logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

Your.tj дар суҳбат бо Фирдавс Ёрматов огоҳӣ ёфт, ки чӣ тавр ӯ корро аз сифр оғоз карда, имрӯз рӯ ба рушд аст. Вай бар ин назар аст, ки ҳатто мураккабтарин технология ҳеҷ арзише надорад, агар мушкили воқеиро ҳал накунад.

Файзуллоҳон Обидов

11:5013.10.2026

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

Замоне Фирдавс Ёрматов сарчашма ва ё мутахассисони хуби соҳаи барномасозиро пайдо карда наметавонист, он вақт чун имрӯз курсҳои хуб қариб ки набуд. Ӯ донишро дар интернет меҷуст, ки ин роҳ низ душвории худро дошт. Ба мушкилии дастнорасӣ нигоҳ накарда, вай омӯзишро мустақилона давом дод, аз мақолаву маълумоти муфиде, ки дар блогу сомонаҳои барномасозони хориҷӣ ҷой дода мешуд, омӯхт.

Имрӯз дастаи ӯ экосистемаи рақамии “BARAKAT”-ро бо абзорҳои зеҳни сунъӣ таҳия мекунад, моделҳои маҷозии манзилҳоеро месозад, ки ҳанӯз бунёд нашудаанд ва бо соҳибкорони на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон низ ҳамкорӣ дорад.

Your.tj дар суҳбат бо Фирдавс Ёрматов огоҳӣ ёфт, ки чӣ тавр ӯ корро аз сифр оғоз карда, имрӯз рӯ ба рушд аст. Вай бар ин назар аст, ки ҳатто мураккабтарин технология ҳеҷ арзише надорад, агар мушкили воқеиро ҳал накунад.

Тасаввур кунед, ки шумо соҳиби чанд тиҷорат ҳастед; тарабхона, мағоза ва ширкати сохтмонӣ. Ҳар кадоми онҳо кормандон, муштариён, фурӯш ва ҳисоботи бешуморро дорост. Субҳ бо зангҳои телефонӣ оғоз мешавад, рӯз бо мукотибаҳои пайдарпай мегузарад. Бегоҳӣ зарурат пеш меояд, то маълум кунем, ки супоришро кӣ иҷро кард, фармоиш дар куҷо ба таъхир афтод ва чаро рақамҳои дар ҷадвалҳои овардашуда ба ҳам мувофиқат намекунанд.

Акнун тасаввур кунед, ки ҳамаи ин маълумот дар як ҷо ҷамъ оварда шудааст. Шумо мебинед, ки дар ҳар як тиҷорат чӣ мегузарад, ҳар як корманд ба чӣ ҷавобгар аст ва кадом масъалаҳо ҳалли шуморо тақозо мекунад. Ҳатто зеҳни сунъӣ низ ба кормандон ёрӣ мерасонад, то бо маълумот корбарӣ кунанд.

Маҳз чунин низомро бо номи BARAKAT дастаи барномасозон аз шаҳри Хуҷанд таҳия карданд.

Муаллифи ин лоиҳа Фирдавс Ёрматов, асосгузори гурӯҳи ширкатҳои Tajsoft Group аст. Албатта, ин ягона дастоварди ширкати ӯ нест.

Имрӯз дастаи ӯ технологияҳоеро таҳия мекунад, ки ҳанӯз чанд вақт пеш дар Тоҷикистон тасаввурнокарданӣ буд. Масалан, ба харидорон имкони пешниҳод кардани он, ки ба таври маҷозӣ ба дохили манзилҳое ворид шудан, ки ҳанӯз сохта нашудааст.

Роҳи тайкардаи худи Фирдавс ҷолибтар аз дастовардҳои онҳост. Зеро фаъолияти ӯ на аз зеҳни сунъӣ, балки аз дигар чиз оғоз ёфта буд.

Вақте ки як барнома фаъолияти чанд навъи соҳибкориро якбора бояд дарк кунад

BARAKAT яке аз лоиҳаҳои дорои ҳадафҳои бузурги гурӯҳи ширкати Tajsoft Group мебошад.

Фирдавс онро экосистемаи рақамӣ меномад. Бар хилофи барномаҳои маъмулии баҳисобгирӣ ё низомҳои идоракунии муносибат бо муштариён (CRM), ки ҳар кадом вазифаҳои алоҳидаро иҷро мекунад, BARAKAT бо мақсади муттаҳид сохтани равандҳо ва самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ таҳия шудааст.

”Соҳибкор метавонад дар чанд самт фаъолият дошта бошад, аммо маълумоти марбут ба ҳар кадоми онҳо дар ҷойҳои гуногун нигоҳ дошта мешавад. Барои фаҳмидани вазъият ӯ маҷбур аст ҳисоботро ҷамъоварӣ кунад, мукотибаҳоро ҷустуҷӯ намояд ва ба кормандони масъул занг занад”, - мефаҳмонад ӯ.

Аммо муттаҳид сохтани ҳамаи ин равандҳо дар як низом назар ба он, ки дар назари аввал менамояд, хеле мураккабтар будааст.

Фарз мекунем, ки фармоиши оддӣ омад. Менеҷер фармоиши мизоҷро қабул кард. Сипас маълумоти онро бояд ба анбор, корманди масъули расонидани мол ва роҳбар интиқол диҳад. Аммо агар харидор аз қарори худ баргардад? Агар фармоиш тағйир ёбад? Агар моли зарурӣ дар анбор мавҷуд набошад?

Низом бояд ҳар як тағйиротро ба назар гирад, то як корманд моли мавҷуднабударо интизорӣ накашад, корманди дигар фармоиши нодурустро нафиристад ва ба роҳбар маълумоти кӯҳнашуда нарасад.

Ҳамзамон, равандҳои корӣ дар ширкати сохтмонӣ фарқ дорад, назар ба мағоза ё тарабхона. Ҳар як навъи соҳибкорӣ хусусият ва тартиби кори худро дорад. Зарур аст, ки ҳамаи ин равандҳо бо ҳам пайваст карда шаванд, то кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳо саргум нашаванд.

“Мураккабии таҳияи чунин низом дар он аст, ки бояд ин фарқиятҳо ба назар гирифта шаванд ва дар баробари ин, тартиби кори он барои кормандон фаҳмо боқӣ монад”, - шарҳ медиҳад Фирдавс.

Имрӯз BARAKAT аллакай ба як платформаи мукаммал табдил ёфтааст, ки дар он абзорҳои зеҳни сунъӣ низ ҷой дода шудаанд.

Бо вуҷуди ин, худи таҳиягар имкониятҳои зеҳни сунъиро муболиға намекунад.

Ба андешаи ӯ, технология пеш аз ҳама бояд одамонро аз корҳои зиёдатӣ раҳо кунад. Масалан, барои зуд фаҳмидани таърихи муошират бо муштарӣ ё ҷиҳати омода кардани сиёҳнависи ҷавоб кумак расонад.

”Барои ман арзиши зеҳни сунъӣ аз он вобаста аст, ки он то чӣ андоза ба корманд дар иҷрои вазифаҳои мушаххас кумак мекунад”, - мегӯяд Фирдавс.

Ӯ ҳамеша як нуктаро таъкид мекунад: натиҷаи ниҳоиро инсон бояд санҷад.

Шояд ин муносибат ба зеҳни сунъӣ он қадар таъсирбахш набошад, аммо барои соҳибкоре, ки сарфаи вақти кормандонашро болотар аз фановариҳои нав медонад, таҷрибаи комилан амалист.

Самти фаъолият чанд сол қабл чӣ гуна буд?

Бо Фирдавс Ёрматов хонандагони Your.tj аллакай шиносанд.

Чанд сол қабл мо  чун бунёдгузори Doodle.tj - соҳибкори ҷавон аз Хуҷанд, ки на танҳо бо барномасозӣ машғул буд, балки боз ба дигарон кӯмак мерасонид, то ки ин соҳаро аз худ кунанд, навишта будем.

Таваҷҷуҳи моро он вақт махсусан ташаббуси омӯзишии вай ба худ кашид.

Фирдавс барои ҷавонон, аз ҷумла баҳри онҳое, ки дар оилаҳои камбизоат ба сар мебурданд ва дорои маъюбиятанд, омӯзиши барномасозиро ба роҳ монд.

Дар солҳои аввал 400 нафар аз ин мактаб гузашт. Баъзеҳо ройгон таҳсил карданд.

Дар миёни шогирдон Аҳрорхӯҷа ва Шероз низ буданд, ки дорои маъюбият ҳастанд. Онҳо тавонистанд барномасозиро аз худ карда, мустақилона сомонаҳо ва барномаҳои мобилӣ созанд.

Бояд гуфт, ки Фирдавс барномасозиро дар интернет-кафеҳои шаҳр бештари вақташро гузаронида, мустақилона омӯхта буд. Сафар ба кишвари Малайзия пешорӯи вай роҳҳои наверо боз кард. Ӯ дар он ҷо ба Донишгоҳи LimkokWing дохил шуда, забони англисӣ ва тарроҳии вебро (web-design) омӯхт. Аммо шароити молӣ маҷбур кард, ки ба ватан баргардад.

Соли 2013 ӯ ширкати Doodle.tj-ро таъсис дод. Ширкат бо таҳияи сомонаҳо, барномаҳо ва дизайн машғул буд ва тадриҷан фармоишгароне аз Русия, Қазоқистон, ИМА, Олмон ва АМА пайдо кард.

Ҳанӯз аз ҳамон вақт Фирдавс танҳо ба иҷрои фармоишҳои тиҷоратӣ маҳдуд намешуд.

Вале агар дар қиссаи якуми мо нуктаи муҳим ба он нигаронида шуда буд, ки чӣ тавр барномасози ҷавон барои дигарон имконият фароҳам меорад, пас қиссаи дуюм бозгӯи он аст, ки қаҳрамон то кадом андоза ҳадафҳои бузургро пайгирӣ карда, вазифаҳои мушкилеро иҷро кардааст.

Инак, сухан на фақат дар бораи сомонаҳо ё омӯзиши барномасозӣ, балки дар бораи сохтани маҳсулоти мустақили технологӣ барои тиҷорат меравад.

Эҳтимол, маҳз ҳамин гузариш - аз иҷрои фармоишҳо то таҳияи платформаҳои шахсӣ беҳтар аз пештар нишон медиҳад, ки муносибати ӯ ба кор то чӣ андоза тағйир ёфтааст.

Чӣ гуна хонаҳоро пеш аз сохта шудан дидан мумкин аст?

Рӯзе дар назди дастаи Фирдавс иҷрои вазифае пеш омад, ки натиҷаи он барои ҳар як ширкати сохтмонӣ зарур аст: чӣ гуна ба мизоҷ хонаеро нишон додан лозим аст, ки ҳанӯз вуҷуд надорад?

Ба харидор нақшаи бино, аксҳои зебои дохили хонаи дар оянда сохташавандаро пешниҳод сохта, дар бораи масоҳат ва ҷойгиршавии ҳуҷраҳо нақл мекунанд.

Лекин тамошои нақша як чиз асту фаҳмидану тамошои фазое, ки дар он зиндагӣ хоҳӣ кард, чизи дигар.

Ҳамин тавр, дар зеҳни аҳли гурӯҳ ғояи истифодаи воқеияти виртуалӣ (маҷозӣ) пайдо шуд.

Барномасозон баъди пайдо кардани роҳи ҳалли ин вазифа таҷрибаро на дар хонаҳои мизоҷ, балки дар дафтари кории худ санҷиданд.

Аввал онҳо бо истифода аз воқеияти афзуда (AR) модели рақамии онро сохтанд. Ин имкон медод, ки фазои маҷозӣ бо фазои воқеӣ муқоиса шуда, хатоҳо ёфт ва нодақиқиҳо ислоҳ гарданд.

Сипас ба истифодаи VR — воқеияти маҷозӣ гузаштанд.

Дар як утоқи шинос санҷида шуд, ки тасвир то чӣ андоза воқеӣ ба назар мерасад, оё ҳаракат кардан дар байни ҳуҷраҳои маҷозӣ ва робита бо фазо қулай аст ё не.

Танҳо пас аз ин ба сохтани моделҳои хонаҳо барои ширкатҳои сохтмонӣ шурӯъ карданд.

”Мо тасмим гирифтем, ки ба харидор имкон диҳем, ки ҳанӯз пеш аз анҷоми сохтмон ба таври маҷозӣ дар дохили иншоот қарор гирад”, - нақл мекунад Фирдавс.

Акнун шахс метавонад ҳуҷраҳоро аз назар гузаронад, нақшаи онҳоро беҳтар дарк кунад ва тарҳи ояндаи хонаро пеши чашм орад.

Барои харидоре, ки аз шаҳр ё кишвари дигар аст, чунин имконият басо муфид аст.

Аммо Фирдавс иқтидори ин технологияро васеътар мебинад.

Чаро бо ҳамин тарз меҳмонхонаҳо, музейҳо ё мавзеъҳои сайёҳӣ нишон дода нашаванд? Бо мавзеъҳои ҷолибу диданбоб тариқи маҷозӣ шинос шудан мумкин аст, ҳатто дар масофаи ҳазорон километр дур қарор дошта бошед ҳам.

Ҳоло ширкат таҷрибаи амалӣ бо моделҳои маҷозии хонаҳоро дорост. Имкониятҳо барои рушди минбаъдаи ин самт зиёд аст.

Қисми мушкилтарини барномасозӣ - одамон

Аз суҳбат бо Фирдавс маълум мешавад, ки қисми зиёди кораш чандон ба навиштани рамз (код) алоқаманд нест.

Баъзан дар асл чӣ хостани фармоишгарро фаҳмидан душвор аст, боз бовар кунонидани онҳо барои корбурди низоми нав дучанд мушкил аст.

Масалан, замоне ширкат як барномаи худкорро дар муассисае ҷорӣ кард, ки пештар дар он кормандон одат карда буданд ҳисоботро дар Excel пеш баранд ва онҳоро тавассути паёмрасонҳо фиристанд.

Таҳиягарон низоми ягонаеро пешниҳод карданд, ки бояд корро осон мекард.

Аммо кормандон розӣ набуданд.

Барои онҳо бо тарзи куҳна кор кардан одат шуда буд ва амалҳои нав ба назарашон зиёдатӣ ва ноқулай тофтанд.

Мумкин буд фаҳмонанд, ки барнома муосиртару самараноктар аст, аммо гурӯҳ роҳи дигареро интихоб кард.

Барномасозон ба омӯхтани он машғул шуданд, ки кадом амалҳо воқеан заруранд ва кадоме аз онҳо танҳо корро мураккабтар мекунанд. Дар натиҷа, интерфейс тағйир ёфт ва амалиёти алоҳида сода карда шуданд.

”Агар ягон амали сода дар барнома хеле мураккаб ба назар расад, бояд сабаби онро фаҳмид ва ислоҳ кард”, - мегӯяд Фирдавс.

Ҳолати дигаре ҳам рух дода буд.

Мизоҷ барои як муассиса низоме фармоиш дод. Ҳама чиз кор мекард, то даме ки ӯ тасмим гирифт филиали дуввумро кушояд.

Чунин ба назар мерасид, ки танҳо илова кардани як нуқтаи дигар ба барнома кофист.

Дар амал лозим омад, ки мантиқи кори якбора чанд раванд тағйир дода шавад: ҷудо кардани фармоишҳо, кассаҳо, анборҳо ва кормандон аз рӯи филиалҳо, вале дар баробари ин ҳисоботи умумӣ барои соҳибмулк ҳифз гардад.

Ин ҳолат дастаро омӯзонд, ки пешакӣ на танҳо ба ниёзҳои ҳозираи мизоҷ, балки ба нақшаҳои ояндаи ӯ низ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Як дархости содаи фармоишгар баъзан ҳафтаҳо кори мураккаби техникиро талаб мекунад.

Чаро ворид шудан ба бозори Ӯзбекистон барномасозонро водор кард, ки корҳои худро бознигарӣ кунанд

Дар солҳои охир ширкати Tajsoft Group фаъолияти худро ба бозори ҳамсояи Ӯзбекистон низ густариш дод.

Дар ин кишвар даста барои худ чанд чизро кашф кард. Маълум гардид, ки дуруст кор кардани барнома аз нигоҳи техникӣ ҳанӯз кафолат намедиҳад, ки кормандон аз он истифода хоҳанд кард.

Мушкили аввал забон буд. Барои бисёре аз кормандони ширкатҳои Ӯзбекистон кор кардан бо забони ӯзбекӣ қулайтар аст. Аммо танҳо тарҷума кардани навиштаҷоти тугмаҳо кофӣ нест.

Зарур аст, ки тавзеҳот, дастурамалҳо ва худи раванди омӯзиши барнома низ мутобиқ карда шаванд.

Сипас, боз як нуктаи муҳим ошкор гардид. Вақте ки тамоми имкониятҳои барнома якбора ва муфассал шарҳ дода мешуданд, кормандон на ҳамеша метавонистанд ҳаҷми зиёди маълумотро аз худ кунанд.

Дар натиҷа, барномасозон тарзи кори худро тағйир доданд.

Акнун омӯзиш аз чанд вазифаи асосие оғоз мешавад, ки корманд ҳар рӯз ба иҷрои онҳо ниёз дорад. Вақте ки ӯ истифодаи ин имкониятҳоро хуб аз худ мекунад, омӯзиш ба марҳилаи баъдӣ мегузарад.

"Ин таҷриба ба мо омӯхт, ки забон, сатҳи омодагӣ ва одатҳои кории ҳар як гурӯҳи мушаххаси истифодабарандагонро бодиққаттар ба назар гирем", - мегӯяд Фирдавс.

Ин равишҳои нав ҳангоми кор бо муштариён дар Тоҷикистон низ ба кор омаданд.

Ҳамин тавр, ворид шудан ба бозори кишвари дигар ба даста на танҳо имкон дод, ки ҷуғрофияи фаъолияти соҳибкории худро васеъ кунад, балки ба маҳсулоти таҳиякардааш низ аз диди дигар назар андозад.

Баъзан кофист, ки фармоиш гум нашавад

Бо вуҷуди ҳадафҳои бузург дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва воқеияти маҷозӣ, ки қисми назарраси фаъолияти Tajsoft Group аст, ба ҳалли масъалаҳои одии рӯзмарра низ таваҷҷуҳи махсус бахшида шудааст.

Масалан, чӣ бояд кард, то фармоиши муштарӣ дар тарабхона миёни пешхизмат ва ошхона гум нашавад?

Дар яке аз тарабхонаҳо кормандон фармоишҳоро рӯйи коғаз менавиштанд ва ба ҳамдигар месупурданд. Баъзан хондани навиштаҳо душвор буд, расидҳо гум мешуданд ва бархе фармоишҳо бе иҷро мемонданд.

Дастаи таҳиягарон низоми Tajsoft Restaurant-ро ҷорӣ кард. Пас аз ин, маълумоти фармоишҳо ба таври худкор ба ошхона интиқол меёфт.

Ошпазҳо метавонистанд фармоишҳоро дар телефон ё планшет бубинанд ё онҳоро дар шакли чопшуда дастрас кунанд. Роҳбар бошад, фурӯшро назорат карда, ҳисобот мегирифт.

Барои ширкатҳои сохтмонӣ барномасозон низоми Estate Tajsoft CRM-ро офариданд.

Фирдавс аз як харидор ёд мекунад, ки ба харидани манзил таваҷҷуҳ дошт, аммо тасмим гирифت ҷамъбасти муомиларо ба таъхир гузорад.

Дар чунин ҳолатҳо менеҷер метавонист муштариро фаромӯш кунад ё мувофиқаҳои қаблиро аз ёд барорад. Аммо таърихи муошират дар низом нигоҳ дошта шуд ва корманд сари вақт дубора бо муштарӣ тамос гирифт.

Харидор барои мулоқоти такрорӣ омад ва музокирот бо фурӯши манзил анҷом ёфт.

Фирдавс ва гурӯҳаш барои намояндагони тиҷоратӣ барномаи «Мой Агент» («Намояндаи ман»)-ро таҳия кард. Он имкон медиҳад, ки намояндагон бевосита дар мағозаҳо фармоишҳоро ба расмият дароварда, ба низоми баҳисобгирӣ ирсол кунанд.

Ҳамаи ин маҳсулот аз ҳамдигар фарқ мекунанд, аммо вазифаи асосии онҳо яксон аст: пешгирӣ аз гум шудани маълумот, роҳ надодан ба такрори кори якхела аз ҷониби кормандон ва огоҳ шудани соҳибкор аз вазъи воқеии фаъолияти ширкаташ.

Хатоҳое, ки аз нақли онҳо набояд шарм дошт

Дар тӯли солҳои фаъолият Фирдавс ба хулосаи дигаре низ омад: ҳатто барномасозони ботаҷриба ҳам аз хатоҳо орӣ нестанд.

Боре ҳангоми навсозии маълумот дар бораи дафтарҳои кории ширкат дар сомонаи худи Tajsoft Group, бахши дорои маълумоти тамос тасодуфан нест шуд.

Мушкил зуд бартараф карда шуд, аммо ин ҳодиса дастаро водор сохт, ки муносибати худро ба санҷиши тағйирот бознигарӣ кунад.

Акнун муҳим аст, ки на танҳо дуруст кор кардани имконияти нав, балки таъсир нарасондани он ба фаъолияти бахшҳои дигари низом низ санҷида шавад.

Баъзан кори муҳими мутахассисон дур аз чашми истифодабаранда мемонад. Фирдавс махсусан ду ҳамкори худро ном мебарад: директори техникӣ Ҷамшед ва роҳбари самти 1С Амирҷон.

Ҷамшед ташкили раванди таҳия, қабули қарорҳои мураккаби техникӣ ва ҳамоҳангии равандҳои кориро ба уҳда дорад. Амирҷон ба ҷорӣ намудан ва ҳамгироии низомҳои баҳисобгирӣ машғул аст.

Ба гуфтаи Фирдавс, истифодабаранда маҳсулоти тайёрро мебинад, аммо эътимоднокии он аз қарорҳои зиёде вобаста аст, ки аз ҷониби мутахассисони одатан дар паси саҳна буда қабул мешаванд.

Зеҳни сунъӣ аллакай рамзи барномаҳоро менависад, барномасозонро чӣ интизор аст?

Шояд яке аз саволҳои ҷолибтарини имрӯз ба ояндаи худи касби барномасозӣ дахл дошта бошад.

Агар зеҳни сунъӣ қодир бошад, ки рамзи барномаҳоро нависад, хатоҳоро пайдо кунад ва вазифаҳои такроршавандаро иҷро намояд, оё баъди чанд сол ҳам ба барномасозон ниёз хоҳад буд?

Фирдавс мутмаин аст, ки зеҳни сунъӣ ин касбро тағйир медиҳад, аммо зарурати мавҷудияти мутахассисонро аз байн намебарад.

Зеҳни сунъӣ воқеан ба суръат бахшидани кор мусоидат мекунад. Аммо истифодаи он масъулияти дучандро талаб мекунад, чун маҳз инсон бояд натиҷаи ниҳоиро санҷад.

"Мутахассис бояд ба ҳар ҳол дарк кунад, ки барнома кадом мушкилро ҳал мекунад, чӣ гуна онро бо низомҳои дигар пайваст кардан мумкин аст ва натиҷаи бадастомадаро чӣ тавр бояд санҷид", - мегӯяд ӯ.

Аз ин рӯ, Фирдавс ба барномасозони навкор тавсия медиҳад, ки ҳамзамон бо омӯзиши асосҳои таҳияи барномаҳо, кор бо зеҳни сунъиро низ ёд гиранд.

Аммо муҳимтар аз ҳама, барои ҳар мутахассис инкишоф додани қобилияти мустақилона фикр кардан, дуруст гузоштани вазифаҳо ва арзёбии ҷавобҳои бадастомада ҳатмӣ мебошад.

Дар асл, имрӯз худи ӯ низ маҷбур аст ба ҳамин саволҳо посух ҷӯяд, аллакай дар миқёси як ширкати комил: ба муштариён кадом технологияҳо воқеан заруранд, таҳияи кадом маҳсулотро ширкат бояд мустақилона ба уҳда гирад ва чӣ гуна абзорҳои нав бояд ба нафъи кор истифода шаванд.

Аз хоҳиши мустақилона омӯхтан то таҳияи технологияҳои худӣ

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат солҳои 2025–2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон шудаанд. Ба гуфтаи Фирдавс, ин ташаббус барои дастаи онҳо ангезае бахшид, то маҳсулоти рақамии худро бештар рушд диҳанд.

Аммо агар аз ӯ бипурсанд, ки рақамикунонии фаъолияти як соҳибкории маъмулиро аз куҷо бояд оғоз кард, эҳтимол ӯ дарҳол ҷорӣ намудани зеҳни сунъиро пешниҳод намекунад.

Аввал хоҳиш мекунад, ки тартиби як рӯзи кориро нишон диҳанд.

Фармоишҳо ба куҷо ворид мешаванд? Пардохтҳоро кӣ ба қайд мегирад? Маълумот дар бораи муштариён дар куҷо нигоҳ дошта мешавад? Барои ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ чӣ қадар вақт сарф мешавад?

Танҳо пас аз ин ӯ муайян мекунад, ки воқеан ба кадом барнома ниёз аст.

"Тағйироти аввал ин аст, ки маълумот дастрасту фаҳмотар мешавад. Кормандон кори худро осонтар анҷом медиҳанд ва соҳиби корхона дигар маҷбур намешавад, ки барои фаҳмидани вазъият ба ҳама занг занад", - шарҳ медиҳад ӯ.

Чанд сол пеш Фирдавс Ёрматов ба ҷавонони шаҳри Хуҷанд барои аз худ кардани касбе кумак мекард, ки худаш замоне онро бо душворӣ омӯхта буд.

Имрӯз дастаи ӯ экосистемаи рақамии дорои абзорҳои зеҳни сунъиро таҳия мекунад, моделҳои маҷозии амволи ғайриманқулро месозад ва дар бозори кишвари ҳамсоя низ фаъолият дорад.

Миқёси вазифаҳое, ки ӯ ҳал мекунад, ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Аммо аз тарзи нақл кардани Фирдавс дар бораи лоиҳаҳояш бармеояд, ки муносибати ӯ ба технология ҳамоно тағйир наёфтааст.

Замоне барномасозӣ ба ӯ имконият дод, ки зиндагии худро тағйир диҳад. Вай ҳоло мекӯшад абзорҳоеро таҳия кунад, ки метавонанд тарзи маъмулии кори дигаронро низ дигаргун созанд.

Шояд маҳаки асосии достони ӯ маҳз дар ин аст: аз инсоне, ки дар ҷустуҷӯи имконияти омӯзиши барномасозӣ буд, то соҳибкоре, ки имрӯз дар Тоҷикистон худаш технологияҳои нав таҳия мекунад.

236 просмотра

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ