Аз ташхиси штами нави коронавирус дар Душанбе то ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи РБК

Ҳамаи мусофирони ба Тоҷикистон меомадаро аз ташхиси “бритониёӣ” -и коронавирус мегузаронанд

Дар давоми ду ҳафтаи охир ҳамаи мусофироне, ки аз дигар кишварҳо ба Душанбе меоянд аз ташхиси ҳатмӣ гузаронида мешаванд. Озмоиш ройгон мебошад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Your.tj хабар доданд, озмоишҳои тестӣ барои пешгирии воридшавии штамми нави “Бритониё” -и коронавирус ба кишвар гузаронида мешаванд. Озмоишро дар лабараторияҳои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ мегузаронанд.

Аммо ҳеҷ яке аз мусофирон ба ҷойҳои карантинӣ фиристода намешаванд: пас аз сабти маълумот, онҳоро ба хона ҷавоб медиҳанд.

Чунин озмоиши ҳатмӣ барои мусофироне, ки ба Хуҷанд меоянд, анҷом дода мешавад. Ва ҳамон тавре ки ройгон.

Ҳушдори КҲФ аз сардии шадиду яхбандӣ: беш аз 40 дараҷа хунук мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки давоми се рӯзи оянда дар кишвар ҳавои номусоид хоҳад буд.

Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ – 36-41 дараҷа, дар Бурункул – 51-53 дараҷа сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст”

Президенти Тоҷикистон ҳангоми ироаи паёмаш ба парлумон гуфт, ки аз оғози моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон дигар мавридҳои сироят шудан ба коронавирус сабти ном нашудааст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин маънои онро надорад, ки мо қоидаҳои беҳдоштии инфиродиву ҷамъиятиро сарфи назар кунем. Ӯ гуфт, “Худоро шукр мо ба вазъе, ки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ рух дод, дучор нашудем”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба боз шудани дари масҷидҳо ишора кард ва гуфт, ки агар масҷидҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, дари онҳо баста шаванд. Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ба эҳтиёткории ҷиддӣ даъват кард.

Дар Тоҷикистон имрӯз, 26-уми январ низ ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст. Аз оғози пандемия то имрӯз 13308 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, аз он 13218 нафарашон шифо ёфта, 90 нафари дагирашон фавтидаанд.

Дар кишвар аз 11-уми январ инҷониб ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Қитъаи замин ба ширкати навбатӣ барои сохтмони меҳмонхонаи пуршукӯҳ дар пойтахт

Меҳмонхонаи нави муосир дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар доираи лоиҳаи сохтмони бинои баландошёнаи бисёрсоҳавӣ бунёд мегардад.

Дар қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки ҳудуди 1 гектар қитъаи замин аз ҳисоби Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” гирифта шуда, барои бунёди маҷмааи бисёрошёна бо меҳмонхонаи муосир ба ихтиёри ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” дода шавад.

Дар санад қайд мешавад, ки ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” барои бунёди маҷмаа 0.69 гектар гулгашт ва чаманзори боғи “Ҷавонон” ва 0.24 гектар пайроҳаҳои пиёдагардро мегирад.

Нафақаи маъюбон то 50% зиёд мешавад

Аз моҳи сентябр нафақаи кӯдакони маъюби то синни 18-сола 20 дар сад ва маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда мешавад. Ин дастурро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти марбутаи давлат дод.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи маъюбони дигар низ 20 дар сад зиёд карда шавад. 

Ӯ иброз намуд, ки дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва маъюбони гурӯҳи якум 50 дарсад зиёд карда мешавад. То зиндагии афроди осебпазири ҷомеа беҳтар карда шавад».

Ҳамзамон президенти кишвар ба ҳукумат супориш дод, ки барои бунёди се мактаб-интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯйӣ намоянд.