fbpx

Аз тақвими махсус то “прчумбандӣ”. Чӣ тавр мардуми Вахон суннатҳои Наврӯзиро нигоҳ медоранд

Дар водии Вахон омодагӣ ба ҷашни Наврӯзро соатбини деҳа (халифаи деҳа) ва ё деҳоти атроф маълум мекунад.


1
1 point

Наврӯз ҷашни қадимаи миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Дар саросари Тоҷикистон ин ҷашни аҷдодиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Мардуми ҳар як минтақаи Тоҷикистон анъанаву суннатҳои наврӯзии худро доранд. Масалан дар водии Вахони ВМКБ рӯзи ҷашни Наврӯзро аз рӯи баромаду нишасти офтоб муайян мекунанд. То омадани ид онҳо омодагии махсус мегиранд. Муаллифи Your. tj дар бораи суннатҳои наврӯзии мардуми Вахон қисса мекунад.

Тақвими махсус

Наврӯзи Аҷам дар Вахонзамин бо номи Шогун ё худ Шогын маъмул аст. Дар қатори дигар мардумони машриқзамин бо риояи расму оини гузаштагон Шогун дар рӯзи даромадани бурҷи Ҳамал ҷашн гирифта мешавад. Нишонаҳои фарорасии моҳи ҳамал дар гузашта аз мушоҳидаи харакати Офтоб муайян мешуд. Дар теғаи кӯҳҳои ҷанубу ғарб ҷое, ки Офтоб паси кӯҳ мешинад, нишонаеро интихоб мекарданд. Ҳангоми ба ин нишона расидани Офтоб даромади моҳи ҳамал ҳисоб мешуд.

Мардони деҳа чанд рӯз пайи ҳам дар яке аз баландиҳое, ки аз он нишасти Офтоб хуб намудор мешуд, ҷамъ меомаданд. Вақте Офтоб ба нишон рост ояд, дасти якдигарро бӯсида муборакбод мекунанд. Рӯзи дигар иди Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар деҳоти алоҳида ба ҷои нишони кӯҳӣ аз санг тақвими офтобӣ сохта мешуд.

Санги офтоббин

Дар деҳаи Ямги водии Вахон «Санги офтоббин» мавҷуд аст. Он дар асри гузашта аз ҷониби олим ва файласуф Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ сохта шудааст. Ӯ тавассути ин санг расидани Офтобро ба бурҷи Ҳамал мушоҳида менамуд ва рӯзи Наврӯзро муайян мекард. Ҷашн гирифтани Наврӯз аз рӯи ин мушоҳидаҳо ба рӯзҳои 16-18 моҳи март рост меомад. Вале аз оғози солҳои дуҳазорум иди Наврӯз дар якҷоягӣ бо тамоми мардуми Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 март қайд карда мешавад.

Дар водии Вахон омодагӣ ба ҷашни Наврӯзро соатбини деҳа (халифаи деҳа) ва ё деҳоти атроф маълум мекунад. Расму русумҳои Наврӯз гуногунанду амалӣ кардани онҳо риояи вақту соатро талаб менамоянд. Зеро агар суннатҳоро дар вақти муаяншуда иҷро накунӣ, то соли оянда дар хонаат бебаракатию бебарорӣ ҳукмфармо мегардад.

“Ходабурӣ”, “Дудазанӣ” ва “Шогункунӣ”

Рӯзи ба нишон расидани офтоб марди хонадон, барои тоза кардани хона навдаи дарозе аз дарахти бед бурида меорад. Пеш аз баромадан ба китфи мард, чун рамзи покизагӣ каме орд мепошанд. Ин маросимро “ходабурӣ” мегӯянд.

Занҳои Вахонӣ

Сипас ба нӯги ходачӯбҳо ҷорӯбҳои сабзи саҳроиро мебанданд, ки ба гуфти мардум бӯйи махсуси онҳо аз омадани баҳор дарак медиҳад. Мард ҷорӯбҳои омодашударо аз равзанаи хона ба дарун дароз мекунад. Зани хонавода бошад, бар ивазаш аз равзана ширинӣ ҳаво медиҳад. Пасон марду зан ба тоза кардани дару девор ва шифти хона машғул мешаванд, ки ин анъана “дудазанӣ” ном дорад.

Тибқи анъана дар анҷом ҷорӯберо, ки бо он шифти хонаро тоза кардаанд, тавассути рудз (равзанаи хонаи бадахшонӣ) мебароранд. Ҷорӯберо, ки бо он фарши хонаро тоза карданд якҷоя бо партовҳо аз дар бароварда, дар ҷои муайяншуда, ки пои одамизод намерасад бурда мепартоянд.

Пасон шурӯъ мешавад маросими “шогункунӣ”, ин анъана ба воситаи орд анҷом меёбад. Зан орди сафедро гирифта бо дастонаш дар деворҳои хона нишона мегузорад.

Шаби рӯзи Наврӯз мардум яке аз либоси куҳнашудаашонро каме орд пошида беруни хона мебароранд. Онро ба тарафе, ки соатбин фармудааст, рӯи девор ё дарахт мемонанд. Он рамзи аз соли куҳан берун кардани моли куҳнашуда, камчиниҳои гузашта ва дарду балоҳоро дорад.

Суманаки бадахшӣ

Мардуми Вахон барои ҷашнгирии иди Наврӯз як моҳ пеш аз омадани фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Яке аз рамзҳои Шогун ин суманак мебошад. Онро дар аввалҳои моҳи феврал дар табақҳои андозаи гуногун дошта, донаи гандумро мемонанд. Ҳар саҳар баробари аз хоб бедор шудан ба он об мепошанд. Ин амал то неш зада сабзидани гандум идома меёбад.

Баъдан сабзаро гирифта, бо даст аз ҳам ҷудо намуда, дар болои оташдон ва ё худ дар офтоб хушк мекунанд. Баъди хушк шудани сабзаи суманак, онро дар дег бирён мекунанд, то ки таъмаш ширин шавад. Марди хона суманаки бирёншударо ба осиёб бурда онро орд мекунад. Ранги орди суманак сурхчатобро мешавад.

Ҷашни Наврӯз

Суманакро субҳи барвақти Наврӯз омода месозанд. Барои омода кардани он субҳи барвақт соати 4–5 зан барои овардани оби солинавӣ меравад. Ин ҳангом ӯро бояд касе набинад ва агар ҳам дид, бо ҳам ҳарф назананд. Аз оби тозаи наврӯзӣ хамир карда суманак омода месозанд.

Инчунин аз ин об ва орди суманак нони суманакин, ки онро “кмоч” мегӯянд, омода месозанд. Вале хӯрдани он дар рӯзи Наврӯз манъ аст. Мардум асосан ду дона “кмоч” яке хурдтар ва дигаре калон омода месозанд. Нони хурдро пас аз се рӯзи иди Наврӯз, калониро бошад пас аз ҳафт рӯзи ҷашни Наврӯз мехӯранд.

Пас аз маросимҳои “дудазанӣ” ва “шогункунӣ”, аҳли оила ба хона ворид мешаванд. Ба хона аввалан кӯдак ё марди оила ворид мешавад. Ҳама навдаҳои зарбедро ба даст гирифта бо овози баланд, “Шогун баҳор муборак!” мегӯянд. Соҳибхоназан лаъличаи орд дар даст “Ба рӯи Шумо муборак” гуфта, ба китфи рости онҳо орд мепошад. Сипас ҳамаро ба сари дастархони Наврӯзӣ таклиф менамояд.

Соатбин

Пасон то оғози маросими “хонагаштак” мардум базми Наврӯзӣ меороянду ба бозӣ машғул мешаванд. Сипас мардум либоси идона мепӯшанд. Дар даст нони махсус бо номи “бирӯх” ба табрики якдигар хона ба хона мегарданд.

Пчрумбандӣ – кашидани роғҳои аввалин

Дар Вахон ба саҳро баровардани говҳои корӣ низ яке аз суннатҳои наврӯзист. Баъди анҷоми бозиҳо, дар охири рӯз мардум говҳои кориро ба саҳро мебароранд. Мардони деҳа бо аҳли оила ба саҳро баромада чамъ мешаванд. Ҳар хонавода таом пухта ба саҳро мебарорад.

Тухми гандум пошида ва роғи аввалин кашида мешавад. Ҳама якдигарро ба фарорасии кишту кори баҳорӣ муборакбод менамоянд. Бегоҳии рӯзи Наврӯз боз як расми наврузӣ руйдод мегардад. Ин расмро “пчрумбандӣ” меноманд. Мазмуни ин кор то офтобрасии рӯзи дуюм бастани роҳи бегонагон ба хона дар арафаи соли нав мебошад.

Дастбусӣ

Пчрумбандӣ аз ҷамъ омадани аҳли оила дар хона шоми рӯзи Наврӯз баъди бозиҳо сар мешавад. Ҳар аъзои оила мешитобад то, ки аз он берун намонад. Дар акси ҳол дарвозаҳо баста мешаванд. Мардону ҷавонон ва наврасони кӯча ба хонаи аввал меоянд. Баъди тановули ғизо соҳибхоназан ҷомаро ба сар монда, косача ё пиёлаи орд дар даст бо гурӯҳи мардону писарон ба ҳавлӣ мебароянд.

Мард яке аз мазруҳои киштро, ки дар даст дорад дар рӯи хок пошида, бо чӯбдаст ё бел роғ мекашад. Соҳибхоназан ба рӯи тухму роғ орд пошида, якдигарро ба оғози кишту кори баҳорӣ муборакбод менамоянд. Ҳарду бошитоб, зан ба сӯи хона ва мард ба рӯи боми хона мебарояд.

Мардони дар хона буда баъди вориди хона шудани зан дарро маҳкам мекунанд. Зан қошуқи чӯбине, ки дар рӯи дарунаш ду чӯбчаи чиликмонанд баста шудаанд, ба шалпаи пойи рӯи бом гӯш медиҳад. Онро ба воситаи равзан ба рӯи бом ҳавола медиҳад.

Марди рӯи бомбуда ба воситаи равзан даруни хона дон мепошад ва муборакбод мекунад. Аз рӯи расм донпошӣ ва қошуқфиристонӣ бояд бо ҳам дар як вақт ба амал оянд. Агар қошуқ болои бом бо рӯй афтад, нишони фаровонии ширу дуғ аст. Агар ба пушт афтад, фаровонии ғалларо интизор мешаванд.

Дудазанӣ

Образи “Хоҷаи Хизр”

Марди донпош яке аз писарбачагони наврасро ба пушт мегирад. Ба сараш ҷома пӯшида, онро дар образи Хоҷаи Хизр ба хона дароварданӣ мешавад. Дари бастаро куфта иҷозати вориди хона шуданро мепурсад. Ба аҳли хонабудагон бо овози баланд хабар мерасонад, ки ӯ бо дасти холӣ наомадааст.

Ордпошӣ

Бо овози баланд нидо мебарорад: “Бахт овардем, давлат овардем, давлати Бадахшон овардем, давлати Хатлон овардем, давлати Шуғнон овардем, давлати Ғорон оварда пур кардем”. Ин чанд бор такрор меёбад. Дар кушода шуда, ҳайати даромада “Шогун муборак бод” мегӯянд. Хоҷаи Хизрро дар пойгоҳ, дар рӯи зарфи сафолин ё кандина шинонда ба ӯ ғизо пешкаш мешавад.

Марди донпош бори дигар дуои Шогунро қироат карда, бо ҳайати худ ба хонаи дигар раҳсипор мешавад. Шабонгоҳ ду нафар озмудагон хонагаштак ороста, роҳи ба хона даромадани дигаронро дар рӯзи оянда мекушоянд.

Бибиноз Муродалиева


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend