Армуғони нуқрагӣ, бо номи “Ватанам Тоҷикистон” кори эҷодие буд, ки Таҳмина Назарова дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” пешниҳод кард. Аммо ин кори пурзаҳмат, аз ягона зани заргар ба даври ниҳоии озмун роҳ наёфт.
Он аз нуқраи соф сохта шуда, 34 сантиметр баландӣ ва 15 сантиметр паҳнӣ дорад, вазнаш 236 грамм аст.
Ҳамсари Таҳмина, Фирдавс Назаров низ заргар аст. Ӯ мегӯяд, ки дар синну соли аз 18 боло танҳо ду нафар заргар иштирок доштанд – ӯ ва ҳамсараш.
“Мо талаботи низомномаро пурра риоя кардем. Дар даври аввал ороишоти занона пешниҳод намудем, вале комиссия гуфт, ки дар даври дуюм бояд армуғон биёрем. Ҳамин тавр ҳам кардем, аммо дар охир баҳогузорӣ дигар хел шуд”,- мегӯяд Фирдавс.
Ба гуфтаи ӯ, комиссия ягон мутахассиси соҳаи заргарӣ надошт ва аз ин рӯ арзёбиро ноодилона меҳисобад.
“Мо танҳо мехостем маҳорати худро бисанҷем. Аз иштирок дар озмун танҳо ба як хулоса омадем, ки дар оянда дигар дар чунин озмунҳо иштирок намекунем”,- мегӯяд Таҳмина.
Ҳунари хонаводагӣ
Таҳмина Назарова ҳунари заргариро аз падараш Абдурахмон Назирматов, ки устоди маъруф дар ин соҳа аст, омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, аз хурдӣ дар муҳити ҳунар ба воя расидааст.
Фирдавс Назаров бошад, хатмкардаи коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов буда, пас аз таҳсил ба кори заргарӣ рӯ овардааст.
Маҳз ҳамин муҳити яксон ва дӯстдории ҳунар ин ду ҳунармандро ба ҳам овардааст. Ҳоло зану шавҳар аз зар маснуоти миллӣ меофаранд. Қаҳрамонҳои мо мегӯянд, ки ҳунари онҳо ҳоло вобастаи ҳамдигар шудааст ва бо кӯмаки ҳам як маҳсули навро пурра мекунанд.
“Ҳамаи қисматҳои кори заргар бо ҳам вобастаанд. Аз нақша то анҷом бояд бо диққат ва аз таҳти дил кор кард, то маснуот ба дил нишинад. Яъне дар ин кор ду фирк агар якҷо шавад армуғонҳои мо беҳтар шакл мегиранд. Вале мо медонем кадом қисмати корро бояд кӣ анҷом диҳад”,- мегӯяд Фирдавс.
Имрӯз ҳамсарон ҳар яке мустақилона кор мекунанд. Таҳмина бештар бо корҳои нозук, ба мисли сохтани гӯшвору ангуштарин машғул аст, зеро ба гуфтаи ӯ, “дар инҳо зебоии занона бештар эҳсос мешавад”. Фирдавс бошад, дар корҳои калонтар ва мураккабтар таҷриба дорад.
“Заргарӣ, гарчанде ба назар зебо намояд, лекин ҳунари хеле душвор аст, махсусан барои зан. Гудохтани металл, дар қолабҳо рехтан, дар асбоби механикии навард аз онҳо варақа тайёр кардану сим кашидан қувваи ҷисмонӣ ва вақти зиёд талаб мекунад. Дигар корҳоро мо вобаста аз имконият якҷоя иҷро мекунем. Қисмати тайёр намудани маводи нимтайёр, симу варақаҳо, аз шаклдарории маснуот ва дигар амалиёт, албатта осонтар аст”,-мегӯяд Таҳмина.
“Кори дастӣ арзиши баланд дорад”
Нархи маснуоти зебу зевари дастӣ ба чанд омил вобаста аст: намуди тарҳ ва сатҳи мураккабии он, навъи нигин ё санг, миқдори металл (тилло, нуқра ё биринҷӣ) ва албатта, вақте, ки барои сохтани он сарф мешавад. Ба гуфтаи ҳунармандон, ҳар як ҷузъ, ҳатто хурдтарин ороиш, бо диққат, сабр ва ҳунари дастӣ иҷро мешавад.
“Ҳар як маснуот аз дасти инсон шакл мегирад. Мо шабу рӯз барои он кор мекунем, то ороишот на танҳо зебо, балки сифати хуб низ дошта бошад. Қимматтарин чиз дар ин кор вақт ва нури чашм аст, ки ҳунарманд ба ҳар қатраи металл сарф мекунад”,- мегӯяд Фирдавс.
“Нархи як ҷуфт гӯшвори нуқрагӣ вобаста ба вазни нуқра, тарҳ ва ороиш муайян мешавад. Масалан, агар гӯшвор одӣ бошад ва нақшу санг надошта бошад, нархаш аз 250 то 400 сомонӣ мешавад. Вале агар дар он нақшкорӣ, сангҳои табиӣ ё тарҳи махсус истифода шавад, арзишаш метавонад то 700-1000 сомонӣ ва бештар ҳам расад”,- мегӯяд Таҳмина.
Онҳо хуб мефаҳманд, ки сохтани ҳар як маснуот кори одӣ нест, он раванди тӯлонии эҷод ва заҳмати доимист. Барои офаридани як ороишот баъзан рӯзу шабҳо мегузарад. Аз лаҳзаи об кардани металл, шакл додан ба он, то тарҳи нозук, нақшу нигори борик, сайқал ва дар охир гузоштани санг ҳамааш бо даст анҷом дода мешавад.
Таҳмина мегӯяд: “Дар ин ҳунар ягон қадам осон нест. Ҳар як амалиёт чашми тез, дасти ором ва ҳиссиёт мехоҳад. Агар танҳо як ҳаракат нодуруст иҷро шавад, лозим меояд, ки корро аз нав сар кунед. Дар ин ҳолат на танҳо металл, балки меҳнат ва вақти сарфшуда низ барбод меравад”.
“Ҳунар вақте зинда мемонад, ки онро ба дигарон ёд диҳӣ”
Оилаи Назаровҳо, бо вуҷуди кам шудани фармоишҳо ва вазъи тағйирёбандаи бозор, ҳунари худро тарк намекунанд. Онҳо рӯзгори худро маҳз бо заргарии дастӣ пеш мебаранд. Маснуоташон асосан аз нуқра сохта мешавад. Ин металл, ба гуфтаи Фирдавс, бо нармии худ ва ранги сафеди равшанаш барои нақшу нигорҳои борик беҳтарин аст.
“Имрӯз мо корҳоямонро ҳам дар мағозаҳои махсуси ҷавоҳиротӣ дар шаҳри Душанбе мефурӯшем ва ҳам тавассути шабакаҳои интернетӣ фармоиш қабул мекунем. Ин роҳ имкон медиҳад, ки мизоҷони мо на танҳо аз Душанбе, балки аз дигар шаҳрҳо ва ҳатто хориҷи кишвар ҳам бошанд. Аксар вақт мизоҷон чизҳои махсус фармоиш медиҳанд: ангуштарӣ барои тӯй, гӯшвор барои тӯҳфа, ё гарданбанд бо рамзи хотирмон”,- нақл мекунад Таҳмина.
“Вақте дар ярмаркаҳо ва намоишҳои шаҳрӣ иштирок мекунем, бисёр вақт мебинем, ки хонандагон, донишҷӯён, занҳои хонашин, ҷавонҳо барои тӯҳфа меоянд ва маснуотро интихоб мекунанд. Ҳатто сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ таваққуф карда, бо шавқ мепурсанд ва харид мекунанд. Барои онҳо махсусан тарҳҳои анъанавии тоҷикӣ бисёр ҷолиб аст. Ороишотро дар маҷмӯъ кам нафарон фармоиш ё харидорӣ мекунанд. Дар алоҳидагӣ бошад, ангуштариву гӯшвор серхаридортар аст”,- мегӯяд Фирдавс.
Ҳоло кори асосии онҳо на танҳо сохтани маснуот, балки омӯзонидани ҳунар ба шогирдон аст. Ба гуфтаи Фирдавс, ҳунар танҳо вақте зинда мемонад, ки онро ба дигарон ёд диҳӣ.
“Аз ҳоло фарзандонро барои омодасозии овезаҳо ва баъзе корҳои барои онҳо мувофиқ ҷалб менамоем”,- гуфтанд зану шавҳари ҳунарманд.
Ҳамсуҳбатони мо ҳар кадом барои худ орзуву нақшаи хос дорад: Таҳмина Назарова орзу дорад рӯзе ҷавоҳироти нодиру гаронбаҳое эҷод кунад, ки рамзи ҳунари миллӣ шаванд ва дар Осорхонаи Тоҷикистон ҷой гиранд.
Ҳамсари ӯ, Фирдавс Назаров, нақша дорад коргоҳи шахсии ҷавоҳирсозӣ дошта бошад, то намунаҳои беҳтарини корҳояшонро дар он ҷо ба мардум муаррифӣ гардонанд.
“Мо ният дорем коргоҳ кушоем ва агар имконият шавад, дар он намоишгоҳи хурде ташкил кунем, то маҳсули эҷоди дастии худро ба мардум нишон диҳем”,- гуфт ӯ.
С.У.
