fbpx

Аз Тоҷикистон то Индонезияву АМА. Духтари тоҷик бо стартапи худ мехоҳад муҳоҷиронро дастгирӣ кунад

Стартапи Ганҷина дар бозорҳои Тоҷикистон ва АМА бомуваффақият ҳузур дорад ва барои тавсеа дар Индонезия ва Арабистони Саудӣ омодагӣ мебинад.


1
1 point
Ганҷина Орипова, ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии ӯ.

Ганҷина Орипова, хатмкардаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар Абу-Даби, дар 23-солагӣ стартапи технологии planet9-ро асос гузошт. Ӯ ҳамагӣ дар давоми як сол тавонист стартапи худро на танҳо дар Тоҷикистон, дар Узбекистон ва АМА тавсеа бахшад.

planet9 – стартапи муосирест, ки барои додани қарз ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо дар саросари ҷаҳон дар асоси таҳлили маълумоти муомилоти онҳо кор мекунад.

Илова бар ин, ҳоло  тими Ганҷина барои таъсиси аввалин бонки комилан рақамӣ дар Тоҷикистон фаъолона кор карда истодааст. Барои ин онҳо барномаи мобилиеро таҳия мекунанд, ки он асоси ин бонки муосир (необонк) хоҳад шуд.

Ганҷина ба муаллифи Your.tj дар бораи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз, рушди стартап, лоиҳаҳо ва нақшаҳои ояндааш муфассал нақл кард.

Аз дастгирии волидон то имтиҳон дар Абу-Даби

Ҳамсуҳбати мо аз кӯдакӣ ба забономӯзӣ ва фанҳои гуманитариву дақиқ ва варзиш шавқи зиёд дошт. Дастгирии волидон бошад, дар рушди ояндаи ӯ асос гузошт.

“Аз замони кӯдакӣ дар оилаи мо ба таҳсил ва рушди шахсият аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Ман ба омӯхтани забони англисӣ, фанҳои гуманитариву дақиқ, инчунин намудҳои гуногуни варзиш фаъолона машғул мешудам. Ин машғулиятхо малакаҳои маро инкишоф доданд.”- гуфт Ганҷина.

Дар ибтидои синфи 10-ум ӯ дар бораи Донишгоҳи Ню-Йорк дар Абу-Даби, ки яке аз 30 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон аст, маълумот пайдо кард ва тасмим гирифт, барои дохил шудан ба он дархост гузорад. Ганҷина марҳилаҳои системаи интихоби хоси донишгоҳҳои Амрико, тавонист аз даври аввали интихоб гузарад.

“Маро ба даври дуюм – суҳбати серӯза ба Абу-Даби даъват карданд. Донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон бо ҳавопаймо меомаданд ва дар давоми се рӯз мо бо профессорон суҳбатҳои гуногун доштем, иншо навиштем ва имтиҳон супоридем”,- нақл кард стартапери ҷавон.

Ҷавонтарин донишҷӯ ва оғози идеяи planet9

Ӯ аввалин ва ҷавонтарин донишҷӯ аз Тоҷикистон шуд, ки дар синни 15-солагӣ ба ин донишгоҳ қабул гардид. Духтарак барои худ имконияти беҳамтои таҳсили олиро пайдо кард.

“Дар ҳайрат, вале ниҳоят хурсанд будам. Ба ман стипендияи пурраи таҳсил аз ҷониби Шайх Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Абу Даби ба маблағи 400 ҳазор доллари ИМА дода шуд, ки ин имкон медод, бе ташвиши молиявӣ пурра ба таҳсил диққат диҳам. 

Самти таҳсили ман дар донишгоҳ хеле гуногун буд ва ихтисосамро якчанд маротиба, аз математика ба психология, баъдтар ба санъат ва сиёсати давлатӣ иваз кардам. Ин интихоб дар асоси хоҳишҳои ман барои дарки зарфиятҳои гуногун ва пайдо кардани қобилияти воқеиям буд”,- ба хотир овард қаҳрамони мо.

Ганҷина пас аз хатми донишгоҳ дар шӯъбаи коммуникатсия ва таҳияи веб дар як стартапи пешрафтаи технологии Шарқи Наздик кор кард. Дар он ҷо ӯ ҳамроҳи як гурӯҳ захираҳои таълимии рақамиро месохт ва бо вазоратҳои маориф, донишгоҳҳо, ноширон ва олимон ҳамкорӣ мекард.

Маҳз дар ҳамон ҷо стартапери ҷавонро мушкилоти муҳоҷирон, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ ва интиқоли пул ба худ ҷалб мекунад ва ӯ ба худ мақсад мегузорад, роҳи ҳалли онро пайдо кунад.

“Идеяи planet9 замоне пайдо шуд, чун дидам, ин мушкилот ба ҳаёти одамон чӣ гуна таъсир мерасонад. Дар ин муддат бо ҳаммуассисон вохӯрдам, ки онҳо низ мехостанд вазъи кунуниро тағйир дода, ин мушкилро ҳал кунанд.

Мо муттаҳид шуда, дар пеши худ мақсад гузоштем, шароите ба вуҷуд орем, ки ҳар як муҳоҷир новобаста ба ҷой, барои пешрафт ба абзорҳои молиявӣ дастрасӣ дошта бошад”,- гуфт Ганҷина.

Қадамҳо барои амалӣ кардани идея

Бо мақсади амалӣ кардани ин идея ӯ корро тарк карда, ба Тоҷикистон баргашт. Вале барои оғози рушди стартап такони қавие лозим буд. Ганҷина тасмим гирифт барои ин ба акселератор Google for Startups муроҷиат кунад.

Акселератор – барномаи махсусест, ки стартапҳоро тавассути таъмини онҳо бо захираҳо, роҳнамоӣ, омӯзиш ва дастрасӣ ба ҷомеаи касбӣ дастгирӣ мекунад. Ин барномаҳо ба стартапҳо барои суръат бахшидан ба рушди онҳо, такмил додани равандҳои тиҷорат ва расидан ба сатҳи нав кӯмак мекунанд.

“Якчанд марҳилаи мусоҳиба гузашт ва тақрибан пас аз як моҳ занги деринтизор садо дод: стартапи мо ба барнома қабул карда шуд! Ҳамин тариқ, planet9 аввалин стартап аз Тоҷикистон гардид, ки ба гурӯҳи дуюми ин акселератори бонуфуз роҳ ёфт”,- бо ифтихор ёдоварӣ кард қаҳрамони мо.

Аз миёни беш аз 400 дархост аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Муғулистон танҳо 11 стартап барои ширкат дар ин барнома интихоб шуданд.

“Омӯзиши семоҳаи интенсивӣ дар Алмаато, дар маркази Astana Hub, на танҳо рушди planet9-ро суръати зиёд бахшид, балки марҳилаи муҳими рушди шахсии ман гардид. Аз барнома бо донишҳои нав, робитаҳои пурқувват ва нигоҳи нав ба стартапи мо берун шудем”,- нақл кард Ганҷина.

planet9 чист?

planet9 – стартапест, ки сармоягузории интиқоли маблағро тавассути моделҳои муосири худ SNPL (“ҳозир интиқол кун – баъдтар пардохт кун”) ва RNPL (“ҳозир қабул кун – баъдтар пардохт кун”) табдил медиҳад.

“Мо дар ҳамкорӣ бо бонкҳо барои додани қарз ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо дар саросари ҷаҳон дар асоси таҳлили маълумоти муомилоти онҳо кор мекунем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки роҳи ҳалли беҳамтои молиявиро, ки ба эҳтиёҷоти воқеии мизоҷони мо мутобиқ карда шудаанд, пешниҳод кунем”,- шарҳ дод ӯ мақсади стартапи худро.

Аз Тоҷикистону АМА то Индонезияву Арабистони Саудӣ

Ҳоло гурӯҳи беш аз 15 нафараи мутахассисон дар идораҳои planet9 дар Тоҷикистон ва АМА самаранок кор мекунанд. Ба гуфтаи Ганҷина, арзиши ширкат ба 12 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Ширкат дар бозорҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бомуваффақият ҳузур дорад ва барои тавсеа дар Индонезия ва Арабистони Саудӣ омодагӣ мебинад.

“Ифтихор дорем, ки қарорҳои инноватсионии мо тавассути пешниҳоди воситаҳои молиявие, ки ба эҳтиёҷоти одамон мувофиқанд, ба ҳаёти онҳо таъсири воқеӣ мерасонанд”,- афзуд стартапери ҷавон.

Роҳи ҳалли инноватсионӣ барои муҳоҷирон

Ганҷина мегӯяд, инфрасохтори молиявии амалкунанда аксар вақт муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро дар ҳолати осебпазирӣ мегузорад. Системаҳои анъанавии бонкӣ наметавонанд ҳалли саривақтӣ ва дастраси молиявиро пешниҳод кунанд, махсусан барои онҳое, ки ба интиқоли пул ҳамчун манбаи маблағ такя мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки истифодаи AI (зеҳни сунъӣ) барои фардӣ кардани маҳдудиятҳои кредитӣ дар асоси ҷараёни пешбинишудаи интиқоли маблағ, кам кардани хатар ва кафолат додани кӯмаки молиявӣ ба муҳоҷироне, ки ба онҳо ниёз доранд, роҳи ҳал аст.

“Мо фаъолияти худро дар бозори Тоҷикистон оғоз карда, барои стартапи худ заминаи мустаҳкам гузоштем. Зина ба зина ҳузури худро васеъ намуда, ба бозори Узбекистон ва сипас ба Аморати Муттаҳидаи Араб ворид шудем, ки ҳоло идораи асосии мо дар минтақаи иқтисодии бонуфузи DIFC FinTech Hive ҷойгир аст. Ин вусъати калон барои мо имконияту захирахои нав ба вучуд овард. Нақшаҳои наздиктарини мо ин аст, ки ҳузури худро дар бозорҳои Индонезия ва Арабистони Саудӣ васеъ кунем”,- гуфт Ганҷина.

Ӯ итминон дорад, ки бо ҳузур дар ин кишварҳо метавонанд, саҳми худро дар дастгирии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, пешниҳоди ҳалли инноватсионии молиявӣ, ки ба одамон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо кӯмак мекунад, ба таври назаррас густариш диҳанд.

Барномаи дигаре, ки стартапи Ганҷина аввалин шуда аз Тоҷикистон ба он дохил шуд, ин барномаи FIWAM аз Seedstars аст. Он яке аз акселераторони пешбари тенологияҳои молиявӣ мебошад, ки ба пешбурди фарогирии молиявӣ, махсусан барои занони муҳоҷир ва оилаҳои онҳо бахшида шудааст.

“Мо аввалин стартап аз Тоҷикистон шудем, ки ба далели равиши навоварона ва рисолати возеҳи худ дар беҳбуди вазъи молиявии муҳоҷирон ва дастрасии онҳо ба абзорҳои молиявӣ ба ин барнома пазируфта шудем. Иштирок дар ин барнома имкон дод, ки ба дастгирии коршиносон ва сармоягузорон ноил гардем, ки ин миқёси қарорҳои мо ва густариши таъсири онҳоро ба таври назаррас суръат бахшид”,- изҳор дошт ӯ.

“Занон метавонанд дар ҳалли ҳар мушкилот муваффақ гарданд”

Ганҷина инкор намекунад, ки ҳангоми кор дар бахши молия ба ҳайси зани роҳбарикунанда, бо стереотипҳои гуногун ва таассубҳо дучор шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳамеша ба қобилиятҳои худ бовар дошт ва кӯшиш мекард нишон диҳад, ки занон метавонанд дар ҳалли ҳар мушкилот муваффақ гарданд ва дар ҳама соҳа ба натиҷаҳои баланд ноил шаванд.

“Ман ифтихор мекунам, ки ин монеаҳоро паси сар карда, бо тими худ як стартапи бомуваффақият бунёд кардам. Мо занони боистеъдодро ба кор ҷалб мекунем ва рушди касбии онҳоро дастгирӣ менамоем, ки ин барои сохтани фазои кори рангоранг ва фарогир кӯмак мекунад.

Илова бар ин, мо кӯшиш менамоем бо созмонҳое ҳамкорӣ кунем, ки барои рушди занон дар соҳаи тиҷорат ва молия кӯмак мекунанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо имкониятҳои занонро дар дохили ширкатамон зиёд кунем, балки дар рушду дастгирии занон боз ҳам бештар саҳм гузорем”,- қайд кард ҳамсуҳбати мо.

Кор аз болои таъсиси аввалин бонки комилан рақамӣ дар Тоҷикистон

Ҳоло тими Ганҷина барои таъсиси аввалин бонки комилан рақамӣ дар Тоҷикистон фаъолона кор карда истодааст. Барои ин онҳо як барномаи мобилиро таҳия мекунанд, ки он асоси ин бонки муосир (необонк) хоҳад шуд.

“Ҳадафи мо ин аст, ки ба мизоҷон хизматрасониҳои муосир ва қулайи молиявиро бо истифода аз технологияи навтарин барои таъмини таҷрибаи бехатар ва самараноки корбарон пешниҳод кунем.

Инчунин нақша дорем, бо шарикони асосӣ ҳамгиро шавем ва бо танзимгарони маҳаллӣ ҳамкории зич дошта бошем, то боварӣ ҳосил кунем, ки маҳсулоти мо ба талаботи бозор ва ниёзҳои корбарон мувофиқат кунад. Итминон дорем, ки барномаи мобилии мо дар бахши молияи Тоҷикистон ва берун аз он як қадами инқилобӣ хоҳад буд”,- гуфт аз нақшаҳояш Ганҷина.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend