Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Аз сил то майзадагиву бемории рӯҳӣ. Дар Тоҷикистон кадом маълумоти тиббӣ бояд махфӣ бошад
Дата публикации: 14:2631.03.2026
Аз бемории сил ва нашъамандиву майзадагӣ то ҳолатҳои носолимии равонӣ – ифшои маълумоти ин бемориҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон манъ аст ва ҳатто ҷазо ҳам дорад.
Аслан, дар қонунгузории Тоҷикистон ҳар гуна маълумот дар бораи ҳолати саломатӣ ва ташхис сирри тиббӣ дониста мешавад. Ҳатто худи муроҷиати инсон ба муассисаи тиббӣ бояд пинҳон монад. Ин меъёр дар моддаҳои 1 ва 49-уми Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст.
Қонун аз табибон ва ҳамшираҳои шафқат талаб мекунад, ки ҳама гуна маълумот дар бораи саломатиро махфӣ нигоҳ доранд. Ифшои сирри бемор бидуни иҷозати хаттии ӯ қонуншикании ҷиддӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди ин, қонун барои як қатор бемориҳои ҳассос, ки метавонанд боиси табъиз шаванд, талаботи сахттар дорад. Ба ин рӯйхат пеш аз ҳама инҳо дохил мешаванд:
Ин бемориҳо дар Кодекси тандурустӣ ба таври ҷудогона ва махсус зикр шудаанд. Кодекси мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Кодексҳои ҷиноятӣ ва маданӣ амал мекунад. Ошкор кардани маълумот танҳо дар вазъиятҳои истисноӣ, ба мисли қарори додгоҳ ё пешгирии эпидемия мумкин аст. Аммо ҳатто дар ин ҳолат ҳам паҳн кардани маълумот дар расонаҳо манъ аст.
Нуктаи муҳим ин аст, ки сирри тиббӣ пас аз марги бемор низ бояд ҳифз карда шавад. Хешовандон ҳуқуқи худкори гирифтани ташхисро надоранд, магар ин ки бемор ҳангоми зинда буданаш розигии хаттӣ дода бошад (ба истиснои ҳолатҳои мерос ё баҳсҳои судӣ).
Агар сирри тиббӣ ғайриқонунӣ фош шавад, бемор ҳуқуқи талаби ҷуброни моддию маънавӣ дорад (моддаҳои 246 ва 247-уми КМ ҶТ). Агар табиб ташхиси шахсро ба корфармо ё дигарон ошкор кунад, мувофиқи моддаи 144-уми КҶ ҶТ ҷарима мешавад: аз 15 600 сомонӣ то 39 000 сомонӣ (аз 200 то 500 нишондиҳанда, ки ҳоло 1 нишондиҳанда 78 сомонӣ аст).
Агар сирри тиббиро на табиб, балки шахси мансабдор (масалан, корманди милитсия ё ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба пойгоҳи маълумот дастрасӣ ёфтааст) фош кунад, ӯ на танҳо бо моддаи 144-и КҶ ҶТ, балки барои “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” низ ҷавобгар хоҳад буд. Инчунин, ҷазои корҳои ислоҳӣ то як сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи фаъолияти касбӣ низ пешбинӣ шудааст.
Дар тасвирбаёни зер шарҳи ҳуқуқии 7 бемории ҳассос, моддаҳои кафолатдиҳандаи махфият ва ҳаҷми ҷаримаҳоро бифаҳмед. Ҳамзамон, ин ҷо ба таври сода нишон дода мешавад, ки чӣ тавр аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намоед.
Меҳрофарин Наҷибӣ, Your.tj
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад