fbpx

Аз тасвири манзара ба сабки реализм. Чӣ тавр рассоми тоҷик дар Кипр асарҳои мондагор офарид

Дар умум Пайрав дар Кипр 140 асар офаридааст.


-1
-1 points
Рассоми тоҷик
Пайрав Гулов

Пайрав Гулов, рассоми тоҷик бо сафари эҷодии 18 рӯза ба Кипр рафт, вале 2 солу 7 моҳ он ҷо монд. Ин сафар дар эҷодиёти ӯ дигаргуниҳои зиёд овард. Рассом акнун асарҳои худро бо сабки реализм офарида, бо нигоҳи комилан нав эҷод мекунад. Муаллифи Your.tj бо Пайрав ҳамсуҳбат шуда, оиди фаъолияти эҷодии ӯ нақл кард.

Ҷоизадори Академияи рассомони Чин

Пеш аз он, ки Пайрав ба Кипр сафар кунад, миёни ҳамкасбонаш шинохта буд ва равиши кори худро дошт. Рассом бештар дар жанрҳои манзара ва портрет эҷод мекард.

Асарҳои ӯ дар шаҳрҳои Москва, Пекин, Бишкек, Алма-Ато ва Душанбе ба намоиш гузошта шуда буданд.

Соли 2016 дар намоши байналмиллалии “Рассомон барои сулҳ”, таҳти унвони “Дурдонаҳои Роҳи Абрешим”, ки дар Душанбе доир шуд, офаридаҳои Пайрав дар қатори рассомони 30 кишвари дунё аз беҳтаринҳо дониста шуд ва ӯ Ҷоизаи Академияи рассомони Чинро сазовор гардид.

Ҷоизаро ба Пайрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсан супорид. То он вақт рассом соли 2013 дар чунин намоишгоҳҳои баналмиллӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхайи Чин ширкат карда буд.

Рассоми тоҷик аз президенти тоҷикистон ҷоиза мегирад

“Аз соли 2013 мустақиман ба намоиши асарҳо дар беруни кишвар оғоз кардам. Ба ман барномаи махусусе, ки Чин барои рассомони увзи СҲШ таҳти унвони “Роҳи Абрешим” рӯи даст гирфтааст кӯмак кард”,- афзуд қаҳрамони мо.

Инак, шаш сол боз Пайравро пайиҳам ба намоишгоҳҳои рассомони кишварҳои хориҷа даъват мекунанд.

Ҳунаре, ки бо хун ворид шудааст

Пайрав Гулов 40 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов аст. Баъдан фаъолият ва ҳунарашро ба назар гирифта, устоди санъати рассомӣ Сабзалӣ Шарифов ба курси худ ба Донишкада давалтии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон беимтиҳон қабул мекунад.

Қаҳрамони мо аз кӯдакӣ ба расмкашӣ ҳавас дошт.

“Бародарам Парвин, ки расм мекашиду дар Коллеҷи рассомӣ таҳсил мекард намунаи ибрат ва манбаи илҳоми ман буд. Ман бо пайравӣ ба ӯ расм мекашидам,- ба ёд овард Пайрав.

Дар аввал ба кашидани расми ҳунармандони кино шавқ доштам. Асосан расми ҳунармандони Голливуд ва Болливудро мекашидам”,- афзуд қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ӯ дар мактаб ба ҷуз расмкашӣ ба дигар чизе таваҷҷуҳ надошт. Махсусан, фаннҳои математика ва дигар фаннҳои дақиқро бад медид.

“Дар қатори охирин нишаста, фақат ба кашидани расм машғул мешудам”,- гуфт бо табассум Пайрав.

Рассоми тоҷик ҳангоми кор

Рассом мегӯяд, ҳунари ӯ авлодист. Ғайр аз бародараш чанде аз хешовандони наздикаш низ аз рассомони номии кишваранд.

“Писари аммаам Далер Миҳтоҷов рассоми машҳур ҳастанд. Падарам устоди Донишкадаи омузгорӣ аст ва хушнависӣ (коллеграфия) мекунад. Писари панҷсолаам низ ба ин ҳунар шавқ дорад ва аллакай маҳсули эҷодашро мебинам”,- қайд намуд Пайрав.

Ӯ баъди хатми донишкада бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан рафта, баъди адои он ба ҳайси омӯзгор дар ин мактаби олӣ ба фаъолият мепардозад.

Ҳоло ӯ ба фаъолияти озоди рассомӣ машғул аст. Ӯ аз аввалин иштирокаш дар дар фестивали “Аржанг” дар соли 2005 ёдовар шуд, ки он вақт тасвире бо номи “Манзараи Қаратоғ”-ро ба намоиши гузошта буд.

Роҳ ба Кипр ва кашфи ҷаҳони нав

Январи соли 2020 Пайравро барои кори эҷодӣ ба Кипр даъват мекунанд. То Пайрав се гуруҳи рассомони тоҷик бо ин барнома дар Кипр кор кардаанд.

Ӯ мегӯяд ин барнома аз ҷониби як миллиардери турк Суатбей Гюнсел тарҳрезӣ шудааст. Тариқи он аз тамоми минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Марказӣ расомонро барои муддате даъват мекунад.

“Вақте даъватномаро ба даст гирифтам, дар дилам тарс доштам, ки чӣ гуна он ҷо кор ва эҷод карда метавонам. Чун гуруҳе, ки пеш аз ман рафта буданд, аз душвории кор дар ин барнома мегуфтанд. Ҳамин тавр, мо чор нафар барои 18 руз ба Кипр рафтем”,- нақл кард Пайрав.

Рассоми тоҷик дар Кипр

Мувофиқи барнома рассомон бояд ду ҳафта кор мекарданд ва агар корашон писанд ояд, метавонистанд 45 рӯзи дигар он ҷо бимонанд.

“Мо корро сар кардем. Баъди 18 рӯз якҷо бо рассомони қазоқ намоиши корҳоямонро баргузор кардем. Намоиш хуб гузашт. Ба ман гуфтанд, ки имкони 45 рӯзи дигарро пайдо кардам. Дар ин муддат бояд 20 кори худро ба намоиши шахсӣ мегузоштам. Ман ин пешниҳодро қабул кардам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Нахустин намоиши шахсӣ ва аввалин муваффақият дар Кипр

Ӯ 12-уми майи соли 2020 ҳамроҳи рассомони Украина ва Қазоқистон намоиши шахсиашро ташкил кард. Масъулони барнома Пайравро ба назди худ даъват карда, гуфтанд, ки имкони боз ҳам бештар кардани муҳлати сафарро пайдо кард. Рассом бе ягон дудилагӣ пешниҳодро қабул мекунад.

“Дар Кипр шароити эҷодӣ хуб аст. Мо дар меҳмонхонаи беҳтарин қарор доштем ва дар устохонаҳои махсус кор мекардем. Ҳама маводи зарурӣ барои расмкашӣ буд. Фикри ҷустани ранг ва е молбертро намекардем.  Он ҷо будан ва эҷод кардан кайфият дорад”,- афзуд Пайрав.

Ӯ мегӯяд, барои осорхонаи таърихие асар меофариданд, ки бояд ҳамон вақт ба истифода медоданд. Аз рӯи нақли Пайрав ҳатто дар интихоби мавзӯъ низ озод буданд.

Тасвири рассоми тоҷик бо номи "Футболи амрикоӣ"дар Кипр

 

“Баъдан ба мо пешниҳод шуд, ки асари калон офарем. Онро бояд дар андозаи 4 х 2,60 м тасвир мекардем. Ин аввалин таҷриба барои ман кор бо асар дар андозаи калон буд. Чӣ тавре гуфтам, интихоби мавзӯъ озод буд.

Пеш аз ин саҳнаи “Бузкашӣ”-ро тасвир карда будам. Фикр карда, ба хулосае омадам, ки саҳнаи футболи амрикиро рӯи қоғаз меорам. Ҳамин тавр ба асарам низ “Футболи амрикоӣ” ном додам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

“Тасвирҳои тоҷикӣ” дар Кипр

Пайрав кӯшиш мекард, ки бо офаридаҳои худ ҳаёти мардуми тоҷикро низ инъикос кунад. Азбаски дар ин барнома ба асарҳои абстарктӣ он қадар хуб қабул намешуданд, рассомон аз ҳаёту воқеият тасвирҳо меофариданд. Пайрав низ дар рафти барнома расми як муйсафеди иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватаниро ба қалам оварда, ба он “Хотира” ном дод.

“Мӯйсафедро он тавре тасвир кардам, ки ба ордену медалҳои бешумораш назар мекард ва кабӯтарон болои сараш дар парвоз буданд”,- шарҳ дод рассом.

Тасвири мӯйсафеди тоҷик

Эътирофи ҳунари Пайрав

Асарҳои дигари ӯ бо номи “Гӯштигирӣ”, “Суҳбат” ва монанди инҳо дар ин барнома ҷойи худро ёфтанд. Ба гуфтаи Пайрав худи маблағгузори барнома низ ба офаридаҳои ӯ таваҷҷуҳ кардааст.

“Худи Суатбей Гюнсел маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки дар асарҳоям бештар чеҳраҳои миллӣ меофарам. “Ин хуб аст, ки ту патриоти миллатат ҳастӣ, агар боз ин ҳамаро дар ҳаракат тасвир карда тавонӣ олӣ мешавад”,- маслиҳат дод ӯ. Ҷаноби Суатбей Гюнсел шахсан пешниҳод кард, ки боз чанд муддати дигар дар Кипр бимонам. Ҳамин тавр, сафари эҷодии ман 2 солу 7 моҳ давом кард”,- афзуд қаҳрамони мо.

Тасвири рассоми тоҷик

Муҳити эҷодӣ ва Кипр маро ба куллӣ тағйир дод, ҷаҳонбинӣ ва самти кори ман дигар шуд, мегӯяд Пайрав.

То сафар ба Кипр, ба гуфтаи худаш рафтан бештар бо пайравӣ ба дигарон тасвир мекардам.

“Ҳоло фикр мекунам он корҳои аввалаам нисбатан хом ва сода буданд. То одам ба кишваре сафар накунаду набинад чизи хуб офарида наметавонад. Он ҷо рассомони ҷаҳонӣ бо мо вомехӯрданд. Дар ҳар хусус суҳбатҳо мекарданд. Маслиҳат медоданд, ки ҳангоми эҷод ба эҳсос дода нашавем ва сабру тоқатро пеша кунем”,- гуфт Пайрав.

“Роҳи Аврупоро бояд боз намоям”

Пайрав Гулов дар муддати 2 солу 7 моҳ дар Кипр ду маротиба намоиши асрҳои шахсии худро баргузор кардааст. Ӯ 40 асри калонҳачми худро ба намоиш гузошта, боз дар 30 намоиши дигар асарҳои хурдашро пешниҳод кардааст. Дар умум Пайрав дар Кипр 140 асар офаридааст.

“Дар Кипр ба хулосае омадам, ки вақте ба Тоҷикистон баргаштам, дигар дар самти реализм эҷод хоҳам кард. Ҳоло ният дорам, ҳама асарҳои дар Кипр офаридаамро дубора эҷод карда намоиши шахсии худро дар Душанбе баргузор кунам”,- мегӯяд Пайрав.

Офаридаҳои рассоми тоҷик

Рассом ҳамзамон ният дорад ба Аврупо сафар кунад у мегуяд агар дар як пай истад у ва ҳунараш оҳиста оҳиста нест мешавад.

“Соли 2016, вақте президенти ба ман ҷоиза месупорид, гуфта буд: “Тоҷикистонро фақат бо чашм тасвир накунед, онро бо қалб тасвир кунед. Тоҷикистон одамони зебо дорад”. Ин суханон доим зеҳнам чарх мезананд. Ман бояд ба галереяҳои Фаронса, Олмон, Голландия ва дигар кишварҳои Аврупо роҳ ёбам”,- гуфт Пайрав Гулов.

Абдураҳмон Раҳмонов, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend