Аз расман кушода шудани масҷидҳо то нахустин филми тоҷикӣ-британиягӣ

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс: Нозим Қаландаров

Расман аз 1-уми феврал дари масҷидҳо боз мешаванд

Аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус хабар медиҳад.

Ситод Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва вазорати тандурустиро вазифадор кардаааст, ки дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад».

Дар асоси сенарияи тоҷикдухтар нахустин филми Тоҷикистон — Британия наворбардорӣ хоҳад шуд

Коргардони ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ сазовори ҷоизаи «Сенариянависи барҷаста» -и Мактаби филмҳои Лондон, ки дар онҷо таҳсил мекунад, гардид. Сенарияи пурраметражаи ӯ «Tightrope» («Арғамчин») ғолиб омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Донишгоҳи Мактаби филмҳои Лондон.

Чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар байни шаш номзад сенарияи филми пурраметражи  ӯ «Арғамчин» ғолиб омад.

Сенарияи филм дар бораи сарбозе нақл мекунад, ки пас аз асорат дар Афғонистон ба шаҳри тахайюлӣ бармегардад. Воқеаҳои филм дар пасманзари шаҳри дар ҳоли таҳаввул, ки баъдан он пойтахти давлати нав мешавад, сурат мегиранд.

Сенарияи Собирӣ фавран таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуд. Аллакай бо филмсози машҳури бритониёӣ Люк Шиллер шартномаи истеҳсолӣ имзо шудааст.

Интизор меравад, ки филми нахустини тоҷикӣ-британиягӣ дар Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

Дар Тоҷикистон ҳисобкунакҳои ҳушманд насб мекунанд

Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.

“Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар ҳазина дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст”, – менависад манбаъ.

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт супоранд.

Рӯзҳои наздик ҳавои сард дар назар аст

Бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 22-23 январи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйир меёбад. Дар водиҳо борон борида, ба барфи тар табдил мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барфи сахт хоҳад борид. Ҳаво шабона то 15 дараҷа ва рӯзона то 10 дараҷа сард (ғайр аз ВМКБ) мешавад.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар маслиҳат медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро ҳатман  риоя намоянд.

Кумитаи ба ронандаҳо муроҷиат намуда, огоҳ месозад, ки дар сурати яхбандӣ, ҳавои пурборишу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд ва хуб мешуд аз сафарҳои бе зарурат даст кашанд.

Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ

Бобоҷон Азизов, овозхони шинохта ва маъруфи се даҳаи поёни даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 70-солагӣ бар асари бморие, ки дошт дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, роҳбари дастаи давлатии Шашмақом дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст.

Қарор аст ҷанозаи марҳум фардо, соати 10.00 дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар ҳамон ҷо мадфун шавад.

Бобоҷон Азизов аз овозхонҳои маъруфи солҳои 70-90-уми Тоҷикистон буд, ки соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда буд. Ӯ дар соли 1983 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дар соли 1996 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро барои саҳми чашмгир дар ҳунари овозхонии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Тӯли 8 сол дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қариб 8 баробар афзуданд

Арзиши умумии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон айни замон 2 млрд 566 млн сомонӣ (230 млн доллар) баҳогузорӣ мешавад, қайд мешавад дар Барномаи ҷорисозии низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди дар ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2021-2024.

Масофаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 27 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 14 ҳазор роҳҳои мошингард бо 2232 пул дар тавозун (баланс)-и муассиаҳои дахлдори давлатии тобеи Вазорати нақлиёт ва наздики 13 ҳазор километр роҳи байнихоҷагӣ ва байниидоравӣ дар ихтиёри дигар ташкилоту корхонаҳо қарор доранд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2 ҳазору 768 километр роҳҳо, 5 нақбу 403 пул бо истифода аз технологияи муосир ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ сохта ва таъмиру навсозӣ шуданд.

Ғайр аз ин, бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зиёда аз 600 адад техникаи муосири пешрафта ва таҷҳизот барои тақвияти имконоти техникии муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо харида шудааст.

Айни замон 1619 адад техникаи таъмири роҳоо ва нақлиёти автомобилӣ дар тавозуни муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо қарор доранд.