“Аз пахтачинӣ бармегаштанд”. Садамаи як “Портер” бо хонандагони мактаб дар Суғд

Дар натиҷаи як садама рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанд хонандаи як мактаб захм бардоштаанд.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ ҳодиса дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Комронбек” дар ҷамоати Ёва рух додааст ва он рӯз мошини “Портер” хонандагони мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Болоро аз пахтачинӣ меовард.

Манбаъ меафзояд, мақомот ба тафтиши ин тасодуф ё садамаи нақлиётӣ оғоз кардаанд.

Ба иттилои як манбаи Озодӣ аз мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, ки се хонанда – ду духтар ва як писар ҷароҳати сахт бардошта, муолиҷа мегиранд. Онҳо то 15-сола ҳастанд ва ба ин сабаб ному насабашон ифшо карда нашудааст.

Аммо сокинони деҳаи Боғи Боло гуфтаанд, теъдоди наврасони осебдида бештар аст ва аксари онҳоро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд бурдаанд. Ин гуфтаҳоро як пизишки беморхона низ ба шарти фош нашудани номаш тасдиқ карда гуфтааст, он рӯз 13 наврасро бурдаанд ва аксарият баъди муоинаву табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Манбаъ аз мақомот гуфтааст, бар зидди ронанда барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ парванда боз мешавад.

Омӯзгорони мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Боло гуфтаанд, хонандагонро барои ёрӣ ба деҳқонон бурда буданд, то ҳосили пахта дар сармо ҳайф нашавад. Ҳангоми бозгашт садама рух додааст.

Сокинони деҳа дар суҳбат ба Озодӣ гуфтаанд, кӯдаконро чанд вақти охир ба пахтачинӣ мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки ба пахтачинӣ фиристодани хонандагони мактаб дар Тоҷикистон чанд сол пеш расман манъ шуда буд.

Skip to toolbar