fbpx

Аз ҳофизи хиёбонӣ то сабти клипи нахустин

Чӣ тавр Ғайратбек Исрофилов бо сурудаҳояш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва нахустин клипаш ба навор гирифта шуд?


0

Ғайратбек Исрофилов сарояндаи касбӣ нест, вале мухлисони зиёд дорад. Ӯро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он дар Ӯзбекистону Русия низ мешиносанд ва пайваста гӯш мекунанд.

Махсусан, баъди паҳн шудани як навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сабти клипи нахустинаш бо суруди “Зиндагӣ аз ман рабуда”-и Кароматулло Қурбон ҳаводоронаш зиёд шуданд ва зиндагии ӯ куллан тағйир ёфт.

Дар суҳбат ба муаллифи Your.tj Ғайратбек аз зиндагӣ ва истеъдоди худододаш нақл кард.

“Шод шудам, ки маро ҳам мешунидаанд”

Қаҳрамони мо одатан дар бозору хиёбонҳои шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ва Узбекистон месароид ва диққати роҳгузаронро ҷалб мекард. Инчунин, баъзан ба тӯю маъракаҳо ҳам даъват мешуд.

“Рӯзе дар бозори “Сиёҳ”-и шаҳри Самарқанд суруд мехондам, як нафар маро ба тӯяш даъват кард. Тӯй дар шаҳри Марғилон буд ва вақте саҳна баромадам наздам мардуми бисёр ҷамъ омаданд ва чанд суруд хоҳиш карданд, ки сароям. Ростӣ, хеле дар ҳайрат мондам, ки воқеан маро шунидаанд”,- ба хотир овард ҳамсуҳбати мо.

Нахустин суруда

Ин сарояндаи хиёбонӣ дар оилаи санъаткор ба дунё омада, аз 13-солаги суруд месароид ва мухлиси ашаддии шодравон Кароматуллои Қурбон ва Аҳмади Зоҳир аст.

Бо падари санъаткораш – Хӯҷамқул Исрофилов дар тӯю маъракаҳои мардум сурудхонӣ мекунад. Зодаи шаҳри Панҷакент деҳаи Косатарош аст. Ҳоло оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Бино ба нақли ӯ, бори аввал суруди “Писар рав қадри модар дон, ки доим”-ро аз устоди санъат Ҷурабек Муродов дар тӯйи хешовандон ҳамроҳи падараш сароидааст.

Мардум хеле хуш пазируфтанд ва минбаъд дар маъракаҳо падарро бо писар даъват мекарданд. Ин истеъдодаш ӯро аз шаҳри Панҷакент то Душанбе ва аз пойтахт то дигар шаҳру навоҳии Хатлону Суғд бурд.

“Барои санъаткори асил истеъдод дар ҷои аввал аст, чунки роҳи санъат хеле душвор асту на ҳама дар он муваффақ мегардад. Агар сароянда сурудашро худаш дарк карда аз он ҳаловат барад, пас шунаванда низ пайдо мекунад. Санъаткор шудан осон нест ва ман барои фарзандонам ҳам тавсия намекунам”,- мегӯяд Ғайратбек.

Ин истеъдоди паси парда зиёда аз 100 суруд бо оҳангаш бештар дар жанрҳои классикӣ омода кардааст. Бештар дар васфи модару падар, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, садоқату хиёнат сурудааст. Аз ашъори шоирони тоҷик Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва дигарон низ суруд омода кардааст.

“Аз байни сурудаҳоям суруди “Модар” бароям басо писанд аст, чунки модар дар ҳақиқат бузург аст ва дӯсти бегумони фарзандон мебошад. Дар оила мо чор фарзанд (ҳама писар) ҳастем. Ман нахустфарзанди волидайн мебошам ва доимо дар бари модарам ҳастам”,- илова намуд ӯ.

Аз ҳофизи хиёбонӣ то сабти клипи нахустин

Баъди хатми синфи 9 дар мактаби миёнаи зодгоҳаш ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Вале бо сабаби шароити танги зиндагӣ тарки таҳсил кард ва ба кӯчаву бозорҳо баромад.

Дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору чойхонаҳо аз сурудҳои Кароматулло Қурбон, Субҳон Саид, Аҳмад Зоҳир барои мардум замзама мекард ва бо ин васила зиндагиашро пеш мебурд.

Ғайратбек Исрофилов дар Панҷакент ба ҷуз санъаткорӣ, мардикорӣ, деҳқонӣ, пешхизматӣ кардааст. Дар замини наздиҳавлигӣ бо киштукор ҳам кардааст. Аммо ҳунари овозхонӣ ӯро ба гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он бурд.

Баъди сабти навори тасодуфӣ ва паҳн шудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёти Ғайратбек куллан тағйир ёфт.

Мухлисонаш бештар шуда, бо дастгирии бе воситаи ҳофизи шинохта Рустам Азимӣ, ки қаблан дар давраи донишҷӯиаш бо Ғайратбек шиносоӣ дошт, нахустклипаш бо суруди “Зиндагӣ аз ман рабуда”-и Кароматулло Қурбон сабт шуд ва пешкаши ҳаводоронаш гашт.

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, лаҳзае аз ҳаёти муқарарии Ғайратбек буд. Қаҳрамони мо мегӯяд, ин наворро зане, ки хешованди шодравон Кароматуллои Қурбон будааст, тасодуфан ҳангоми харид дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе сабт мекунад ва бо иҷозати ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад.

“Баъди ин навор хеле зангҳо зиёд шуд. Ҳатто аз шаҳрҳои Русия тамос гирифтанд. Акнун дар нақша дорем бо дастгирии коргузорон як консерт барои муҳоҷирони корӣ дар Русия барпо намоям”,- афзуд Ғайратбек.

Ба ғайр аз ин, чун нахустин ҷои кораш дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва чойхонаҳои он буд, ният дорад аввалин консерти худро ба таври зинда дар шаҳри Хуҷанд ройгон баргузор намояд.

Мадина Почоева


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend