fbpx

Аз омадани низомиёни гурезаи афғон ба Тоҷикистон то зиёд шудани парвозҳои мустақим бо Русия. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points

Аз 27-уми август Русия парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро зиёд мекунад

Расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди  мубориза бо коронавирус дар Русия хабар медиҳанд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Вале дар Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло чизе маълум нест.

Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳои мустақими Русия бо Маҷористон, Кипр, Қирғизистон ва Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло чизе маълум нест. “Мо ягон огоҳӣ нагирифтаем. То ҳол мактуби расмӣ ҳам равон накардаанд”,- гуфтанд аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс“.

Ба гуфтаи манбаъ, дар чунин мавридҳо, Русия бояд онҳоро ба василаи мактуб огоҳ кунад.

Агентии нафақаи ҶТ: нукоти баҳсии шартномаи нафақаи муҳоҷирон бо Русия бартараф шуд

Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран миёни ин ниҳод ва идораи нафақаи Русия видеоконфронсе баргузор шуд ва нукоти баҳсноки шартномаи нафақаи миёни ду кишвар бартараф гардид .

Давлатзода дар як суҳбат бо нашрияи порлумонии “Садои мардум” гуфтааст, ки пас аз бартараф шудани нукоти баҳсӣ созишнома ба баррасии ҳукуматҳои ду кишвар ирсол шуд ва интизор меравад дар вохӯрии навбатии сарони ду кишвар ин санад ба имзо расад.

Дар сурати ба имзо расидани ин созишнома муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳоло дар Русия ба таври расмӣ кор мекунанд, дар сурати бознишаста шудан аз нафақа дар Тоҷикистон бархурдор хоҳанд шуд.

Зиёда аз 30 муҳоҷири тоҷик аз Санкт-Петербург ронда мешаванд 

Хадамоти муҳоҷирати Русия хабар дод, ки 33 шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштан дар занозании дастҷамъона аз Санкт-Петербург ихроҷ мешаванд.

Намояндаи расмии ҳукумати шаҳр ба расонаҳо гуфтааст, ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар занозанӣ бо чеченҳо дар ноҳияи Невскийии шаҳр дар охири моҳи июл аз Русия ронда мешаванд.

“Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд”, — гуфтаст раиси кумитаи равобити байнулмилалӣ ва иҷрои сиёсти муҳоҷират дар ҳукумати шаҳр, Олег Капитанов.

Ба навиштаи сомонаи расмии ҳукумати шаҳр, дар занозании охири моҳи июл 40 нафар ширкат карда, дар робита ба он 140 нафар боздошт шуд ва 74 санади маъмурӣ таҳия гашт.

Беш аз 140 низомии афғон бо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистон омадаанд

143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон поин омадаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд, манобеъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16-уми август ба Озодӣ гуфтанд, ки низомиёни фирориро дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар Бохтар ҷой карданд.

Ба қавли ӯ, низомиён бо се ҳавопаймо ва ду чархбол дар фурудгоҳи Бохтар поин шуда, аз онҳо 55 силоҳи гуногун гирифта шудааст. Тафсилоти аз ин бештар дастрас нест.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бе пешниҳоди ҷузъиёт ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки “тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба низомиёни афғон иҷоза дода шуд, то дар фурудгоҳи Бохтар поин оянд”.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ: “Ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон наомадааст”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз расонаҳои дохилӣ дар такя ба манобеи худ дар ин бора хабар дода буданд, ки гӯё Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба кишвари сеюм рафтааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфта мешавад, ки  “ҳавопаймои ҳомили  ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.  Ҳамчунин таъкид  мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend