“Аз Ҷорӯбак”. Олимони тоҷик доруи зидди коронавирус ихтироъ карданд

Айни замон дору барои дарёфти патент аз қайд гузашта истодааст


Гиёҳи шифобахши ҷорӯбак Акс аз манбаҳои боз

Олимони тоҷик бар зидди коронавирус доруе омода намуданд, ки он аз гиёҳи шифобахши “Ҷорӯбак” таҳия шудааст, хабар дод Фарҳод Раҳимӣ,  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти маотбуотӣ, ки имрӯз, 29 июл дар Душанбе баргузор гардид.

Раҳимӣ гуфт, ки айни замон дору аз қайд гузашта истодааст ва пас аз ба анҷом расидани бақайдгирӣ ва дарёфти патент ба ҷомеа оиди ин дору маълумоти бештар ироа мегардад.

“Ҳозир танҳо гуфта метавонам, ки дору бар асоси гиёҳи “Ҷорӯбак” тайёр шудааст. Он ҳароратро поин фароварда, муолиҷаи шушро осон мекунад”, – Раҳимӣ чунин гуфт ва аз тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Раҳимӣ инчунин хабар дод, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусологӣ кушода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин озмоишгоҳи муосир аст, ки бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз шудааст. Он ба харҷи 40 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

«Озмоишгоҳи вирусологӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ин бузургтарин озмоишгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Барои омода кардани мутахассисон барои ин озмоишгоҳ мо ҳамкориро бо Академияи илмҳои Беларус оғоз кардем », – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 15 нафар мутахассиси тоҷик дар Минск таҷрибаомӯзиро гузашта истодаанд ва ба зудӣ ба ватан бармегарданд.