Имрӯз, 18-уми июл дар чанд мақомоту вазоратҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва чанди дигар тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президенти кишвар.
“Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд”, – омадааст дар хабар.
Инчунин бо фармони президент раисони суди шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дӯстӣ, Судяҳои суди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷ, муовинони раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, суди иқтисодии шаҳри Душанбе, суди ҳарбии гарнизони Душанбе, суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҳисоби “кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа” таъин шудааст.
Ҳамзамон бо қарорҳои Ҳукумати кишвар “кадрҳои варзидаю таҷрибадор” ба вазифаҳои муовини вазири маориф ва илм, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, директори телевизиони “Синамо”, муовини сардори Хадамоти алоқа ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъин гардиданд.
Бо амрҳои президенти Тоҷикистон муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, муовини якум ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ “аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо” таъин шуданд.
Дар мувофиқа бо президенти кишвар сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Мурғоб, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз шуданд.
Инчунин тағйироти кадрӣ дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон кормандони “мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона,… омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа…” даъват кардааст.