Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Аз ваъдаи таъмини барқ то баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш чӣ гуфт
Дата публикации: 16:2116.12.2025
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо паёми солонаи худ дар назди парлумони кишвар суханронӣ намуда, натиҷаҳои соли 2025-ро ҷамъбаст ва самтҳои асосии рушди минбаъдаро муайян кард.
Сарвари давлат соли 2025-ро "соли таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон" номида, аз "дастовардҳои назаррас" дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ёдовар шуд.
Яке аз нуктаҳои муҳими паём эълон гардидани афзоиши ҷиддии даромади шаҳрвандон аз 1 сентябри соли 2026 буд. Президенти кишвар ба Ҳукумат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Музди хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳои марбута 20 фоиз зиёд карда мешавад.
"Ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоии кишвар дар ҳаҷми 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад",- изҳор дошт президент .
Бо супориши президенти кишвар, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловаҳои онҳо мутобиқ ба сатҳи таварруми соли 2025, вале на камтар аз 15 фоиз индексатсия карда мешаванд.
"Баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ҳадафи олии давлат ва Ҳукумат мебошад ва дар ин самт ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд",- таъкид кард сарвари давлат.
Президент ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок таъкид кард.
Дар соли 2026 барои маориф аз буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз бештар ва нисбат ба соли 2015-ум 5,5 баробар зиёд аст. Ҳамасола зиёда аз 21 фоизи хароҷоти буҷет ба маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад.
Бо ишора ба мушкилоти демографӣ президент гуфт: "Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад".
Дар робита ба ин вазифа гузошта шуд: омодасозии кадрҳои педагогӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, мутобиқ намудани низоми маориф ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва омодагӣ ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил.
Дар даҳ соли охир соҳаи тандурустӣ дастгирии бесобиқа гирифт.
Агар соли 2015 маблағгузорӣ 1,037 млрд сомонӣ буд, пас соли 2025 он ба 4,3 млрд сомонӣ расид. Дар маҷмуъ, маблағгузорӣ беш аз 4,2 баробар афзоиш ёфт.
Дар 10 сол 1300 иншооти тиббӣ ба маблағи зиёда аз 5,3 млрд сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд.
Президенти кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон дорои захираи бузурги қувваи корӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон ба шуғли занон, маъюбон ва қишрҳои ниёзманди иҷтимоӣ махсус таъкид кард.
Президент мушкилоти маҳдудияти барқро эътироф кард ва сабабҳоро шарҳ дод.
“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ таъкид кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар ин нерӯгоҳ 18 ҳазору 600 коргар дорад машғули сохтмон ҳаст ва зиёда аз 3 ҳазору 900 техника истифода мешавад.
“То имрӯз 60 дарсади корҳо, ки аз ҳама корҳои вазнину душвор ва серхароҷот буданд, иҷро шудаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, бо ҷорӣ шудани низоми рақамии ҳисобу пардохт ҳоло пули истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ 100% ҳисобу китоб мешавад, ки қаблан 30-40% пардохт намекарданд.
Президент дар бораи нақшаҳои воқеии ҳалли мушкилии норасоии барқ гуфта, аз оғози якчанд лоиҳаҳои нав хабар дод, аз ҷумла бунёди ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт то августи 2026. Ҳамчунин, таъкид кард, ки дар ду соли оянда бо ҷалби сармояи бевосита якчанд неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 1500 МВт сохта ба истифода дода мешавад.
Президент таъкид кард, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд ба манбаи рушди иқтисодӣ табдил ёбад, ки ҳадафи асосии он кам кардани таъсири омили инсонӣ дар идоракунӣ аст.
Ӯ ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ қабул шудааст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар 3 сол зиёда аз 3000 км роҳ сохта ё таъмир шуд, ки қисми зиёди он (2,6 ҳазор километр) бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ шудааст.
Президент ба соҳибкорон ва мардум барои саҳмашон изҳори сипос кард.
Соли 2025 рушди соҳа 8,5 фоизро ташкил дода, сатҳи амнияти озуқаворӣ аз 60% то 85% расидааст. Президент ба деҳқонон ва кишоварзон изҳори миннатдорӣ кард.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад