Марде дар Турсунзода ҳамсарашро кушт

Аз ҷузъиёти куштори се нафар дар Панҷакент то боздошти муҳоҷири маҷруҳи тоҷи дар Русия

Ҷузъиёти ҳодисаи Панҷакент: ҷанҷол барои “зарядмонак” сабаби марги се нафар шуд

Дар шаҳри Панҷакент дар як даргирӣ се нафар кушта  шудааст, ки яке аз онҳо донишҷӯйи литсейи касбию-техникии ин шаҳр ва ду нафари дигар акаву додар, узви як хонадон гуфта мешаванд.

Кушта шудани донишҷӯйи литсейро дар ин даргирӣ мудири ин муассиса Абдуҳалим Қодирӣ ба “Азия-Плюс” таъйид кард. Ба гуфтаи манбаъ, ин даргирӣ дирӯз, 26-уми декабр дар рӯзи истироҳат сурат гирифтааст ва баҳси моҷаро ба литсейи онҳо марбут нест.

Ба гуфтаи ӯ, ду ҷавони кушташудаи дигари ин қазия бародарон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент мебошанд. Аммо то кунун шахсияти ин ду бародар эълон нашудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳам ба “Азия-Плюс” сар задани ин ҳодисаро таъйид карда гуфт, ки додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба таҳқиқи ҳодиса, ин қазия бар сари як василаи нерудиҳандаи телефон (“зарядмонак”) миёни Иноятулло Ёров ва ду бародар сурат гирифтааст, аммо ин манбаъ аз додани ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ кард.

Ба гуфтаи манбаъи дигар, дар ин даргирӣ наздик ба 10 нафар ширкат кардаанд, ки ба ҷуз кушташудаҳо захмиён низ ҳастанд. Бархе аз иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд.

Муҳоҷири маҷрӯҳи тоҷикро дар Иркутск боздошт карданд

Мақомоти Иркутски Русия муҳоҷири тоҷикеро, ки дар оташсӯзии моҳи ноябр дар деҳаи Заларии ин вилоят 50 дар сади баданаш сӯхт, боздошт карданд.

Маҳмадтоҳир Ашуров, муҳоҷири 25-солаи тоҷикро “ба қасди куштор” муттаҳам мекунанд ва гуё бо ҳамроҳонаш рӯзи 12-уми ноябр ба чанд сокини маҳаллӣ таҳдид кардааст.

Шаби 12-уми ноябр, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, вагони зисти Маҳмадтоҳир Ашуров ва шаш тан аз ҳамроҳонаш аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ зада шуд. Ду тан аз ҳамроҳони ӯ, Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола он шаб ҳалок шуданд. Мақомот се тан аз ҳамроҳони дигари ӯ, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони “қасди куштор” ва “авбошӣ” боздошт карданд.

Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомот ӯро низ бо “қасди куштор” айбдор донистаанд. Ба гуфтаи ӯ, гуё Маҳмадтоҳир бо се ҳамроҳаш ба сокинони маҳаллӣ таҳдид кардааст. Ин манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, мақомот ба ҷуз шоҳиди сокинони рустабори маҳаллӣ ҳеҷ далеле пешниҳод накардаанд.

Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ танҳо нисбат ба як нафар айб эълон шудааст.

ИМА дар 30 соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз $1,8 млрд кӯмак кардааст

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии байни ду кишвар, баргузории силсилае аз чорабиниҳоро рӯи даст гирифтааст. Амрико 25-уми декабри соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард.

Ба муносибати 30-юмин солгарди робитаҳои ду кишвар рӯзи 24-уми декабр намоиши аксҳои тасвирбардорони ҳаваскори тоҷик аз саросари кишвар доир шуд.

Ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин кишвар дар сӣ соли гузашта ба Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла барои рушди иқтисод, амнияти озуқаворӣ, беҳдошт, маориф, амният, дастрасӣ ба барқ ба маблағи беш аз 1,8 миллиард долллар кӯмак кардааст.

“Барқи тоҷик” бо “Брешно”-и Афғонистон қарордоди содироти барқ имзо кардааст

Ширкати афғониии “Брешно” иттилоъ дод, ки миёни ин ширкат ва “Барқи тоҷик” қарордоди барқи воридотӣ барои соли 2022 имзо шудааст. Ба иттилои сайти расмии “Брешно”, ин қарордодро Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати “Брешно” имзо карданд.

Манбаъ мегӯяд, ин қарордод дар ҷараёни музокироти дурӯза дар Тоҷикистон аз сӯи ду тараф имзо шуд. Зимни он қарордоде, ки аз моҳи июли соли равон то декабр бинобар таҳаввулоти сиёсӣ ба таъхир афтода буд, низ имзо шудааст. Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин мулоқот кай баргузор шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ба Афғонистон чӣ миқдор барқ содир мекунад.

Дар ин хабарномаи ширкати “Брешно” ҳамчунин омадааст, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла, тарҳи КАСА-1000 ва бунёди хати 500-киловатта дар бахши энержӣ, гуфтугӯ кардаанд.

Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони ИДМ ба Санкт-Петербург рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Санкт-Петербург рафт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Дар пойтахти шимолӣ бо ибтикори президенти Русия Владимир Путин ҷаласаи анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Русия бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ёвари раисиҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ, вазири дифоъ ва бисёре аз мақомоти дигари давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Азим Иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ИДМ шуд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват кард, долонҳои нақлиётии байналмилалиро фаъол созанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин вазорат.

Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҷаласаи 41-уми ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.

Ба гуфтаи вазир, замони фаъол кардани долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва кушодани долонҳои мултимодалӣ барои ҳамлу нақл фаро расидааст.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро оид ба татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо то соли 2025 тибқи марҳилаи аввал ва стратегияи минбаъдаи рушди иқтисодии ИДМ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт то соли 2030 идома диҳанд.

Раиси Исфара ба фарзандони оилаҳои дар муноқишаи сарҳад ҳалокшуда туҳфаҳо тақдим кард

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд ё ҷароҳат бардошта буданд.

Аз маркази матбуотии шаҳрдории Исфара иттилоъ додаанд, ки Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз наздик шинос шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни суҳбат раиси шаҳр ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори миннатдорӣ кард.

“Ба оилаҳо хӯрокворӣ кумк шуда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд. Раиси шаҳр хотиррасон намуд, ки дарҳои кабинети ӯ барои онҳо ҳамеша боз аст”, – иброз дошт Шомадов.

Котиби матбуотӣ зикр кард, ки раиси Исфара ба раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх дастур дод, ки мудом аз шароити зисту рӯзгори ин оилаҳо хабардор шуда, дар вақти зарурат ба онҳо кумак кунанд.

Skip to toolbar