fbpx

Аз Тоҷикистон 646 нафар барои кор ба Британия рафтаанд

Ин шумора нисбат ба соли гузашта 260 нафар бештар аст.


0
Тоҷикон барои кор ба Англия мераванд

Барои кор дар Британияи Кабир аз Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 646 нафар муҳоҷир шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 260 нафар бештар аст. Дар ҳамин давраи соли 2022-юм 386 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд.

Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, барои кор дар Британияи Кабир ба вазорат то ҳол беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Кор дар Британияи Кабир барои шаҳрвандони Тоҷикистон самти нав буда, Вазорати меҳнат аз соли гузашта дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир барои фиристодани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин кишвар оғоз кард.

Инчунин, 10-уми октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи тоҷикистониён ба ин кишвар раҳсипор шуд. Вале баъдтар бо сабаби риоя нашудани қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик пешниҳоди квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.

Дар ин замина, тавре дар Вазорати меҳнат гуфтанд, Русия самти асосии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Русия 663 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи патент расман дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад кам аст.

Ҳамчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳо зерин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд:

Туркия – 99 нафар;

Латвия – 52 нафар;

Литва – 63 нафар;

Венгрия – 23 нафар.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend