fbpx

Аз Путину Си Ҷинпин то Байдену Жапаров. Номаҳои шодбошии роҳбарони давлатҳо

Роҳбарони давлатҳо аз рушди ҳамкориҳо изҳори умедворӣ карданд.


0
Номаҳои шодбошии роҳбарони давлатҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон
Коллаж

Аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ба унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти роҳбари давлат.

Паёми шодбошии Владимир Путин

Путин дар паёми шодбошии худ гуфтааст, муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бар пояи усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бунёд ёфтаанд.

“Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Русия ва Тоҷикистон комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони дӯсти мо буда, ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад”,- таъкид намудааст ӯ.

Паёми шодбошии Си Ҷинпин роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин

Си Ҷинпин дар пёми шодбошии худ аз рушди муносибатҳои дуҷониба ва эълони бунёди Ҷомеаи сарнавишти муштарак байни Чину Тоҷикистон дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, якдилӣ ва манфиати мутақобила ёдовар шудааст.

“Ба кишвари дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву пешрафт, ба мардуми он саодату некуаҳволӣ хоҳонам”,- гуфтааст Си Ҷинпин.

Паёми шодбошии президенти ИМА Ҷозеф Байден

Байден вусъат ёфтани ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм таъкид кардааст. Ӯ ҳамчунин қайд намудааст, ИМА пешсафии Тоҷикистонро дар соҳаи иқлим, аз ҷумла кори Эмомалӣ Раҳмонро барои пешрафти таъмини амнияти обӣ, ки барои бехатарӣ ва инкишофи одамон дар ҳама ҷо масъалаи муҳим мебошад, дастгирӣ мекунад.

“Дар давоми соли оянда ман умедворам, ки робитаҳо байни халқҳои мо боз ҳам таҳким меёбанд ва мо барои амалӣ намудани афзалиятҳои муштаракамон якҷо кор хоҳем кард. Ман ба Шумо иди миллии хурраму хурсандиоварро таманно дорам”,- иброз доштааст Байден.

Ҳамчунин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Қирғизистон Содир Жапаров, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев,  президенти Фаронса Эммануэл Макрон, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, президенти ҶИ Покистон Ориф Алвӣ, Императори Ҷопон Нарухито ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошӣ ирсол намудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend