Дар суҳбат бо як зани тоҷик, ки бо ҳамсари бухороии худ се сол боз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад, муаллифи Your.tj дар бораи муҳоҷират, мушкилиҳо, муҳити фарҳангии нав ва сабаби шурӯи фаъолияти блогерӣ маълумот гирифт.
Қаҳрамони мо мегӯяд, Амрико кишвари имкониятҳост, вале танҳо барои онҳое, ки забон медонанд, меҳнат мекунанд ва аз рӯи ниятҳои нек ҳаракат доранд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Аз Кӯлоб то Чикаго
Меҳрбону Ҳамидова зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон аст. Се сол пеш ҳамроҳи шавҳараш баъди бурди Green Card ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кард .
“Мо ҳангоми пур кардани дархост ба Green Card ҳеҷ бовар надоштем, ки бурд мекунем. Зеро на ман забони ангилисиро медонистаму на шавҳарам. Лекин бахтамон яке омад карду ба ин ҷо омадем”,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Пеш аз Амрико Меҳрбону 14 сол дар Русия зиндагӣ мекардааст, аммо ба гуфтаи ӯ, фарқи зиндагӣ дар ин ду кишвар “аз Замин то Осмон” будааст.
“Он чиро, ки мо дар се соли зиндагӣ дар Амрико ба даст овардем, аз 14 соли ҳаёт Русия бештару беҳтар медонам”,- мегӯяд Меҳрбону.
Онҳо феълан дар штати Иллинойс, шаҳри Чикаго зиндагӣ мекунанд. Қаҳрамони мо аз кору зиндагӣ дар ин шаҳр хеле қаноатманд буда, Амрикоро мамлакати орзуҳо медонад. Ба қавли ӯ, дар он ҷо касе аз миллату ҳувиятат намепурсад ва касе ба касе кор намегирад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Вақте аввалин бор ба Амрико расидам, фикр кардам, дар кадом як филме ҳастам. Манзараҳои шаҳр, рафтору кирдори одамон, ҳатто интизориҳо дар фурудгоҳ, ҳамааш ба саҳнаҳои филм монанд буд.
Чаҳор соат интизори парвоз дар фурудгоҳи Чикаго бароям чаҳор дақиқа барин гузашт. Ҳама чиз нав, ҷолиб ва ҳайратангез буд. Ба чеҳраи мардум менигаристам, эҳсос мекардам, ки онҳо мефаҳманд ман нав омадаам”,- нақл мекунад ӯ аз таассуроти нахустини сафараш ба ИМА.
“Мушкили асосӣ надонистани забон буд”
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар ин кишвар бузургтарин мушкили ӯ ва шавҳараш надонистани забон буд.
“Дар аввал гӯё кару гунг будам. Чӣ мегуфтанд намефаҳмидам, ҳар кор вақти зиёд мегирифт. Бе “Google Translator”, умуман ягон кор пеш намерафт. Англисие, ки мо дар мактаб омӯхта будем, кор намедод”,- ба хотир овард бо табассум Меҳрбону.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳоло бошад, ӯ забонро хуб омӯхтааст ва дар мағозаю ҷойҳои ҷамъиятӣ озодона бо забони англисӣ суҳбат мекунад.
Шиносоӣ бо шавҳар ва зиндагии муштарак
Қаҳрамони мо дар синни 19-солагӣ, баъди аз даст додани падару модар, ба назди тағояш ба Русия меравад.
Дар он ҷо дар як ошхона ҳамчун администратор кор мекард ва шавҳараш, ки зодаи Бухорои Узбекистон аст, ба ҳайси ошпаз ба он ҷо ба кор даромад. Бо ҳам шинос шуданд ва пас аз муддате издивоҷ карданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳоло онҳо 12 сол боз оиладоранд ва соҳиби се фарзанд ҳастанд.
Шавҳари Меҳрбону дар як устохонаи техникаи боркаш (трак) ба кор даромад. Ҳоло ӯ устои калон шудааст ва даромади хуб дорад.
Кӯдакони тоҷик дар мактабҳои Амрико
Ду фарзанди калонии онҳо дар Русия таваллуд шуда, кӯдакистонро дар он ҷо хатм карданд. Баъди сафар ба ИМА писари калонӣ дар се моҳ забони англисиро омӯхт ва ҳоло дар мактаби миёна таҳсил мекунад.
“Мо дар хона гоҳе русӣ ва гоҳе бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунем. Аммо то ба ин ҷо омадан фарзандонам танҳо забони русиро медонистанд, зеро дар Русия агар забонашонро надонӣ онҳо масхара мекунанд ва ман намехостам фарзандонам рӯҳшикаста шаванд аз ин рӯ дар хона пурра ба забони русӣ суҳбат мекардем.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳоло дар ин ҷо агар забонро касе надонад писханд намезананд. Сатҳи таълим ҳам хеле хуб аст. Кӯдакон вақте аз боғчаву мактаб бармегарданд табъашон болидаву рӯҳашон тоза аст. Забондониашон низ рӯз то рӯз беҳтар мешавад”,-мегӯяд Меҳрбону
Блог ва орзуи кӯдакӣ
Меҳрбону бо дастгирии шавҳараш моҳи феврали соли ҷорӣ дар Instagram саҳифаи худро кушод ва аввалин навораш ҳазорон бинанда пайдо кард.
“Аз хурдӣ орзу доштам дар телевизион баромад кунам. Вақте бузург шудам, ин орзу хомӯш шуд. Падару модарам аз дунё гузаштанд ва ман маҷбур шудам баъди хатми мактаб таҳсилро давом надиҳам. Аммо вақте ба Амрико омадем, орзуи кӯдакӣ боз зинда шуд”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Бештари наворҳояш дар мавриди зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Амрикост. Ӯ мехоҳад расму одати мардуми тоҷикро дар онҷо нишон дода ва зиндагии онҷоро ба тамошобинон муаррифи намояд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Наздики 75 ҳазор обуначиро ба забон ва фарҳанги худам ошно месозам. Ман бо забони тоҷикӣ сухан мегӯям, на барои лайк, балки барои он ки худам аз он лаззат мебарам”,- мегӯяд Меҳрбону.
Қаҳрамони мо иддао дорад, ки ҳамаи обуначиёнаш воқеӣ мебошанд ва дар муддати хеле кам ҷамъ кардааст. Онҳо худашон ба наворҳои Меҳрбону мароқ зоҳир карда, обуна шудаанд ва рӯз аз рӯз сафашон зиёд мешавад.
“Вақте ягон навори нав мемонам ҳеҷ интизор намешавам, ки наворам чӣ қадар тамошобинро фаро мегирад, ё чанд лайк мегирад. Ин корро барои ҳавасҳои худам мекунам”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Пеш аз сафар ба Амрико ба чӣ бояд омода бошем?
Қаҳрамони мо ба ҳамаи онҳое, ки ният доранд ба хориҷа раванд, маслиҳат медиҳад:
“Аввал забон омӯзед. Агар забонро надонед, ҳатто ягон ариза пур кардан ҳам азоб мешавад”.
Ба гуфтаи Меҳрбону, дар се соли охир дар Амрико шароити зиндагиашро якчанд маротиба беҳтар карда тавонистааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Гарчанде ҳама кор якбора намешавад, вале бо сабр ва талош ҳама чиз имконпазир аст.
Ин кишвар ҳамаро қабул мекунад, вале на ҳар касро мепарварад. Танҳо меҳнат, сабр ва забон туро ба пеш мебарад. Агар инҳоро дошта бошӣ, Амрико кишвари имкониятҳост”,- афзуд ӯ.
Меҳрбону мегӯяд, нафароне, ки мехоҳанд ба Амрико раванд фикр накунанд, ки он ҷо касе ба ҷои онҳо кореро анҷом медиҳад.
“Пеш аз он ки дар бораи ба муҳоҷират рафтан фикр кунед, кишвари сафарро хуб омӯзед, имкониятҳояш барои муҳоҷиронро ба назар гирифта, баъд онро интихоб намоед”,- гуфт дар охир Меҳрбону.
С.У.