Аз шикасти зиндагӣ то ҳунаромӯзӣ. Чӣ тавр зане дар Бӯстон ба духтарони маъюб ҳунар меомӯзонад

Қиссаи чӣ гуна ба ҳунарҳои дастӣ рӯ овардани Мухбирахон Ҳоҷибоева барои дигар бонувон омӯзанда аст. Ӯ модари ду кӯдаки маъюбиятдошта мебошад. Аз сарнавишти модари танҳо будан руҳафтода нашуд.

Ба ҷойи аз ночорӣ азият кашидан роҳи ҳунаромӯзиро интихоб кард. Бо нӯгӣ сӯзан ризқу рӯзӣ ёфту фарзандонашро ба воя расонид. Вақте малакаву таҷрибааш комил шуд, ба духтарони дорои маъюбият ва модарони онҳо, ҷавондухтарон аз оилаҳои осебпазир ҳунарҳои муҳрабофӣ, дастпонасозиву гӯшворсозӣ, гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, дӯхтани рӯйпӯши бистару ҷилди болишт ва халтаи бисёркарата (шопер)-ро омӯзонд.

Чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон 200 бону барои рушди соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ грантҳои президентӣ ба даст оварданд. Мухбирахон Ҳоҷибоева яке аз ин бонувон буд, ки ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ шуд.

Ӯ роҳбарии Такшилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам”- ро бар дӯш дошта, барои соҳибҳунар шудани бонувони маълул ва модарони онҳо лоиҳаҳои омӯзиширо амалӣ мекунад. Ӯ зимни суҳбат бо Your.tj аз паҳлӯҳи дигари ҳаёташ нақл кард.

“Ду кӯдакам маъюб таваллуд шуд”

Мухибрахон Ҳоҷибоеваи 47-сола зодаи шаҳри Хуҷанд буда, беш аз 20 сол инҷониб дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекунад. Нахустфарзандаш писар аст ва ӯ аз лиҳози саломатӣ мушкиле надорад.

Фарзанди дуюмаш Шоҳсанам ном дошта, соли 2002 маъюб таваллуд шуд. Барои беҳтар шудани вазъи саломатии духтараш муолиҷаҳои зиёд гирифтанд. Аммо табобат натиҷаи дилхоҳ намедод.

“То соли 2010 бо нигоҳубини духтарам машғул будам. Ҳамон сол фарзанди сеюмам, Манучеҳрро таваллуд кардам. Табибон гуфтанд, ки ӯ ҳам маъюбиятдор аст. Пас аз ин дилмонда шудам. Ғам мехӯрдам, ки чаро ду фарзандам маъюб ба дунё омад.

Дар талоши он шудам, ки бачаҳоро чӣ хел дуруст нигоҳубин кунам. Намедонистам, ки барои тавонбахшӣ гирифтан куҷо рафтан лозим.  Дар бораи фаъолияти ташкилоте, ки бо кӯдакони маъюб ва модарони онҳо корбарӣ мекунанд, маълумот надоштам. Танҳо ба нази духтури асабшинос рафтан ва дуо хонданро медонситаму халос”, – бо андуҳ ба ёд овард ӯ.

Вақте бе дастгирии аҳли оила мемонад

Ба бовари ин зани қавирода, Худо барои ҳар бандааш нақшаи худро дорад. Аз ин ҷойи гурез нест. Оилаи вай вайрон шуд, зеро ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надошт. Ҳамсар ва хусуру хушдоманаш ӯро айбдор медонистанд, ки ду бачаи касал таваллуд кард. Пас аз ба дунё омадани Манучеҳр, ки дорои маъюбият аст, аз онҳо рӯ гардониданд.

“Пас аз ҷудо шудан аз шавҳар боз ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ рӯ овардам. Таҳсили нотамомро дар Коллеҷи омӯзгорӣ ба итмом расонидам. Дар курсҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, муҳосибӣ, ҳуқуқшиносӣ низ хонда, соҳиби сертификат шудам. Аз интернет низ худомӯзӣ карда, муҳрабофиро ёд гирифтам. Аз муҳраҳо бофтани нақшҳои атласу адрас ва анорро, ки бо он гарданбанди зебо месозанд, ёд гирифтам”, – қисса кард қаҳрамони мо.

Ноумед нашудан аз хати сарнавишт

Модари танҳо рӯзе кӯдаки хурдиаш Манучеҳрро ба поликлиника барои масҳ гирифтан бурад. Аз ҳамшираи масҳгар, ки худ кӯдаки маъюб дорад, огоҳӣ ёфт, ки дар як ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ барои чунин модарон семинарҳо гузаронда мешавад. Ҳамин тариқ, солҳои 2011-2012 Мухбирахон ба омӯзишҳо ҷалб шуду дарҳои наве барояш во шуд.

“Акнун ношукрӣ намекардам, ки ду фарзандам маъюб аст. Дар семинару тренингҳо иштирок кардам. Нигоҳам ба зиндагӣ фаррохтар шуд. Дар чунин омӯзишҳо бо дигар модарон, ки кӯдакони маъюб доранд, шинос шудам. Мо дарду нигарониҳои ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Рӯзе қарор додем, ки барои дастгирии чунин модарон маслиҳатгоҳе таъсис медиҳем”, – нақл кард қаҳрамони мо.

Такягоҳи беминнат

Вақте Мухбирахон ба омӯзишҳо мерафт, фарзандонашро назди модараш мегузошт. Он кас имрӯз низ ғамхорона бачаҳоро нигоҳубин мекунанд. Ӯ боз нигаронӣ аз он дорад, ки ба модари солмандаш бонӣ кардани ду кӯдаки маъюб мушкилӣ пеш меорад.

“Онҳо ҷисман бардаманд ва рӯҳан маъюб. Хеле серҳаракат ҳастанд, ба ҳама чизи хона мерасанд. Бисёри вақт ҳамроҳи худ ба коргоҳ меорам. Дар як вақт барои нигоҳубини онҳо ва ҳам пеш бурдани кор фурсат меёбам. Барои мо Худованд қувват медодааст”, – афзуд модари ду кӯдаки маъюб.

Мавсуф ҳатто бе хавотирӣ метавонист, ки ба сафарҳои омӯзишӣ барояд. Ба кишварҳои Узбекистон ва Қазоқистон сафари омӯзанда дошт.

“Дар он ҷо низ дидам, ки онҳо барои рушди ҳунарҳои дастӣ эътибори хос медиҳанд. Аз ҳунармандони шаҳри Марғилон сохтани гӯшвори “тоқича”- ро омӯхтам. Баъд рангу нақшҳои миллии худамонро интихоб карда, гӯшвори “тоқича”-и тоҷикӣ сохтам”, – гуфт ӯ.

Ҳамкори дастиёр

Агафия Лопатская зани 75-солаи рус аз рӯзҳои аввали таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам” дар бари Мухбирахон буд. Барои ба воя расонидани фарзандони қаҳрамони мо ҳиссаи калон гузошт.

Агафия Лопатская

Ӯ ҳамроҳи модарон то имрӯз барои пеш бурдани кори ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ҷамъияти “Шоҳсанам” ёрмандӣ медиҳад, зеро собиқаи зиёди кор дар Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстонро дорад.

“Ӯ шахси танҳо ва хеле софдилу меҳрубонест. Фарзанд надорад, чун боре ҳам оиладор нашудааст. Пас аз ба синни нафақа баромадан таклиф кардем, ки ҳамроҳӣ мо кор кунад.

Аз соли 2013 то ба ҳол бароямон дар ҳуҷҷатнигорӣ ва омодакунии ҳиосбот роҳи корро нишон медиҳад. Баъзан агар бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе равам, ба муддати дароз бачаҳоямро нигоҳубин мекунад. Ба ҳар корамон “не” нагуфта дасти ёрӣ мерасонад”, – шарҳ дод роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам”.

“Шоҳсанам” ба духтарони маъюб ва модарони онҳо умеду боварӣ бахшид

Мухбирахон Ҳоҷибоева аз соли 2013 то имрӯз барои пеш бурдани корҳои ҷамъиятӣ, ки ба кӯдакони дорои маъюбият ва волидони онҳо фоидаовар буд, машғул аст. Ӯ ҳунарҳои омӯхтаашро дар доираи лоиҳаҳои мухталиф барои модарони ҷавонони камтавон омӯзонид.

“Духтарам Шоҳсанам ба балоғат расид. Он замон фикр кардам, ки на танҳо волидон, балки ҷавонони дорои маъюбият низ бояд ҳунар омӯзанд. Аз ин рӯ, соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии худро “Шоҳсанам” ном гузошта, фаъолиятро дар миқёси вилояти Суғд ҷонноктар кардем”, – афзуд роҳбари он.

Ташкилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам” то ба имрӯз дар доираи лоиҳаҳо ба беш аз 100 модари кӯдакони маълул, бонувони дорои маъюбият ва духтарон аз оилаҳои осебпазир ҳунарҳои муҳрабофӣ, дастопонасозиву гӯшворасозӣ, гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, дӯхтани рӯйпӯши бистару ҷилди болишт ва халтаи бисёркарата (шопер)-ро омӯзонд.

“Баъзе шогирдони мо, аллакай, соҳиби грантҳои раисони шаҳру ноҳия, вилоят ва гранти президентиро ба даст оварда, фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монда истодаанд. Чанд тан аз духтарон намунаҳои маҳсули дасташонро то ҳол ба назди мо меоранд. Бо онҳо пайваста дар тамосем. Духтарон маҳсули корашонро ба мағозаҳо, намоишҳо мебаранд. Молашонро тариқи вотсап ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мефурӯшанд”, – шарҳ дод Мухбирахон.

Нияти таъсиси сехи дӯзандагӣ

Курсҳои омӯзишии ташкилот дар як ҳуҷраи васеи Маркази салмоатии шаҳри Бӯстон доир мешуд. Ин утоқи кориро ҳукумати шаҳр барои Ташкилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам” ҷудо кардааст. Дар ин марказ ҳамеша тайёранд, ки ба ашхоси хоҳишманд ҳунарҳои дастиро омӯзонанд.

“Ният дорем, ки бо дастгирии ҳукумат сехи дӯзандагӣ барои пеш бурдани фаъолияти модарони кӯдакони дорои маъюбият таъсис диҳем. Дар доираи лоиҳа ҳунарманд Адибахон Дӯстматоваро ба марказ даъват карда будем. Он кас ба бонувон муҳрабофӣ, гӯшворсозӣ, халтадӯзиро ёд дода буданд. Имрӯз аксари шогридон аз рӯйи тавсияҳои он кас кори худро пеш бурда истодаанд”,- қайд намуд бонуи ҳунарманд.

Омӯзишҳо чӣ натиҷа медиҳанд?

Мухбирахон Ҳоҷибоева дар аввали омӯзиш ба ҳар шогирд таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки дар ёд гирифтани кадом ҳунар лаёқати бештар доранд. Баъд онҳоро ташвиқ мекунад, ки дар он ҳунар усто шаванд. Масалан, духтараки нобиное ба назди ӯ ба шогирдӣ меомад. Вай дар хона ҳунари бофандагиро худомӯзӣ мекард.

“Духтарак ба марказ омад, бо духтарони дигар ҳамсуҳбат шуд. Барои аксари онҳо дидорбинӣ муҳим буд. Дар чунин муҳит омӯхтани ҳунар барояшон ҷолиб буд”, – гуфт устоди ҳунаромӯзон.

Қаҳрамони мо бо ифтихор қиссаҳои дигар шогирдонашро, ки имрӯз фаъоланд, нақл кард.

“Намуна барои онҳое, ки дар аробачаи маъюбӣ мешинанд”

Назирахон Қаюмова яке аз хатмкардагони курсҳои омӯзшии Ташкилоти ҷамъиятии “Шоҳсанам” аст. Вай истифодабарандаи аробачаи маъюбӣ буда, аз кӯдакӣ ба дӯзандагӣ шавқ дошт.

 

Ӯ нахуст хост, ки дар назди дӯзандагони маҳаллӣ ин касбро омӯзад. Аммо, онҳо ба завқаш аҳамият надода гуфтанд, ки дӯхтани куртаҳо кори осон нест.

“Таслим нашудам. Ба курси омӯзишии ташкилоти “Шоҳсанам” пайвастам. Бароям рафтуомад дастрас буд, чун дар бинои марказ барои аробачи маъюбӣ пандус насб шудааст. Маҳз аз ин курс мустақилона дӯхтани куртаро ёд гирифтам. Шод шудам, ки ин ҳунарро омӯхтам”, – қисса кард Назирахон.

Пас аз хатми курс ӯ соҳиби гранти раиси шаҳри Бӯстон гардид, мошини гулдӯзӣ харид. Акнун дар хона машғули кор аст. Имрӯз Назирахон на танҳо куртаҳо, балки ҷувздонҳои замонавӣ дӯхта, маҳсулоти худро ба хориҷ низ мефиристад.

Нархи як ҷувздони дастибоф аз 150 то 200 сомонӣ

Нуқрабибӣ Бобоева зани хонашинест, ки бемории каҷшавии сутунмуҳра дорад. Ӯро на дар ҳама ҷой ба кор мегиранд. Вай дар курсҳои ташкилоти “Шоҳсанам” ҷувздонбофӣ ва дӯзандагиро омӯхт.

“Акнун ҷувздон бофта, рӯйпӯшҳо дӯхта, соҳиби даромаде мешавам. Бо бофтани ҷувздонҳо мизоҷони худро пайдо кардам. Ман низ соҳиби гранти раиси вилоят шудам. Як сумкаи дастбоф аз 150 то200 сомонӣ нарх дорад. Рӯйпӯши курпа дӯхтанро низ ёд гирифтам”, – бо хурсандӣ илова кард Нуқрабибӣ.

Як саховатманд ҳамчун хайрот барояш матоъ харида дод. Ӯ аз он рӯйкаши кӯрпаву ҷилди болишт дӯхт. Даромаде, ки аз фурӯхтани онҳо ба даст меояд, ба буҷаи оила кӯмаки калон мерасонад.

Фурӯш тариқи онлайн

Сайёрахон Собирова модари кӯдаки дорои маъюбият аст. Ӯ низ муҳрабофиро хуб ёд гирифт. Имрӯз вай тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсулоташро мефурӯшад.

“Дар аввал фикре надоштам, ки як рӯз маҳсули дастам ризқу рӯзӣ меорад”-, мегӯяд ӯ бо ифтихор.

Муҳрабофӣ холигии ҳаёти Марвориду хоҳаронашро пур кард

Дар миёни шогирдони ҷавони Мухбирахон Ҳоҷибоева духтаре бо номи Марворид фаъолтар аст. Ӯ сокини деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад ва аз меҳри модарӣ маҳрум мондааст. Духтаракро бибиаш ба назди ин ҳунарманд овард. Айни ҳол ӯ дар синфи 10 мехонад.

“Марворид аввал ба ҳеҷ ҳунаре шавқ надошт. Вақте аввалин гӯшворро бо муҳраҳои калон сохта тавонист, ҳавасаш ба ин кор дучанд шуд. Баъд нақшҳоро мустақилона иҷро карда, бофтани гӯшвораву гарданбандҳоро хуб омӯхт”, – гуфт Мухбирахон.

Ӯ ба Марворид доимо насиҳат мекунад, ки дилгир нашавад, ҳаёт мубориза аст. Ба се хоҳари хурдиаш ҳам ҳунар ёд диҳад. Имрӯз Марворид ва се хоҳараш муҳрабофиро омӯхтанд ва мувофиқи фаромиши мизоҷонашон, ки аксарашон духтарони деҳаанд, гӯшвору дастпона мебофанд.

“Фарзандони маъюбро дар хона нигоҳ надоред”

Дар шаҳри Бӯстон Мухбирахон Ҳоҷибоева ҳамчун зани ғамхори маъюбон мешиносанд. Ба корафтодагон тавсия медиҳанд, ки ба ӯ муроҷиат кунанд. Ба назди бонуи кордон модарони кӯдакони маъюбиятдошта зиёд меоянд. Вай рӯҳияи шогирдон ва модарони онҳоро баланд бардоштанӣ мешавад:

“Мо ба модарон мефаҳмонем, ки маъюбӣ поёни зиндагӣ нест. Аз он, ки ду кӯдаки маъюб дорам, ноумед нестам. Худо нақшаи худро дораду ба одамони пурсабру тоқат чунин қисматро муносиб медонад”.

Ӯ ба волидони кӯдакони маълул арз медорад, ки фарзандашонро аз ҷамъият дур нигоҳ надоранд. Онҳоро ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ ташвиқ кунанд, то рӯзе тавонанд, ки луқмаи нонашонро дарёбанд.

“Дар хона бекор нишастан суде надорад. Ба худ мақсад гузошта, касбу ҳунареро омӯхта, ба сӯйи орзуҳо рафтан лозим. Фаромӯш накунем, ки шахси ҳунарманд хору дастнигари кас намешавад”, – хулоса кард қаҳрамони мо.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar