fbpx

Аз соли нав нархи патент дар Русия гарон мешавад

Кор бидуни патент дар Русия ғайриқонунӣ буда, садҳо муҳоҷир ҳар сол ба ин далел аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.


0
Акс: abmrsk.ru

Бо наздикшавии соли нав мақомоти чанде аз шаҳру минтақаҳои Русия қарори боло бурдани нархи патенти муҳоҷирон кориро дар кишвар эълон карданд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Мақомоти вилояти Новосибирск хабар доданд, ки арзиши иҷозаи кор 11% афзоиш меёбад, аз соли 2026 бошад, нархи патент дар ин вилоят ба 10 ҳазору 860 рубл баробар мешавад, ки 2950 рубл зиёдтар нисбат ба имсол аст.

Ба иттилои мақомоти вилоят, аз 58 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Новосибирск 37 фоизашон шаҳрвандони 🇹🇯 Тоҷикистон мебошанд.

Пардохти моҳона барои иҷозаи кор дар Санкт-Петербург низ аз 1 январ аз 6000 то 8000 рубл зиёд мешавад. Ин болоравӣ ҳам ба Санкт-Петербург ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот қарорро якҷоя қабул карданд.

Дар вилояти Иркутск муҳоҷирон барои патент 12 231 рубл пардохт мекунанд, дар ҳоле ки қаблан нарх 10 900 рубл буд. 28 октябр вакилони кишвари Камчатка арзиши патентро аз 9027 то 13 776 рубл боло бурданд.

Дар вилояти Свердловск тасмим гирифтаанд, ки аз соли нав патент барои муҳоҷирон 9500 рубл мешавад, дар ҳоле ки ҳоло 7500 рубл арзиш дорад.

Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо патент фаъолият мекунанд ва пайваста аз гаронии он шикоят доранд. Кор бидуни патент дар Русия ғайриқонунӣ буда, садҳо муҳоҷир ҳар сол ба ин далел аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқот бо роҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани низоми патентҳоро баррасӣ кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend