fbpx

Аз шарти арзон шудани нархи чипта ба Русия то роҳбарони бевиҷдони шаҳри Бохтар. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points

Субҳонзода шарти арзон шудани нархи чипта ба самти Русияро гуфт

Роҳбари Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода мегӯяд, азсаргирии парвозҳои мунтазам ба Русия метавонад нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро коҳиш диҳад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ изҳори назар кард. Ба таъкиди Субҳонзода, ваксинатсияи оммавӣ метавонад муҷиби барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия гардад.

То ҳол миёни Русияву Тоҷикистон танҳо чаҳор парвози доимӣ вуҷуд дорад, ки ду парвозро ширкати ватании “Сомон Эйр” ва дуи дигарро “ЮтЭйр” анҷом медиҳанд.

Роҳбари Агентӣ гуфт, ҳамаи парвозҳои дигар ба шаҳрҳои Русия, чартерӣ мебошанд.

Маҳз ҳамин ҳолат боиси гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ мешавад, мегӯяд Субҳонзода. Илова бар ин, нархи гарони сӯзишворӣ аз омили дигари қиматии чиптаи ҳавопаймоӣ гуфта мешавад.

Ба гуфтаи Икром Субҳонзода, қабл аз пандемияи коронавирусӣ ба шаҳрҳои Русия то 34 парвози доимӣ анҷом меёфтанд.

Ҳоло бошад Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори Русия бобати барқарор кардани парвозҳои мунтазам дархост ирсол намуда,мунтазири посухи онҳо мебошад

Фармони Президент: теъдоди прокурорҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон теъдоди кормандони мақомоти додситониро зиёд намуд. Бар асоси фармони президент, ки моҳи равон имзо гардид, ҳадди ниҳоии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ 1145 нафар муқаррар шуд.

Тибқи ин санад, аз ҷумла шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Додситонии кул 207 нафар, мақомоти тобеъ 799 нафар ва Додситонии ҳарбии ҷумҳурӣ 139 нафар муқаррар шудааст.

Раисиҷумҳур Вазорати молияро муваззаф намудааст, ки аз 1 августи соли равон масъалаи таъминоти маошу пардохтҳои иҷтимоии воҳидҳои кории иловагӣ дар мақомоти додситониро ҳал намояд. Маоши воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт мегардад.

Амволи “Умед 88”-ро фурӯхта натавонистанд, “давлат мегирад”

Амволи ширкати як замон машҳури “Умед 88”-ро, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, дар вилояти Суғд ба ихтиёри давлат месупоранд, чун ба иддаои мақомот, “харидор наёфтанд”. Масъулияти фурӯши амволи ширкатро намояндагии Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд ба уҳда дошт.

Ширкати “Умед 88” пас аз як танқиди раиси ҷумҳурӣ дар соли 2017 дучори мушкил шуд ва аз бозори фурӯши маводи нафтӣ берун гардид.  Мақомот қазияи “Умед 88”-ро бештар иқтисодӣ ва ба хатои раҳбари пешинааш медонанд, вале афроди наздик ба ширкат натиҷаи рақобати носолим мепиндоранд.

“Ҳангоми эълони музояда (ауксион) ягон харидор пайдо нашуд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст. Рӯзҳои наздик ба манфиати давлат гузаронида мешавад”, — гуфт Алиҷон Амонзода, сардори намояндагии Хадамоти иҷро дар Суғд.

Фурӯши амволи ширкати “Умед 88”-ро моҳи декабри соли 2018 ба роҳ монда буданд. Нархи умумии онҳо зиёда аз 30 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллари амрикоӣ, ҳисоб шудааст.

Дар ин муддат бо фурӯши ду нуқтаи сӯзишворӣ тавонистаанд, 5 милион сомониро ба буҷаи кишвар ворид кунанд. Ҳоло дороиҳои боқимондаи ширкат дар шимоли кишвар, ки ҳамакнун бояд давлатӣ гарданд, беш аз 25 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Мақомоти гумрук: марзбандии Қирғизистон ба гардиши молии Суғд таъсири назаррас надорад

Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, марзбандии ҷониби Қирғизистон ба коҳишёбии омори арзиши молиявӣ таъсиргузор буда наметавонад, зеро дар гузашта ҳам ҳаҷми гардиши мол бо ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳо чандон назаррас набуд.

Бино ба иттилоъи Исматуллозода дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти мол аз Қирғизистон ба 16,1 миллион доллар баробар будааст, ки ҳамагӣ 2,14 дарсад ҳаҷми воридоти умумӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми содироти мол ба Қирғизистон 2,1 миллион доллар ҳисоб шудааст, ки ин рақам ҳамагӣ 0, 78 дарсад ҳиссаи умумии содиротро ташкил медиҳад. Дар ин давраи соли гузашта, ҳаҷми моли содиротӣ 4 миллион доллар ва ҳисаи умумии содироти мол он замон ба 2,34 дарсад баробар буд.

Масъулони Раёсати гумрук дар Суғд коҳишёбии рақамҳоро дар омори гардиши молиявӣ ночиз мешуморанд. Баъд аз рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар моҳи апрел, Қирғизистон шурӯъ аз моҳи май ба ин тараф марзро бо Тоҷикистон бастаааст.

ВКХ: Тоҷикистон сарфи назар аз тасарруфи манотиқи марзӣ, бо “Толибон” тамос надорад

“Душанбе ҳамеша Кобули расмиро ҳокимияти қонунӣ дар Афғонистон медонад ва ҳеҷ гоҳ бо намояндагони ҳаракати “Толибон” вохӯрӣ ё гуфтушуниде нагузаронидааст”, – изҳор дошт имрӯз, 26 июл ба рӯзноманигорон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазъият дар ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, ба таври ҷиддӣ шиддат гирифт, “лекин сарҳадҳои Тоҷикистон дар ин самт боэътимод посбониву назорат мешаванд”.

Дар робита ба масъалаи гурезаҳо аз Афғонистон вазир гуфт, имрӯз саҳеҳан наметавон гуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар гурезаҳоро аз ин кишвари ҳамсоя қабул карда метавонад.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ӯ ба ақидаи бархе аз ҳамкоронаш дар ҳукумат дар бораи имкони қабули шумораи зиёди паноҳандаҳо аз Афғонистон дар Тоҷикистон розӣ нест.

Раиси Бохтар: “Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон кам нестанд”

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Бохтар роҳбарони бевиҷдон зиёданд.

Ба чунин изҳорот саволи журналистон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва як қатор нуқтаҳои хӯроквории шаҳр боис шуд. Вақте Сиҷоуддин Саломзода дархост намуд, ки ин масъаларо сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳр шарҳу тавзеҳ диҳад, маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ҳамзамон раиси шаҳр зикр кард, ки дарвоқеъ ҳам дар Бохтар бобати риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ мушкилот вуҷуд дорад ва “ба ин масъала ҷиддӣ мебояд машғул шуд”.

Ҳудуди 10%-и барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар меравад

Нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 37,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ ​​содир кард, ки 5,9 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ интиқол ёфтааст, ки 9,1% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ дар ин давра истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Давоми ним сол истеҳсоли неруи барқ каме бештар аз 10 млрд кВт/соатро ташкил додааст, ки 1,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Айни замон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сарфи назар аз қисмати зиёди шимоли Афғонистонро тасарруф намудани намояндагони ҳаракати “Толибон”, ба ин кишвар низ неруи барқ содир мекунад.

Бохти Акмал Муродов дар дувумин рақобати худ дар сабқати ҷудои Олимпиадаи Токио

Акмал Муродов, паҳлавони тоҷик, ки субҳи имрӯз, 27-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд, дар даври баъдӣ аз Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳои олимпӣ маҳрум гашт.

Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал Муродови 25-сола дар зинаи 53-юм ва Тато Григалашвилии 21-сола дар зинаи 3-юм қарор доранд.

Ҳамчунин варзишгарони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Шаббос Негматуллоев низ аз идомаи сабқат дар бозиҳои Олимпӣ маҳрум шуданд.

Таъсиси магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Дар Академияи идоракунии давлатии назди президент магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд. Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба ин зина аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунӣ Абдухалил Ғафурзода ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Дар Академия 3824 донишҷӯ ва магистрант  таҳсил  менамоянд, ки 787 нафарашон тариқи ройгон ва 3037 нафар тариқи пулакӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend