fbpx

Аз унвонҳои “халқӣ”-ву “шоиста” то мукофотҳо ба омӯзгорону олимон. Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафарро қадрдонӣ кард

15 нафар омӯзгорону олимони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сазовори мукофоти махсуси давлатӣ ва 7 нафар барандаи ҷоиза дар соҳаи маориф гардиданд.


0
Акс: АМИТ "Ховар"

29 август Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорид.

Дар ин маросим бештар аз 200 нафар аз президенти Тоҷикистон мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти роҳбари давлат.

Инчунин, 4 нафар кормандони дипломатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Бо фармони президенти Тоҷикистон як нафар бо унвони Нависандаи халқӣ, 3 кас бо унвони Шоири халқӣ, 1 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқӣ, 4 кас бо унвони Ҳунарпешаи шоиста, 18 нафар бо унвони Корманди шоиста, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 нафар бо ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.

Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2024, 2 нафар бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр карда шуданд.

Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид.

Ҳамчунин, 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарини фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сазовори мукофоти махсуси давлатӣ ва 7 нафар барандаи ҷоиза дар соҳаи маориф гардиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend