fbpx

Аз тағйироти кадрӣ то рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Душанбе. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуотии президент

Тағйироти кадрӣ дар сохторщои гуногуни кишвар

Фарҳод Салим сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва писари Абдулмаҷид Достиев муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бораи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин Шараф Шерализода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Орзу Аҳмадзода муовини раиси ин ниҳод ҳам аз мақомҳояшон барканор шудааанд. Шараф Шерализодаро Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин кардааст.

Муовини дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таъин шудааст, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд.

Дар тағйироти имрӯз Хуршед Мирзо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон  ва Саид Зуҳурзода муовини раиси ин кумитаи таъин шудааст, ки то ин вақт сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии ин Кумита буд.

Эмомалӣ Раҳмон Сафаралӣ Қурбонзодаро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширин Солеҳзодаро муовини раиси ин Хадамот таъин кардаааст. То ин вақт Дилшод Музаффарзода мансаби муовини якуми ин ниҳодро дар ихтиёр дошт, ки имрӯз барканор шуд. Зайдулло Мусозода ҳам имрӯз  аз мансаби муовини раиси ин ниҳод озод карда шуд.

Ҷонибек Ҳикмат Исмоил сафир ё намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид  таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Маҳмадамин Маҳмадаминов омад, ки имрӯз бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муродулло Давлатзодаро ба далели ба синни нафақа расидан аз мансаби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардаву вазифаашро дар ихтиёри Абдураҳим Холиқзода гузоштааст. Абдураҳим Холиқзода вакили маҷлис ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон буд.

Ҳамчунин бино ба иттилои расонаҳо Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.  Ба ҷойи ӯ мудири мактаби шумораи 34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ ба ҷойи Назирӣ омадааст.

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, истеҳсоли гӯшт зиёда аз 8% афзудааст

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот нисбат ба семоҳаи соли 2020 6,1% афзудааст. Тавре дар Вазорат зикр мекунанд, истеҳсоли гӯшт 8,1% зиёд шуда, ҳудуди 43 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 300 тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Дар ин росто афзоиши талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, коҳиши воридот, таваррум, болоравии арзиши аслии маҳсулот бар асари гароншавии маводи сӯзишворӣ, хароҷот ба нақлиёт, хӯрокаи чорво, нуриҳои минералӣ ва маводи кимиёвӣ барои соҳаи растанипарварӣ дар болоравии босуръати нарх ба маҳсулоти кишоварзӣ таъсири зиёд расонид. Бо вуҷуди афзоиши истеҳсол, нархи тухму гӯшт боло рафт. Имрӯз дар бозор 1 кило гӯшт 60-70 сомонӣ ва як қуттӣ тухм 35- сомонӣ арзиш доранд.

Ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки тиҷорат дар бозори телекоммуникатсиониро хотима диҳад

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс барои таъмини рушди бахши телекоммуникатсионии кишвар пешниҳод кардааст, ки танзимгари соҳа аз оператори зертобеъи он “Тоҷиктелеком” ҷудо карда шавад. Ин оператор ба дастрасии интернет ба кишвар ва дар фурӯши он ба операторони хусусӣ ҳуқуқи монополӣ дорад. Агар ба Хадамоти алоқа машғул шудан ба тиҷорат дар бозори телекоммуникатсионӣ манъ шавад, ин ба ҷалби сармоягузорӣ, пайдо шудани операторони нави хусусӣ, ҷорисозии зерсохтори муосир, коҳиши арзиши интернет мусоидат мекунад, гуфтааст намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ.

“Вазъияти мавҷудаи марбут ба дастрасӣ ба интернет дар кишвар ба рушди иқтисодӣ монеъа эҷод мекунад, аз ҷумла ба тағйиру бозсозии соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ”, – гуфтааст Олтер.

Тибки раддабандии индекси ҷаҳонӣ, Точикистон байни 140 кишвари дунё аз рӯйи суръати интернети мобилӣ мақоми 128-ум ва аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ байни 175 кишвар – зинаи 99-умро ишғол мекунад.

Писарбачаи 14-сола аз Панҷакент тракторе хурде сохтааст, ки 9 корро анҷом медиҳад

Дилшод Ойматов, хонандаи синфи 7 аз шаҳри Панҷакент, “Трактори ҳамакора” сохтааст, ки 9 намуди корро анҷом медиҳад. Дар олимпиадаи техникони наврас дар вилояти Суғд, Ойматов бо ихтирои худ дар ҳайати дастаи шаҳри Панҷакент сазовори яке аз 9 ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

Ба гуфтаи Дилшод, ӯ тракторро ҳамроҳ бо падар ва муаллимаш дар тӯли як сол сохтааст. Мини – трактори Дилшод 9 намуди корро бо истифода аз дастгоҳҳои гуногун иҷро мекунад. Он аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.

Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Душанбе баргузор мешавад

Дар Душанбе аз 28 апрел то 1 май Рӯзҳои кинои Узбакистон баргузор мешавад, хабар медиҳад “Тоҷикфилм”. Дар доираи ин чорабинӣ ба дӯстдорони кино 3 филми бадеӣ  ва 3 филми ҳуҷҷатӣ пешниҳод мешавад. Намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои ба номи Тоҳир Собиров ва Зебуннисо ба нақша гирифта шудааст ва даромад ройгон мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend