fbpx

Аз пайи орзуҳо то Малайзияву Қатар. Чӣ тавр ҷуфти омӯзгори тоҷик дар мактабҳои бонуфузи хориҷӣ дарс медиҳад

Зокир дар QSTSS аз фанни физика дарс медиҳад, ҳамсараш - Шаҳло дар ширкатҳои сайёҳии Доҳа роҳбалад аст ва аз моҳи сентябр ба фаъолияти омӯзгорӣ бозмегардад.


32
32 points
Акси оилавии Шаҳло ва Зокир бо фарзандонашон. Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамонони мақола дастрас гардид

Тӯли 6 сол мешавад, ки оилаи Абдураҳмоновҳо дар Давлати Қатар кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамсарон Зокир ва Шаҳло ҳарду омӯзгор буда, марди оила дар Мактаби миёнаи илм ва технологияи Қатар барои писарон (QSTSS) дар шаҳри Доҳа кор мекунад. Завҷааш бошад, омӯзгори забони англисист.

Ҷуфти омӯзгори ҷавони тоҷик ба муаллифи Your.tj аз кору зиндагӣ дар Қатар, махсусиятҳои таҳсил, фаъолият ва ҳаёт дар хориҷа, муваффақиятҳояшон дар самти илм ва комёбиҳои фарзандашон қисса намуданд.

Чаро омӯзгорон ба Қатар рафтанд?

Зану шавҳар то соли 2018 дар яке аз мактабҳои байналмилалии Малайзия ба ҳайси омӯзгор кор мекарданд. Зокир аз фанни физика, Шаҳло бошад аз забони англисӣ ба толибилмон дарс мегуфтанд. Рӯзе ба саҳифаи Linkedin-и Зокир маъмурияти мактаби QSTSS (Qatar Science and Technology Secondary School for Boys) – Мактаби миёнаи илм ва технологияи Қатар барои писарон бо пешниҳоди кор паём мефиристанд.

“Дар Малайзия ҷойи кор ва шароити зиндагиамон хеле хуб буд. Бо ҳамсарам дар як мактаб кор мекардем. Пешниҳоди кор дар мактаби тибқи барномаи STEM таълимдиҳанда ба ман писанд омад ва он пешниҳодро қабул намудам”,- шарҳ дод Зокир.

Ҳамсуҳбатони мо пас аз суҳбати онлайнӣ бо намояндаи мактаби Қатар ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо оилавӣ ба шаҳри Доҳа азми сафар карданд.

Ин ҷуфти омӯзгор сабаби асосии ивази ҷойи корашонро боло бардоштани малакаи омӯзгориашон шарҳ доданд.

“Аксарият барои ивази ҷойи кор ҳатман сатҳи маошро фактори муҳим меҳисобанд. Мо ҳарду омӯзгорем, нафаре, ки омӯзгориро бо хоҳиши худ интихоб кардааст, маошро ба ҷойи аввал намегузорад”,- таъкид намуд Зокир.

Ба нақли Зокир, таърихи таъсиси мактаб ба камҳавсала будани мардони Қатар дар таҳсил дар самти илмҳои дақиқ ва технология рабт дорад. Онҳо то солҳои наздик танҳо барои таҳсил дар ихтисосҳои саноат ва иқтисоди нафт кӯшиш мекардаанд, ё ба артиш мерафтаанд. Чунки Давлати Қатар ба шаҳрвандони худ барои хидмат дар артиш маблағи калон пардохт мекунад.

Дар Қатар духтарон ба илмҳои дақиқ ва технология рағбати бештар доштаанд. Аз ин рӯ Вазорати маорифи Қатар тасмим гирифтааст, ки мактаби махсуси писаронаро дар доираи барномаи таҳсили STEM (Илмҳои технологию инженерӣ ва математикӣ) таъсис диҳад.

Аз ҳамоҳангсоз дар Тоҷикистон то омӯзгор дар Малайзияву Қатар

Зокир корро дар Тоҷикистон соли 2010 дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд оғоз кардааст. Сипас корашро дар Маркази ҳамоҳангсозии Литсей барои хонандагони болаёқати ҷумҳуриявӣ идома додааст. Баъдан, тӯли 3 сол ба ҳайси методист аз фанни физика дар Марказ фаъолият бурдааст. Дар ин муддати кӯтоҳ тавонистааст шогирдонашро ба олимпиадаи байналмилалӣ омода намояд.

Дар соли 2014 хонандагони Тоҷикистон дар таърихи истиқлолият, нахустин бор аз Олимпиадаи физика дар ҷаҳон якбора ду медали биринҷиро ба кишвар оварданд. Яке аз ҳамоҳангсозони ин олимпиада дар Тоҷикистон Зокир буд, ки он вақт ҳамагӣ ҳамагӣ 24 сол дошт.

Ҳамин тавр, Зокир барои инкишофи малакаи касбӣ, соли 2017 ҳамроҳи оилааш ба Малайзия рафт ва сипас фаъолияташро дар Қатар идома дод.

Ҳаёти нав дар Қатар

Шаҳло – ҳамсари Зокир низ баъди ба Қатар омадан бояд аз фанни забони англисӣ дарс медод, аммо натавонист. Зеро фарзанди хурдии оила – Усмон ҳанӯз кӯдаки навзод буд.

Ба гуфтаи Шаҳло, доягирӣ дар Қатар то ҳадде мушкилтар аст ва бояд тибқи қонунгузории кишвар сурат гирад. Барои ҳамин, беҳтар шуморид то ба воя расидани фарзанди хурдиаш дар хона бимонад.

Бо вуҷуди ин, Шаҳло дар рӯзҳои фориғ аз тарбияи кӯдак, ба сифати роҳбалад дар ширкатҳои сайёҳии Доҳа фаъолият мекунад. Писари хурдиаш ҳоло ба синни мактабӣ расидааст ва ӯ мақсад дорад аз моҳи сентябр ба фаъолияти омӯзгорӣ бозгардад.

“A Tajik Girl”. Чаро марди амрикоӣ дар бораи духтари тоҷик китоб навишт?

Шаҳло аз наврасӣ ният дошт, ки таҳсилашро дар Амрико идома диҳад. Солҳои пеш барномаи грантии ИМА барои хатмкунандагони мактаби миёна FLEX довталабонро баъд аз хатми синфи 9 низ қабул мекард.

Ҳамсуҳбати мо давоми се сол пайиҳам дар имтиҳони FLEX иштирок кард. Кӯшишҳои ду соли аввал бенатиҷа анҷом ёфт. Соли сеюм, яъне дар соли 2007 сарбаландона барои таҳсил дар синфи 12-уми мактаби ИМА даъватнома гирифт. Ҳамин тавр, ба Иёлоти Калифорнияи Амрико рафт.

Шаҳлоро оилаи пиронсоли Марк ва Кристи Тилченҳо аз Иёлоти Калифорния ба фарзандхонӣ қабул карданд.

Оилаи амрикоии Шаҳло

Барномаи FLEX ба Шаҳло на танҳо имконияти таҳсил, балки шароити саёҳатро низ фароҳам овард. Ӯ дар фаъолияти волонтёрӣ яке аз пешқадамон буд. Ба ин хотир мутасаддиёни барнома вайро ба таври ройгон барои конфронс ба шаҳри Орландои иёлоти Флорида фиристоданд. Инчунин, ҳамроҳи волидони амрикоиаш даҳ иёлоти Амрикоро сайр намуд.

Шаҳло ба ёд меорад, ки падархонди амрикоиаш Марк Тилчен ҳар кори ба назараш ҷолибнамудаи Шаҳлоро дар дафтарчаи ҳамроҳаш навишта мегирифт. Ҳатто акси ин тоҷикдухтар ҳамеша дар ҳамёни ӯ буд. Тилчен аз рӯзҳои аввали шиносоӣ бо Шаҳло ба ӯ меҳр гузошт ва ният кард, ки дар борааш асаре нависад.

Соли 2021, баъд аз сездаҳ соли баргаштани Шаҳло аз ИМА, Марк Тилчен асари худро бо номи “A Tajik Girl” (Духтари тоҷик) нашр кард. Дар муқоваи китоб ҳамон аксеро гузошт, ки солҳо боз дар ҳамёнаш нигоҳ медорад.

Қаҳрамони асосии асар Шаҳло буда, муаллиф бо василаи нақл аз кору рафтори яксолаи духтари тоҷик дар хонаи ӯ ва маълумотҳои аз ӯ гирифтааш дар бораи тоҷикон, кӯшиш намудааст, ки фарҳангу одатҳои тоҷикону мардуми Тоҷикистонро инъикос намояд. Китоби “A Tajik Girl” ҳоло дар сомонаи тиҷоратии “Amazon” дар фурӯш аст.

“Мо бо оилаи Тилченҳо то имрӯз дар тамос ҳастем. Ҷаноби Марк мегӯяд, ки акси ту то ҳол дар ҳамёнам, дохили кисаи болои дилам аст”,- нақл кард бо ифтихор ва эҳсосот духтари тоҷик.

Нияти таҳсил дар самти тиб дар ИМА

Шаҳло баъди хатми мактаби амрикоӣ ният дошт, ки барои идомаи таҳсил дар самти тиб ба ИМА баргардад. Аммо аҳли оилаи ӯ нахостанд, ки духтари ягонаашон дар хориҷа бимонад ва даҳ соли умрашро пурра сарфи таҳсил кунад.

Ҳамин тавр, Шаҳло соли 2008 донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардид.

Ӯ мегӯяд, аз дахолати волидон дар интихоби касб розӣ аст. Зеро Шаҳло кӯдакон ва дар мактаб кор карданро дӯст медорад. Агар таҳсилашро дар ИМА идома медод, шояд ҳамсафари ҳаёташ – Зокир наметавонист Шаҳлоро пайдо кунад.

Таҳсили Зокир дар Туркия

Зокир дар шаҳри Турсунзода, дар оилаи инженер ба воя расидааст. Ӯ аз даврони наврасӣ ба фанни физика завқи зиёд дошт. Дар синфи 10 ба қароре омад, ки баъди хатми литсей дар факултети физика таҳсил мегирад ва омӯзгори ин фан мешавад.

Соли 2006 Зокир барои супоридани имтиҳони дохилшавии “YÖS”-и Туркия, ба шаҳри Бишкек рафт. Он солҳо ин имтиҳон дар Душанбе баргузор намегардид. Зокир бо гирифтани яке аз баллҳои баландтарин ба факултети физикаи донишгоҳи Анқара – Middle East Technical University дохил шуд.

Зокир (аз чап якум) дар давраи донишҷӯӣ

Ҳамсуҳбати мо ин донишгоҳро ба ҳайрат тасвир мекунад. Ба гуфтаи ӯ, масоҳати он хеле калон буда, барои аз як факултет ба дигар факултет рафтан аз автобус истифода мекунанд. Китобхонаи донишгоҳ низ ниҳоят бузург буда, зиёда аз миллион шумора китоб дошт.

Ӯ бо дониши баланди худ тавонист, ки барномаи чорсолаи донишгоҳро дар се сол ба анҷом расонад ва дипломашро гирифта Ватан баргардад.

Зокир соли 2023 аз донишгоҳи Ливерпул (Liverpool John Moores University) дипломи дараҷаи магистриро ба даст овардааст.

Зокир: “Зиндагиям монанди зиндагии Мирзо Турсунзода аст”

Соли 2010 Зокир баъд аз хатми донишгоҳ, дар “Литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии шаҳри Хуҷанд” нахустин бор ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ кард. Дар литсей бо Шаҳлои таҷрибаомӯз шинос шуд.

“Ман зиндагии худро ба роҳи зиндагии Мирзо Турсунзода шабеҳ мекунам. Ӯ бо нияти кор аз Регар ба Хуҷанд рафту аз он ҷо оиладор шуд, ман низ ҳамчунин. Ними умри Турсунзода дар сафар гузашт, ман ҳам солҳост, ки дар берун аз кишварам”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Ба нақли Зокиру Шаҳло, волидони ҳардуяшон ба издивоҷи онҳо дар аввал зид буданд. Вале баъдан аз баҳонаи дурии роҳ гузашта, дар Регару (Турсунзода) Хуҷанд оши тӯй доданд.

Чун аз ҷиҳати касбият, фикрронӣ ба ҳамдигар мувофиқ буданд ва якдигарфаҳмӣ дар миёнашон вуҷуд дошт, ба қароре омаданд, ки бо фотиҳаи сафеди волидайн оиладор шаванд.

Аввалин тоҷикистонӣ дар Маркази аврупоии тадқиқоти ядроии CERN

Зокир аввалин тоҷикистониест, ки барои дидани коллайдери Маркази аврупоии тадқиқоти ядроии CERN (Созмони аврупоӣ оид ба тадқиқоти ядроӣ) даъват шудааст. Ин макон барои физикони ҷаҳон хеле муҳим аст. Зеро он бузургтарин маркази тадқиқоти ядроӣ мебошад.

Зокир дар CERN

Қаҳрамони мо, соли 2020 ба ҳамоиши омӯзгорони физикаи мактабҳои миёнаи ҷаҳон тариқи барномаи интихобӣ ба шаҳри Женева даъват гардид. Ба сабаби пандемия ҷамъомад ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд. Зокир дар ин ҷамъомад ҳамчун намояндаи Тоҷикистон иштирок кард ва ба унвони Сафири илмии CERN муяссар гардид.

“Вақте ҷамъомад шуруъ шуд, мутасаддиён гуфтанд, ки як эълон доранд. Ба ин ташкилоти бонуфуз кишвари моро ворид карданд ва ба таври тантанавӣ дар харитаи Маркази тадқиқотӣ номи Тоҷикистон нахустин бор бо ранги сурх намоён шуд. Воқеан бароям боиси ифтихор буд, ки сабабгори дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани Тоҷикистон шудам”,- гуфт Зокир бо ифтихор.

Зокир аз даврони кӯдакӣ машғули шоҳмотбозӣ низ аст. Дар овони таҳсил дар литсей ва донишҷӯӣ дар чандин озмунҳои шоҳмот ғолиб шудааст. Ӯ ҳоло шоҳмотро дар байни шогирдони қатариаш низ таблиғ мекунад. Вай андеша дорад, ки он ба рушди тафаккури стратегӣ ва зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Чӣ тавр метавон дар хориҷа муваффақ шуд?

Ба гуфтаи Шаҳло ва Зокир, пеш аз ҳама шахсе, ки барои кор ба хориҷи кишвар меравад, агар диплом дошта бошад дарёфти ҷойи кор барояш осон мешавад ва маошаш ҳам баландтар.

Дуюм ин ки барои пайдо кардани ҷойи кори қулай бо маоши баланд, донишгоҳи таҳсилкардаи корҷӯ бояд дар рӯйхати барномаҳои WHED ва WES бошад. Хушбахтона чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин рӯйхат мавҷуданд.

“Бештари ҷавонони имрӯз мехоҳанд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кунанд. Аммо баъзе донишгоҳҳо онҳоро тариқи грант қабул кардан намехоҳанд. Зеро дар аттестат ё дипломашон баҳои аъло хеле кам аст”,- шарҳ доданд ҳамсуҳбатони мо.

Ба гуфтаи Зокир дуруст аст, ки донишу таҷриба дар мадди аввал аст, вале набояд фаромӯш кард, ки бюрократия дар ҳама ҷо ба шакле вуҷуд дорад. Барои таҳсили ройгон дар дигар мамлакатҳо бояд натиҷаи GPA-и таҳсил баланд бошад, афзуд ӯ.

Кӯдаки донои тоҷик дар Қатар

Умар – фарзанди калонии Шаҳло ва Зокир ду сол боз пайиҳам барандаи мақоми аввали озмуни барномасозони сатҳи ҷумҳуриявии мактабҳои Нютонии Қатар мегардад. Ӯ бештар ба роботсозӣ ва барномарезӣ завқманд аст. То имрӯз чанде аз роботҳои сохтаи худро барномарезӣ кардааст.

Инчунин, Умар аз дусолагиаш бо мутаҳид кардани рангҳои бозичаи кубик-рубик машғул аст. Ӯ ҳоло метавонад дар 60 сония бо як даст рангҳои кубик-рубикро мутаҳид намояд. Яке аз роботҳои ӯ барои мувофиқоварии кубик-рубик махсус гардонида шудааст.

“Мо диққат мекунем, ки фарзандонамон асосан ба чӣ завқу қобилият доранд. Умар ба барномасозӣ завқ ва ҳам қобилият дорад, ӯро пайваста дастгирӣ мекунем,- гуфт Шаҳло.

Зокир ба хотир меорад, ки дар соли мавҷи сеюми пандемия, яъне соли 2022 барои роботсозиро худомӯзӣ кардан якчанд техникаҳоро аз мактаб ба хона овард. Вақте Зокир ба роботсозӣ шуруъ кард, Умар бозавқ ба кори падараш менигарист. Сипас падару писар якҷо ба роботсозию барномарезии он шуруъ карданд. Ба гуфтаи Зокир, роботро дар муддати се рӯз сохтанд.

“Ду соат бо Умар кӯшиш кардем, ки роботро барномарезӣ намоем. Ман хаста шудам, дигар рӯз идома медиҳем гуфтаму аз утоқи корӣ баромадам. Баъди як соати баргашта дидам, ки Умари 8 сола тариқи забони барномаи Python роботро мустақилона барномарезӣ кардааст”,- аз муваффақияти нахустини писараш нақл кард Зокир.

Умар дар сомонаи иҷтимоии YouTube зери унвони “Ululu” канал дорад.

Волидонаш мегӯянд, барои як фардро ҳамчун шахси ояндасоз муаррифӣ кардан се фактори асосӣ мавҷуд будааст: ирсият, таълим ва фазои зиндагӣ.

Ба андешаи онҳо, барои кашфи истеъдоди воқеӣ кӯдакон бояд ба мактабҳои махсус раванд.

“Дар Тоҷикистон чунин мактабҳо ройгон нест, аз ин рӯ на ҳамаи соҳибистеъдодон шароити таҳсил дар онҳоро доранд”,- изҳори таассуф кард Шаҳло.

Зокир ва Шаҳло агарчи дур аз Ватананд, аммо пайваста дар фикри рушди зеҳнии наврасони меҳананд. Онҳо мехоҳанд, ки дер ё зуд ба Тоҷикистон баргашта, таҷрибаҳои худро ба дигарон омӯзонанд.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

32
32 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
23
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
27
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
11
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
10
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend