fbpx

Аз таъйини муовини аввали сарвазир то ректори нави ДМТ. Дар тағйироти кадрӣ киҳо чӣ вазифа гирифтанд

Дар Тоҷикистон якчанд кадрҳои вазифаҳои роҳбарикунанда ҷой иваз карданд.


0
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16-уми январи соли 2024, якчанд тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ки беш аз як сол инҷониб холӣ буд, таъйин гардид.

Ба ҷойи ӯ Фирдавс Толибзода, ки то ин лаҳза муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст.

Фирӯз Шарифзода, ки то ин лаҳза муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, муовини якуми раиси ин бонк таъин гардидааст.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ, ки то ин замон раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буд, аз вазифа озод ва ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси “Амонатбонк” таъин гардидааст.

Тағқироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Коллажи “Азия-Плюс”

Инчунин, Қобилҷон Хушвақтзода, ки то ин вақт ректори Донишгоҳи миллли Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ, ҳамакнун президенти пешини Академияи илмҳои ҶТ, раиси Кумитаи тозатаъсиси таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии ҳамакнун собиқи президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз вазифа озод ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудааст.

Бо фармони дигари президент Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод ва ба ҷойи Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.

Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъин гардидааст.

Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ин ниҳод навтаъсис буда, Файзуллозода аввалин роҳбари он мебошад.

Бо фармони президент, Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend