 августи соли 2021 ба ин вазифа таъин карданд.

Дар ин мақом Севимли Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки аз моҳи апрели соли 2017 инҷониб, дар намояндагии бонк дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Озан Севимли аз соли 2005 инҷониб дар Бонки Ҷаҳонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб кор кардааст.

Русия ба Тоҷикистон чархболҳои ҷангӣ фиристод

Чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24-и мансуб ба Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз вилояти Новосибирск ва фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Онҳо ба тамрини сеҷониба, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон доир мегардад, сафарбар карда мешаванд.

Чор чархболи ҷангӣ аз Русия тариқи ҳавопаймои боркаши нақлиётии бузургҳаҷми Ан-124-100 “Руслан” оварда шуд. Пеш аз интиқол баъзе сохтори чархболҳо қисман гирифта шуда, бо расидан ба фурудгоҳи таъинот кормандони ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ онҳоро васлу насб карданд ва сарнишинони ҳавопаймо парвози техникаро санҷиданд.

Дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон, ки 1 август дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд, 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар мешаванд. Дар машқҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони ин се кишвар ширкат м екунанд.

Як корманди қалбикии Агентии зиддифасодро дастгир карданд

Сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қаллобӣ дастгир намуда, парвандаашро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Хусрав Бобозодаи 34-сола худро маъмури Оҷонси зидидфасод муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкили сокинон аз онҳо тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Шараф Аваззода, сардори намояндагии Оҷонсӣ дар Суғд, рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфт, “дар асл ин хел корманд надорем. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем.”

Гумонбар, дар давоми тақрибан як сол дар панҷ маврид 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале шарҳ надоданд, ки оё шаҳодатномаи ӯ сохта буд ё на.

Skip to toolbar