Аз тирпаронӣ то мулоқоти ҷонибҳо. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ шуду чӣ гузашт?

Имрӯз, 13 апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии навбатӣ дар сарҳад баргузор гардид. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки неруҳои марзбонии ҳарду ҷониб аз хати марз пас гирифта мешавад. 

Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, аз ҷониби Қирғизистон фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси вилояти Суғд..

“Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи тирпаронии шаби гузаштаро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қӯшунҳои ҳарду тараф ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд. Масъулон аз ҳарду ҷониб хостори таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ гардида, таъкид карданд, ки сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад”, – омадааст дар хабарнома.

Ба иттилоъи манбаъ, ҷонибҳо бо баррасии тирпаронии шаби гузашта,  ба тавофуқ расиданд, ки неруҳоро аз хатти марз ба маҳалли будубошашон пас мекашанд ва сабабу омилҳои ҳодисаи дирӯзаро пурра омӯхта мумаян мекунанд.

Акс аз сомонаи Азия плюс

Чӣ ҳодиса рух дод?

Ба иттилоъи Радиои Озодӣ, шоми 12-уми апрел дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд тирпарронӣ ба амал омад. Дар ин тирпарронӣ сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим арзёбӣ мешавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани як сарбозаш хабар дод.

Ба нақли шоҳидон, “марзбонони Қирғизистон луқмапартоӣ кардаанд ва дар натиҷаи баҳси лафзӣ тирпарронӣ сурат гирифтааст.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе гуфтааст, ки гуё сарҳадбонони тоҷик “бо вуҷуди ин ки низомиёни қирғизро диданд, ҳаракатшонро ба самти хатти шартии марз идома доданд”.

Марз дар ин минтақа пурра муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва тарафи Тоҷикистон низ борҳо марзбонону шаҳрвандони Қирғизистонро ба ғайриқонунӣ гузаштан аз марз гунаҳкор кардааст.

Дар хабар омадааст, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.

Дар изҳороти мақомоти иҷроияи вилояти Суғд омадааст, ки “айни замон вазъ дар сарҳад муътадил буда, сокинон ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд. Вазъ зери назорати мақомоти қудратии ду тараф қарор дошта, қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонида шуд”.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии шадиди мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод.

Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Skip to toolbar